logo

номаҳо

ҚООНИРО БИХОНЕМ Ё НЕ?!

Дар саҳифаи 221 – и китоби дарсии «Адабиёти тоҷик» барои синфи 10, ки дар КВД «Комбинати полиграфии шаҳри Душанбе», соли 2014 нашр гардидааст, муаллифон У. Тоиров, М. Солеҳов, Р. Шарифов навиштаанд: «Сохтори ҳикояҳо низ дар ин ду асар («Парешон» -и Қоонӣ ва «Гулистон» - и Саъдии Шерозӣ – Ҷ. С.) яксон нест. Ҳикояҳои Саъдӣ хеле кӯтоҳ, пурмазмун, сертаъсиртар (аҷаб калимае сохтаанд «пуртаъсиртар»-ро истифода мекарданд, беҳтар набуд?) ва аз нигоҳи ҳунар ҳам басо ҳунармандонаву ҷолибанд.

Ин тарзи офариниш дар асари Қоонӣ нисбатан заъиф (риояи имло на шарт аст?) ва аз нигоҳи ҳунар сусттар аст. Ӯ бештар ҳикоятҳоро тӯлонӣ баён намуда, ҳадафро кашол медиҳад (кашол додани ҳадафро бори аввал мехонам).
Дар асари Саъдӣ санъати дӯстдоштаи ӯ дар баёнаш насри мусаҷҷаъ аст (чӣ ҷумлаи ғарибу парешоне), ки аз саҷъ хеле хуб кор мегирад. Ин ҳолат (воқеан ҳолат аст?) дар асари Қоонӣ каме костааст («коста шудани ҳолат») низ ғариб менамояд). Саҷъро Қоонӣ хеле зиёд ба кор мебарад, вале тӯлонию маснӯъ. Хонандаро хаста мекунад, зеро дарки маъно каме душвор мегардад».
«Бубин тафовути раҳ аз куҷост то ба куҷо». Қоонӣ, ки дар асри 19 дар Шероз чашм ба олами ҳастӣ мекушояду баъдҳо аз худ осори мондагор мегузорад, бо Саъдии Шерозӣ, адиби забардасти ҷаҳонӣ (асри 12) муқоиса карда мешавад. Ҳар адиб дар адабиёт мақом ва ҷойи худро дорад. Ба пояи «Гулистон» дар ҳама асрҳои баъдӣ ҳеҷ асаре, ки дар пайравияш навишта шудаанд, нарасидааст. Адибони пайрав низ ин мақсадро надоштанд ва низ медонистанд, ба пояи Шайх Саъдӣ наметавон расид. Бо вуҷуди ин ман ҳаргиз зиди ин қиёсот ё худ муқоиса карданҳо нестам. Аммо равост, ки шоире бузургу шуҳратёрро дар назди хонандаи синфи 10 ин қадар паст бифарорему беҳунар (нисбатан ҳам бошад) муаррифӣ бикунем? Хонанда пас аз ин Қоониро дӯст медорад ё адибе «нисбатан заъиф» мешуморад?
Ба пиндори ин ҷониб, вазифаи муаллифони китобҳои дарсии адабиёт тухми муҳаббати адабу аҳли онро дар дили хонандагон коштан аст. Агар ба ин сурат таълиф бикунанд, ба Қоонӣ ва мисли ӯ адибоне ҳеҷ кас дилбастагӣ пайдо наменамояд. Мебояд хонандаи мактаби таҳсилоти миёнаи умумиро аз донишҷӯи соҳаи филологияи тоҷики мактабҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муҳаққиқ фарқ кард.
Чанд саҳифа пештар аз ин, дақиқтараш саҳифаи 214 муаллифон навиштаанд: «Қоонӣ бо шеъргӯӣ дар овони 10-12 –солагӣ шурӯъ намуда, аз худ осори адабии арзишманде боқӣ гузоштааст». Магар мумкин аст, ки «осори адабии арзишманд» -ро ба хонандаи синфи 10 чунин муаррифӣ бинамоянд? Шояд пас аз ин гуна муаррифӣ аксар хонандагон бо шубҳаи зиёд аз худ суол бикунанд: «Қоониро бихонем ё не?!».

Ҷ.САМИЪЗОДА, шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.03.2016    №: 48    Мутолиа карданд: 7676
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед