logo

сафарҳо

ПЕШВОИ МИЛЛАТ: "ТОҶИКИСТОН БА ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ СУДМАНД ТАВАҶҶУҲИ МАХСУС ДОРАД"

16 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Абу Забӣ - пойтахти Амороти Муттаҳидаи Араб шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Валиаҳди Абу Забӣ, муовини сарфармондеҳи олии қувваҳои мусаллаҳи Амороти Муттаҳидаи Араб, Волоҳазрат Шайх Муҳаммад бин Зойид Олӣ Наҳён пешвоз гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуд.
Сипас, Фармондеҳи Горди фахрӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гузориш дод. Баъд сурудҳои миллии ҳар ду кишвар садо доданд. Ба ифтихори меҳмони олимақом тибқи муқаррароти истиқболи расмӣ аз тӯпхонаҳо шиллик парронда шуд.
Пас аз анҷоми маросими истиқболи расмӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Валиаҳди Абу Забӣ бо ҳайатҳои расмии ҳар ду кишвар шинос гаштанд. Нахуст ба Валиаҳди Абу Забӣ ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ гардид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати расмии Амороти Муттаҳидаи Араб шинос шуд.
Бо ҳамин маросими истиқболи расмии меҳмони олимақом - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон анҷом ёфт.


Баррасии масоили рушду густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Араб дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Валиаҳди Абу Забӣ, муовини сарфармондеҳи олии қувваҳои мусаллаҳи Амороти Муттаҳидаи Араб, Волоҳазрат Шайх Муҳаммад бин Зойид Олӣ Наҳён бо иштироки ҳайатҳои расмии ҳар ду ҷониб сурат гирифт.
Дар оғози мулоқот Валиаҳди Абу Забӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро барои ташрифи расмӣ ба Аморот хайрамақдам гуфт.
“Тоҷикистон ба густариши муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманд бо Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб таваҷҷуҳи махсус дорад ва дар маҷмӯъ мо аз ҳолати имрӯзаи равобити дуҷонибаи кишварҳоямон изҳори қаноатмандӣ менамоем,” - гуфт зимни мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.
Ҷонибҳо изҳори умед намуданд, ки санадҳои нави ҳамкории зимни ин сафар имзошаванда дар соҳаҳои сиёсию амният, маориф, варзиш ва саёҳат заминаи ҳуқуқии муносиботи моро мукаммал мегардонанд.
Дар ҷараёни мулоқот масоили ҷалби сармояи хориҷӣ ҷиҳати бунёди силсилаи иншооти гуногунҳаҷми гидроэнергетикӣ, такмили инфрасохтори нақлиёт бо сохтмони роҳҳои хушкигард, пулҳо, туннелҳо ва рушди истеҳсолу коркарди маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ гардиданд. Ҳамчунин доир ба густариши равобити илмию фарҳангӣ ва таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсоливу тиҷоратӣ дар соҳаҳои саноати сабуку хӯрокворӣ, коркарди сангҳои қиматбаҳою ороишӣ ва дигар масъалаҳои барои ҳар ду ҷониб судманд гуфтугӯй сурат гирифт.


Дар доираи сафари расмӣ ба Амороти Муттаҳидаи Араб Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Абу Забӣ аз Масҷиди ба номи Шайх Зойид ибн Султон Оли Наҳён боздид ба амал овард.
Дар даромадгоҳи масҷид ходимони масъул Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо эҳтироми хос истиқбол гирифта, зимни шиносоии бино меҳмони олиқадрро ҳамроҳӣ намуданд.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо нишони эҳтиром дар назди оромгоҳи Шайх Зойид, ки дар паҳлуи ҳамин масҷид ҷойгир аст, дуову фотеҳаи нек кард.
Ёдовар мешавем, ки зимни нахустин сафари расмӣ ба Амороти Муттаҳидаи Араб Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соли 1995 бо Асосгузори Аморот Шайх Зойид ибн Султон Оли Наҳён мулоқот карда буд.
Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки масҷид соли 2007 ба ифтихори Асосгузор ва якумин Президенти Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб Шайх Зойид ибн Султон Оли Наҳён сохта шудааст.


