logo

маориф

ТАҲСИЛИ ДУХТАРОН

Кадом омилҳо ба он монеъ мешаванд?

Миёни хонаводаҳои тоҷик, бахусус оилаҳое, ки дар деҳот ба сар мебаранд,  зуҳуроти номатлубе мушоҳида мешавад, ки духтарони худро аз таҳсил дар мактабҳои олӣ канор гузошта, ҳатто бештари онҳоро баъди хатми синфи 9 аз мактаби миёна мегиранд ва ба корҳои хона масъул мекунанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки Ҳукумати кишвар ҷиҳати таҳсили духтарон шароит ва имкониятҳои зиёд фароҳам овардааст.

Бино ба маълумоти Вазорати маориф ва илм соли 2015 мактабҳои миёнаи кишварро 48 ҳазору 955 нафар духтар хатм намудаст, вале аз ин ҳисоб танҳо 14 731 нафар ба мактабҳои олӣ дохил шудаанд.
 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи таҳсили духтарон, бахусус духтарони деҳотро пайваста таъкид мекунад. Таъсиси квотаи президентӣ барои духтарони деҳоти дурдаст, стипендияи президентӣ, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ғамхориҳои Сарвари давлат дар ҳаққи  занону духтарон маҳсуб меёбад.
Кӣ ва ё чӣ сабаби аз таҳсил дур мондани духтарон мегардад?
М. Миратулло, омӯзгор, оид ба ин масъала чунин ибрози андеша кард:  «Дар шароити имрӯза монеъ шудани волидон ба таҳсили духтарон ба ҷуз зоҳир кардани ҷаҳолат дигар чизе нест. Замонҳои пеш, азбаски сатҳи ҷаҳонбинии мардум танг буд, волидон намехостанд, ки духтарон соҳибмаълумот шаванд. Ба назари одамони пеш вақте зан соҳиби илм мешавад, шавҳари худро нофармонӣ мекунад. Вале замона собит кард, ки зани бомаърифат дорои ҳама хислатҳои неки инсонӣ, бахусус муносибати самимӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ бо шавҳари худ аст».
Низорамоҳ, омӯзгори яке аз коллеҷҳои тиббии вилояти Хатлон, бар ин назар аст:  «Фикр мекунам, волидоне, ки ба таҳсили духтарони худ иҷозат намедиҳанд, ба онҳо  бовар надоранд. Духтарони деҳот, ки то хатми мактаби миёна аз чашми падару модар дур нашудаанд, вақти ба донишгоҳ шомил шуданашон аҳли оила изҳори нигаронӣ мекунанд».
Ба қавли Низорамоҳ, омили дигаре, ки сабаби аз таҳсил дур мондани духтарон мегардад, вазъияти молиявӣ мебошад. Яъне, оилаҳои тоҷик, ки аксарият серфарзанданд, барои хонондани ҳамаи онҳо имкон намеёбанд.
Дар воқеъ, чанд сол пеш дохил шудан ба мактабҳои олӣ то ҳадде аз ҷиҳати молиявӣ мушкил буд. Вале Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамаи инро ба инобат гирифта, қонунеро рӯи кор овард, ки довталабон зимни шомил шудан ба донишгоҳҳо имтиҳонҳоро тариқи Маркази миллии тестӣ супоранд. Ин иқдоми некро, ки ҳадаф аз он решакан намудани фасод аст, аҳли ҷомеа тарафдорӣ карда, аз он хушнуд шуданд,  ки фарзандонашон имкон пайдо мекунанд то бо дониши худ, ройгон ба мактабҳои олӣ дохил шаванд.
Зулфия Шарифова, сокини ноҳияи Данғара, духтараш Меҳрубон, ки соли гузашта ба донишгоҳ ройгон дохил шуд, чунин гуфт: «Ростӣ, нияти ба донишгоҳ дохил кардани духтарамро надоштам, зеро шароит каме вазнин буд. Мақсад доштам ӯро ба шавҳар диҳам, вале тақдираш баландӣ карду тариқи Маркази миллии тестӣ, бе дастгирии мо ба Донишгоҳи давлатии Данғара қабул шуд».
Таҳсили духтарон оянда чӣ хубӣ дошта метавонад ва занони соҳибкасб то кадом ҳад дар зиндагии оилавӣ хушбахтанд?
 Ба қавли Низорамоҳ, аввалин манфиате, ки духтарони таҳсилдида дар зиндагии оилавӣ мебинанд, тарбияи дурусти фарзандон аст. Илова бар ин, занҳое, ки соҳиби илму маърифат ва касбу ҳунаранд дар тарбияи кӯдакон ва пешбурди зиндагии оилавӣ пешсафанд. Дар иловаи сухани худ,  ӯ қайд кард, ки агар зани таҳсилдида шавҳари соҳибилму ҳунарманд дошта бошад, зиндагии онҳо, бешубҳа, хуб хоҳад буд.
Коршиносон сабабҳои ба муҳоҷират рӯ овардани занону духтаронро низ ба надоштани маълумоти олӣ, касбу ҳунар вобаста медонанд.
Аз ин рӯ, волидон бояд дар тақдири ояндаи фарзандон ба хатоӣ роҳ надиҳанд. Зеро як хато метавонад дар зиндагии ояндаи фарзандон душвориҳои зиёд эҷод  кунад.
 Лашкар ШАРИФ,
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.03.2016    №: 48    Мутолиа карданд: 1337
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед