logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 апрели соли 2003 «Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2003, №4, мод.139) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 1, сархатҳои дуюм ва сеюми моддаи 2, қисмҳои якум ва дуюми моддаи 4, сархатҳои якум ва сеюми моддаи 5, қисмҳои якум ва дуюми моддаи 6, қисми сеюм, сархатҳои дуюм, чоруми қисми чорум, қисми ҳаштуми моддаи 7, қисми дуюми моддаи 10, қисми якуми моддаи 13, қисми шашуми моддаи 14, ном ва матни моддаи 16, қисмҳои якум ва сеюми моддаи 17, қисми якуми моддаи 18, қисми дуюми моддаи 19, қисми якуми моддаи 22, сархати дуюми қисми сеюм ва сархати якуми қисми чоруми моддаи 24 калимаҳои «амволе», «амволи», «амвол», «амволӣ», «амволро» ва «амволеро» мувофиқан ба калимаҳои «молу мулке», «молу мулки», «молу мулк», «молумулкӣ», «молу мулкро» ва «молу мулкеро» иваз карда шаванд.
2. Ба моддаи 2 сархатҳои сеюм, чорум ва панҷум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«иҷораи молиявӣ (лизинг) бо минбаъд ба даст овардани ҳуқуқи моликият ба предмети иҷораи молиявӣ (лизинг) – намуди иҷораи молиявии (лизинги) дарозмуддат, ки баъди ба анҷом расидани ин муҳлат предмети иҷораи молиявӣ (лизинг) тибқи шартнома метавонад ба моликияти иҷорагир гузарад;
иҷораи молиявии (лизинги) амалиётӣ – намуди иҷораи молиявӣ (лизинг), ки баъди ба анҷом расидани муҳлати он предмети иҷораи молиявӣ (лизинг) ба моликияти иҷорагир намегузарад ва ба иҷорадеҳ баргардонида мешавад;
иҷораи молиявии (лизинги) баргардонидашаванда – намуди иҷораи молиявӣ (лизинг), ки тибқи он иҷорагир молу мулки худро ба иҷорадеҳ бо шарте мефурӯшад, ки минбаъд иҷорадеҳ ин молу мулкро ба иҷорагир ба иҷора месупорад;».
3. Ба Қонун моддаи 51 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 51. Намудҳои иҷораи молиявӣ (лизинг)
Намудҳои иҷораи молиявӣ (лизинг): 
- иҷораи молиявӣ (лизинг) бо минбаъд ба даст овардани ҳуқуқи моликият ба предмети иҷораи молиявӣ (лизинг);
- иҷораи молиявии (лизинги) амалиётӣ;
- иҷораи молиявии (лизинги) баргардонидашаванда.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон     Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 15 марти соли 2016, № 1300


Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизингӣ)»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон             Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 13 январи соли 2016,  № 302

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)» - ро баррасӣ  намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси  Маҷлиси миллии
Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон              М.  УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 3 марти  соли 2016, № 197


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.03.2016    №: 58    Мутолиа карданд: 1318
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед