logo

порлумон

ИТТИЛОИЯ

Дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ вобаста ба табодули ғайриқонунии асъори хориҷӣ лоиҳаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид.

Азизмуҳаммад Холмуҳаммадзода, раиси Комиссияи  Маҷлиси намояндагон оид ба назорати дастур ва ташкили кор, зимни тавзеҳи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятӣ гуфт, ки лоиҳа бо мақсади ба танзим даровардани тартиби истифодаи асъори хориҷӣ дар ҷумҳурӣ таҳия шудааст.
Мувофиқи тағйирот ба қисми якуми моддаи 286 - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нисбат ба шахсоне, ки баъди супурдани ҷаримаи маъмурӣ маротибаи дуюм даст ба мубодилаи ғайриқонунии асъори хориҷӣ мезананд, ҷарима ба андозаи аз 8000 то 14600 сомонӣ  ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати ду сол  муқаррар шудааст. Қаблан мувофиқи ин модда ҷарима ба андозаи аз 4000 то 7320 сомонӣ ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати ду сол буд. Тибқи қисми дуюми моддаи мазкур, барои мубодилаи ғайриқонунии асъори хориҷӣ ба маблағи беш аз 20 ҳазор сомонӣ  ҷарима ба андозаи аз 29200 то 43800 сомонӣ ё маҳрум сохтан аз озодӣ аз чор то шаш сол пешбинӣ гардидааст. Қаблан  ҷарима ба андозаи аз 21800  то 36480  сомонӣ ё  маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз се то панҷ сол буд.  Агар кирдори пешбиникардаи қисми дуюми модда такроран аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ба миқдори беш аз 80 ҳазор сомонӣ бошад, ҷарима ба андозаи аз 51080  то 65680 сомонӣ ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 7 то 9 сол пешбинӣ шудааст. Бояд зикр кард, ки  андозаи ҷарима қаблан аз 36480 то 58400 сомонӣ ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 5 то 8 сол буд.
 Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали раиси Бонки миллӣ, доир ба ислоҳоти низоми Бонки миллии кишвар андешаҳояшро баён намуда,  иброз дошт, ки алҳол қурби нақдии бозор аз қурби расмии Бонки миллии Тоҷикистон тақрибан 1,5 дарсад паст аст. Дар зарфи даҳ моҳ Бонки миллӣ аз онҳое, ки ба қоидаи мубодилаи асъор дуруст муносибат накарданд, 1 миллиону 659 ҳазор сомонӣ ҷарима ситондааст. Назар ба гуфтаи ӯ, 1500 нуқтаи мубодилаи асъори кишвар ба ташкилоти қарзӣ муттаҳид гардонда шудаанд. Дар иртибот ба мубодилаи асъор,  дар Бонки миллии Тоҷикистон шуъбаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон кушода шудааст.
 Насиба Содиқова, вакили Маҷлиси намояндагон, зимни  баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» гуфт, ки лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ҳангоми муомилот бо асъори хориҷӣ ва пурзӯр намудани ҷавобгарӣ барои муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ таҳия гардидааст. Мувофиқи  моддаи 541 - и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав   ҷарима ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз 2000 то 4000 сомонӣ, шахсони мансабдор аз 4000 то 8000 сомонӣ ва барои шахсони ҳуқуқӣ аз 12000  то 24000 сомонӣ бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайрокунии маъмурӣ  таъйин мегардад.

Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.03.2016    №: 50    Мутолиа карданд: 11072
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед