номаҳо
«Соҳилсозон чун
дар ғафлатанд…»
Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи хабарнигор Ғ.Ҳалимов «Соҳилсозон чун дар ғафлатанд…»-ро, ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» 18 апрели соли 2009 дарҷ гардидааст, мавриди баррасӣ қарор дод.
Бояд зикр кард, ки мувофиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2003, рақами 581 корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба зиммаи Маркази ҷумҳуриявии ҳамоҳангсозии лоиҳаҳои рафъи оқибатҳои офатҳои табиати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шудааст.
Ёдовар мешавем, ки ташкилотҳои зертобеи Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби ҷумҳурӣ дар назди маркази мазкури Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурӣ мувофиқи шартнома ҳамчун пудратчӣ корҳои соҳилсозиро иҷро менамоянд.
Вазорат солҳои 2004-2009 дар дарёҳои Панҷ, Ёхсу ва Сурхоб ҳамчун фармоишгар корҳои соҳилмустаҳкамкуниро иҷро накардааст. Корҳои иҷрошуда дар мавзеъҳои зикргардида ба ташкилотҳои хусусӣ тааллуқ доранд.
Дар ҳолати ҷудо шудани маблағ ба ин мақсад сохторҳои вазорат тамоми имконият ва механизмҳои заруриро ҷиҳати анҷом додани корҳои соҳилсозӣ сафарбар менамоянд.
Ҳ. ИНОЯТОВ,
муовини аввали вазири
мелиоратсия ва захираҳои
оби ҷумҳурӣ
Сешанбе, 9 июни соли 2009. № 75 (21 582). Соли 85-уми нашр
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3389