номаҳо
«Гилаамон … аз
хоҷагии об аст»
Идораи давлатии хоҷагии оби Кӯлоб ба маълумоти рӯзнома мерасонад, ки шикояти Ислом Назаров –раиси ассотсиатсияи истифодабарандагони оби деҳаи Файзобод бо сарлавҳаи «Гилаамон на аз табиат, аз хоҷагии об аст» дар ҷамъомади коркунони муҳандисию техникӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ҳақиқат байни идораи давлатии хоҷагии оби Кӯлоб ва раиси хоҷагии деҳқонии «Ислом» барои таъмини обёрӣ дар асоси қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон шартномаи дутарафа баста шуда буд. Хоҷагии номбурда бояд мутобиқи шартнома ҳамасола аз соли 2005 то соли 2009 ба идораи давлатии хоҷагии оби Кӯлоб 1363 сомонӣ барои хизматрасонии оби обёрӣ пардохт менамуд. Лекин дар ҳақиқати ҳол дар давоми 4 сол ҳамагӣ 309 сомонӣ пардохт намуда, қарздор мебошад.
Оиди хушкшавии дарахтон 19 майи соли 2008-ум аз тарафи мутасаддиёни шӯъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи табиати шаҳри Кӯлоб, раёсати кишоварзии шаҳри Кӯлоб, идораи суғуртаи шаҳри Кӯлоб санад оиди дар моҳҳои декабри соли 2007 ва январи соли 2008 хунуки сахт омадани ҳаво ва аз ин сабаб хушк шудани 50 дарахти бодом, 150 адад хурмо, 8 адад анҷир, 130 адад анор, 180 адад ток, 15 адад чормағз ва 10 адад дарахти себ, ҳамагӣ 533 дарахт санад тартиб дода шудааст. Дар асоси ин санад хоҷагии деҳқонии «Ислом» (раисаш И. Назаров) аз идораи суғуртаи шаҳри Кӯлоб 970 сомонӣ барои зарари дидааш маблағ гирифтааст.
Ҳамзамон ба маълумоти шумо мерасонем, ки тақсимоти об байни истифодабарандагон ҳамчун раиси ассотсиатсияи истифодабарандагони об ба ӯҳдаи худи И. Назаров гузошта шудааст.
Таъминоти оби обёрӣ доимо дар зери назорати мутасаддиёни идораи давлатии хоҷагии оби Кӯлоб мебошад.
С. ХОЛОВ,
сардори идораи давлатии оби Кӯлоб
Сешанбе, 9 июни соли 2009. № 75 (21 582). Соли 85-уми нашр
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3154