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Абу Забӣ Мудири кулли ширкати «Мубодала» Халдун Халифа Ал-Муборакро ба ҳузур пазируфт.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои рушду густариши муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистон бо Аморот ва ширкатҳои бонуфузи ин кишвар баррасӣ гардиданд.
“Мо стратегияи дарозмуддати рушди миллиро ба неруи мутахассисони соҳибтаҷрибаи дохилӣ ва мусоидати муассисаҳои бонуфузи байналмилалӣ таҳия ва қабул намудем,” - таъкид дошт зимни мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва бо боварӣ иброз намуд, ки иштироки фаъоли ширкатҳои Аморот дар татбиқи ин барнома ҷавобгӯи ҳадафҳои муштарак хоҳад буд.
Таъкид гардид, ки дар Тоҷикистон беш аз 400 барномаи гуногуни инвеститсионӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисод ва инфрасохтори иҷтимоӣ таҳия гардидааст ва барои ҷалби сармояи хориҷӣ заминаҳо бо имконияту афзалиятҳои мусоид мавҷуданд.
“Мо ҳавасманди ҳамкории шарикии дарозмуддат ба манфиати ҷонибҳо ҳастем”, - иброз дошт Мудири кулли ширкати «Мубодала» Халдун Халифа Ал-Муборак ва илова кард, ки ба наздикӣ як ҳайати бонуфузи ҳукуматӣ таҳти сарварии вазири иқтисоди Аморот барои омӯзиши имкониятҳои мавҷуда ба Тоҷикистон сафар мекунад. Баъди шиносоӣ имкон пайдо мегардад, ки барои муайян намудани самтҳои афзалиятноки ҳамкории минбаъдаи  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб барномаи махсус таҳия ва татбиқ карда шавад.
Ҷонибҳо дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои рушди ҳамкориҳоро дар бахшҳои ояндадор, аз қабили гидроэнергетика, таъсиси корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, содироти хушкмева, сабзавоти тару тоза, бунёди инфрасохтору рушди соҳаи сайёҳӣ, истифодаи пурсамари имкониятҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ, баҳрабардорӣ аз захираҳои бузурги сангҳои қиматбаҳо, металлҳои ранга, ашёи хоми стратегӣ ва дигар неъматҳои моддии Тоҷикистонро баррасӣ карданд.


Нимаи дуюми 16 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Абу Забӣ бо Мудири кулли Муассисаи хайриявии Халифа бин Зойид Олӣ Наҳён оид ба корҳои башардӯстона Муҳаммад Ҳоҷӣ Ал – Хурӣ вохӯрд.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаи ҳамкории Ҳукумати Тоҷикистон бо ниҳодҳои мухталифи Аморот баррасӣ гардид.
“Аз мулоқоти дӯстона ва созанда бо Шумо қаноатмандам ва умедворам, ки мо муколамаи неку хайрхоҳонаи худро дар Тоҷикистон бо татбиқи лоиҳаҳои гуногун идома хоҳем дод,” - иброз дошт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Муассисаи хайриявии Халифа бин Зойид Олӣ Наҳён оид ба корҳои башардӯстона, ки барои бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон ёрии  беғаразона расондааст, изҳори сипос кард.
Ҷонибҳо оид ба имконоти васеи таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳои барои тарафҳо манфиатбахш, мусоидати дӯстона ва башардӯстонаи Аморот баҳри пешрафти иқтисоди кишвари мо, истифодаи захираҳои бузурги табиӣ, илмӣ - техникӣ ва инсонии Тоҷикистон, татбиқи барномаҳои стратегии иқтисодӣ бо ҷалби сармояи ин давлати дӯст изҳори ҳавасмандӣ карданд.
Дар ҷараёни мулоқот имконоти дигари маблағгузорӣ барои амалӣ кардани лоиҳаҳои бунёди неругоҳҳои гуногуниқтидори барқи обӣ, барномаҳои рушди соҳаҳои саноати ранга, сабук ва хӯрокворӣ, сохтмон, кишоварзӣ, коммуникатсия, бонкдорӣ, рушди сайёҳӣ ва маорифу тандурустӣ низ судовар маънидод гардид.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.03.2016    №: 54    Мутолиа карданд: 13178
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед