номаҳо
Як посух ба ду матлаб
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаҳои таҳлилии хабарнигор Сироншоҳи Диловар «Мурғимарҷонпарварӣ: мушкилиҳо садди роҳанд» ва «Ванҷ: занбӯриасалпарварӣ таҷдиди назар мехоҳад»-ро, ки дар саҳифаҳои «Ҷумҳурият» рӯзҳои 5 ва 17 феврали соли 2009 чоп шудаанд, мавриди омӯзиш қарор дод.
Гуфтан ба маврид аст, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 октябри соли 2006, № 451 «Барномаи рушди соҳаи парандапарварӣ барои солҳои 2007-2015» қабул шудааст, ки ба пешравии соҳа такони ҷиддие бахшид.
Ҳоло дар миқёси ҷумҳурӣ 20 корхонаи парандапарварӣ фаъолият дорад. Бо дастгирии бевоситаи Сардори давлат воридоти хӯрокаи омехта ба соҳаи парандапарварӣ аз пардохти боҷи гумрукӣ ва андози арзиши илова озод шуд.
Инчунин аз тарафи мутахассисон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи парандапарварӣ» таҳия гашт, ки дар он бештар ба масъалаи рушди мурғимарҷонпарварӣ дар минтақаҳои кӯҳистони ҷумҳурӣ диққат дода шудааст ва лоиҳа барои мувофиқа ва баррасӣ ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод мегардад.
Соҳаи занбӯриасалпарварӣ дар шароити кӯҳсори ҷумҳурӣ соҳаи сердаромад ба ҳисоб меравад. Ба ин мақсад бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 сентябри соли 2005, № 338 «Барномаи барқарорсозӣ ва рушди минбаъдаи соҳаи занбӯриасалпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010» қабул шудааст.
Дар асоси Барномаи мазкур соли ҷорӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ барои рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ 300 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гашт. Аз ин ҳисоб ба ноҳияи Ванҷ низ 40 оилаи занбӯр ҷудо гардид. Солҳои оянда низ барои рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ дар ноҳияи Ванҷ ва дигар минтақаҳои кӯҳистони ҷумҳурӣ ҷудо намудани миқдори муайяни оилаҳои занбӯр дар назар аст.
Қосим ҚОСИМОВ,
вазири кишоварзии Тоҷикистон
Сешанбе, 9 июни соли 2009. № 75 (21 582). Соли 85-уми нашр
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3320