logo

мулоқотҳо

Байни Тоҷикистону Чин боз шаш санад ба имзо расид

4 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳайати Кумитаи марка- зии Ҳизби коммунисти Ҷумҳурии Мардумии Чинро, ки бо сарварии узви бюрои сиёсии он Ван Летсюан ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Чин баррасӣ шуданд.

-Муносибатҳо бо Чин аз афзалиятҳои муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон аст ва мо ба таҳкиму густариши минбаъдаи робитаҳо бо он манфиатдорем, - изҳор дошт зимни сӯҳбат Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон.
Аз сатҳи баланд ва пайвастагии робитаҳои сиёсӣ ва иқтисодию фарҳангии миёни ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда шуд, хусусан аз афзоиши босуръати ҳаҷми тиҷорати дуҷониба. Таъкид гардид, ки соли гузашта ҳаҷми мубодилаи молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Чин ба 1 миллиарду 250 миллион доллари ИМА баробар шуд ва дар семоҳаи якуми соли равон, сарфи назар аз таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ, нисбат ба ҳамин давраи соли 2008  84% афзоиш ёфт.
Барои таъмини афзоиши бештари робитаҳои тиҷоратӣ сохтмони як минтақаи нақлиётию тиҷоратӣ дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва таҷдиди роҳи мошингарди он то шаҳри Хоруғ зарур шумурда шуд.
Ван Летсюан изҳор дошт, ки роҳи мошингарди Қошғар-Кулма-Хоруғ-Кӯлоб-Душанбе барои Ҷумҳурии Мардумии Чин низ бисёр муҳим аст ва мо дар сохтмону азнавсозии он саҳми худро мегузорем.
Мубодилаи судманди афкор оид ба дурнамои сохтмони роҳҳои оҳану мошингарди мустақими миёни Тоҷикистону Қирғизистону Қазоқистон ва пайвастани онҳо ба шабакаҳои нақлиётии Чин аз як ҷониб ва бо Афғонистону Эрон аз сӯйи дигар сурат гирифт.
Аз омодагии ҷониби Чин ба оғози сохтмони як нерӯгоҳи барқи обӣ дар болои дарёи Хингоб ва маркази нави барқу гармидиҳӣ дар шаҳри Душанбе изҳори қаноатмандӣ  шуд.
Роҳҳои рушди ҳамкорӣ дар истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ, аз ҷумла уран ва  бунёди корхонаҳои муштараки коркарди маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон аз мавзӯъҳои муҳими сӯҳбат буд.
Мусоҳибон ҳамчунин оид ба ҳамгироиҳои Тоҷикистону Чин  дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ гуфтугӯ намуданд.
Баъди анҷоми мулоқот дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон миёни Тоҷикистону Чин 6 санади ҳамкорӣ ба имзо расид:
Созишнома миёни Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «ТВЕА»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии «Нуробод – 1»  дар дарёи Хингоби Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Созишнома миёни Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «ТВЕА»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи сохтмони маркази барқу гармидиҳӣ дар шаҳри Душанбе;
Созишнома миёни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати илм ва техникаи ноҳияи мухтори Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин;
Созишнома оид ба ҳамкорӣ миёни Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкатҳои «Байналхалқии Тачин оид ба захираҳои моддии СУАР»  ва «Сан Бао»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба сохтмони як корхонаи сементбарорӣ бо иқтидори солонаи 1 миллион тонна; Ёддошти тафоҳум дар бораи таъсиси зеркомиссия миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ноҳияи мухтори Синзян - Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин дар назди комиссияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ;
Қарордод миёни ШСХК «Барқи тоҷик» ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «ТВЕА»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи ҳаҷми иловагии корҳо доир ба сохтмони хатҳои барқии 220- киловолтаи Лолазор – Хатлон ва 500- киловолтаи Ҷануб – Шимол.
Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки имрӯз аз ҷониби ин ҳайат ба Тоҷикистон ба маблағи 1 миллиону 580 ҳазор юани чинӣ таҷҳизоти барқии офтобӣ ва фурӯзонакҳои каммасрафи барқӣ тӯҳфа гардид.
Аҳамияти санадҳои баимзорасида ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин басо пурсамару умедбахш маънидод гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки асоснокии техникию иқтисодии лоиҳаи Нерӯгоҳи барқи обии «Нуробод –1», ки иқтидори лоиҳавиаш 350 мегаватт  мебошад, омода аст ва сохтмонаш соли оянда бояд оғоз ёбад. Барои сохтмони он ҷудо гаштани 560 миллион доллар дар назар аст.
Сохтмони маркази барқу гармидиҳии ҳароратӣ дар шаҳри Душанбе, ки иқтидораш 200 мегаватт  хоҳад буд, бояд аз он ҳам пештар оғоз ёбад  ва маблағи сохтмони он 400 миллион долларро ташкил хоҳад дод.
Барои корҳои иловагии сохтмони хатҳои барқии 220- киловолтаи Лолазор - Хатлон ва 500- киловолтаи Ҷануб - Шимол боз 61 миллион доллар ҷудо мегардад.
51 миллион доллари дигар барои азнавсозии роҳи мошингарди Душанбе - Данғара ҷудо мешавад, ки он марҳилаи якуми сохтмон ва азнавсозии роҳи Душанбе-Данғара-Кӯлоб-Қалъаи Хумб-Хоруғ-Кулма-Қошғар мебошад.

Сешанбе, 9 июни  соли  2009. № 75 (21 582). Соли 85-уми нашр


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2099
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед