logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маросими ифтитоҳи бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Абу Забӣ, Амороти Муттаҳидаи Араб, 17 марти соли 2016

Ҳозирони муҳтарам,
Хонумон ва ҷанобон!
Бо камоли мамнуният ҳамаи шумоёнро дар ин қитъаи хурди Тоҷикистон дар сарзамини кишвари ба мо дӯсти Амороти Муттаҳидаи Араб хайра мақдам мегӯям.
Имрӯз мо шоҳиди рӯйдоди хотирнишин – ифтитоҳи дарҳои бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб, ки Тоҷикистон онро аз ҷумлаи шарики муҳим ва боэътимоди худ дар  олами араб медонад, мебошем.
Рушду густариши муносибатҳои гуногунҷанбаи судманд бо ин кишвари  барои  мо дӯст яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии  давлати Тоҷикистон аст. Кишварҳои мо дар шароити барои Тоҷикистон нави соҳибистиқлолӣ муносибатҳои дипломатиашонро барқарор намуда, барои ҳамкориҳои васеи байнидавлатиашон заминаи мусоид  гузоштанд.
Назаре ба таърихи 20 солаи   муносибатҳои дипломатии ду кишвар нишон медиҳад, ки  ҳар ду давлат аз ибтидо ба якдигар аз нигоҳи некбинона мавқеъ гирифта, барои ташаккули ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳ як қатор иқдомҳоро амалӣ намудааст.
Бар асари саъю талошҳои муштарак ҳамёрии кишварҳои мо имрӯз дар мизони ҳамкории гуногунҷанба қарор гирифта, ҷараёни пешрафти бемайлонро касб кардааст. Ин амр, пеш аз ҳама, шаҳодати манфиатдории ҷонибҳо ба густаришу таҳкими муносибатҳои дар воқеъ ҳам дӯстонаву ҳамкории судманди дарозмуддат мебошад.
Пешбурди самарабахши онҳо дар бисёр маврид аз фаъолияти намояндагиҳои дипломатӣ вобаста аст. Сафорат ва дипломатҳо давлаташонро дар кишвари будубош муаррифӣ намуда, бо фаъолияти ҳадафмандашон барои таҳкиму тавсеаи равобити ҳасана ва ҳамкориҳои судманди онҳо заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Аз ин лиҳоз нақши кормандони риштаи дипломатӣ дар татбиқи амалии ҳамаи самтҳои  сиёсати хориҷии кишвар ва дар раванди ба роҳ мондану тавсеаи муносибатҳои дӯстии давлати худ бо кишвари иқомат ҳалкунанда аст.
 Дар ин замина басо ҳам муҳим аст, ки ҳайати дипломатӣ барои пешбурди фаъолияти  масъулиятнокаш шароити мусоиди корӣ дошта бошад. Ба ин манзур, ифтитоҳи ин бинои тибқи талаботи замон муҷаҳҳазонидашудаи  Сафорати Тоҷикистонро рӯйдоди хотирмон дар таърихи  муосири дипломатияи тоҷик гуфтан мумкин аст.
 Бовар дорам, ки  сафорати мо дар Абу Забӣ ҷиҳати иҷрои нияту нақшаҳои таҳкиму тавсеаи робитаҳои дӯстиву ҳамкориҳои мутақобилан муфиди байни ду кишвари дӯст дар минбаъда ҳам заҳматҳои пайгиронаашро дареғ нахоҳад дошт. Изҳори умедворӣ менамоям, ки намояндагии дипломатии давлати  мо ба ҳайси унсури калидии ҳампайвандии мардумони ду кишвар дар ин кор саҳми арзандаи худро  хоҳад гузошт. Дар ҳоле, ки ҳамкории кишварҳои мо марҳила ба марҳила рушду нумӯъ  ёфта, имрӯз сатҳи сифатан навро касб кардааст, ин амр аҳамияти хоса дорад. 
Ба кормандони сафорат  ғайрати дучанд, фаъолияти ҳадафмандона, дар кору амалашон дастовардҳо ва ба  ҳамаи ҳозирон сиҳатмандиву дигар хушиҳои зиндагиро орзумандам.
Бо истифода аз фурсати муносиб мехостам изҳори сипоси амиқи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба роҳбарияти ширкатҳои сохтмончӣ ва пудратчии асосии сафорат иброз намоям. Ҳамчунин, ғайрату заҳмати кордору кормандони сафорат, устоҳои гаҷкор ва ҳамаи дигар шаҳрвандоне, ки саҳми арзандаи худро дар сохтмон ва муҷаҳҳазонидани ин бинои зебои дорои санъати хосаи меъморӣ гузоштаанд, қобили таҳсин аст.
Саломату сарбаланд бошед.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.03.2016    №: 55    Мутолиа карданд: 1355
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед