logo

сафарҳо

САФАРИ КОРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

23 марти соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф овард.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд сокинони вилоят бо шукӯҳу шаҳомати хоса ва самимияти беандоза нисбат ба Пешвои миллат истиқбол гирифтанд.
Сафари корӣ аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз гардид.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамоати деҳоти Чашмасор бо буридани лентаи рамзӣ корхонаи сементбарории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хуаксин Ғаюр Суғдсемент» - ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Сохтмони корхона аз ҷониби ширкати ватании «Ғаюрсемент» дар якҷоягӣ бо шарикони чинӣ - Ширкати «Хуаксин семент» соли 2014 оғоз ёфта буд ва дар масоҳати 48 гектар замини бекорхобида бо харҷи зиёда аз як миллиард сомонӣ бунёд гардид.
Иқтидори лоиҳавии корхона дар як шабонарӯз 3300 тонна ва дар як сол 1 миллион тонна семент буда, беш аз 1300 нафар бо кори доимӣ таъмин шуд. Зиёда аз 90 дарсади коргарон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, ки маоши миёнаи онҳо 1500 сомониро ташкил медиҳад. Дар корҳои сохтмонӣ ва васлгарии корхона 1400 нафар бинокор ва кормандони муҳандисию техникӣ иштирок намуданд, ки аксари онҳо сокинони маҳаллӣ буданд.
Бо мақсади таъмини муътадили фаъолият неругоҳи барқи ҳароратӣ бо иқтидори  25 мегаватт дар як соат ва баҳри муҳайё сохтани шароити мусоиди кору зисти коргарон дар назди корхона хобгоҳи муосир ва ошхона бунёд гардидаанд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти корхона шинос шуда, ба кори соҳибкорон баҳои баланд дод ва арзи сипос намуд.
Корхонаи «Хуаксин Ғаюр Суғдсемент» бо технологияи муосири ҷаҳонӣ сохта шуда, маҳсулоташ бепартов ва аз ҷиҳати экологӣ безарар мебошад. Навъи сементи корхона 400, 500 ва 600 буда, ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ ва дар бозори аврупоӣ маъмулу рақобатпазир мебошад. Корхона ҳамасола ба давлат беш аз 145 миллион сомонӣ андоз хоҳад супурд.
Ба гуфтаи соҳибкори ватанӣ Акбар Ғуломов, бо фаъол гардидани корхонаи мазкур ва афзоиши маҳсулот арзиши семент дар Тоҷикистон, аз ҷумла вилояти Суғд то 35 дарсад коҳиш меёбад ва он боз воридотивазкунанда низ ҳаст.
 Баъди ифтитоҳи корхонаи азими саноатӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва коргарони ин коргоҳи истеҳсолӣ мулоқоти судманд анҷом дод.
Зимни суханронӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони ноҳия мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани корхонаи «Хуаксин Ғаюр Суғдсемент» - ро бо таъсиси 1300 ҷойи корӣ муборакбод намуд.

Дар Ҷамоати деҳоти Чашмасори ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди сад гектар боғи сиёҳолу оғоз бахшид.
Сарвари давлат бо кушодани лӯлаи обгузар заминҳои ташналабро шодоб гардонда, якҷоя бо хоҷагидорону боғпарварон ниҳол шинонд.
Дар замини бекорхобида, ки солҳо чун чарогоҳ истифода мешуд, соҳибкорон дар масоҳати 120 гектар боғ бунёд карданд. Дар ин ҷо 100 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуд. Мақсад аст, ки боз дар майдони 600 гектар ниҳолҳои сиёҳолу шинонда шаванд ва ин имкон медиҳад, ки боз ҷойҳои иловагии корӣ ташкил гарданд.
Дар 100 гектар 9 намуд ниҳолҳои сиёҳолу, дар 20 гектар навъҳои гуногуни шафтолу шинонида шудаанд. Соҳибкорон Нодирҷон Қодиров ва Хуршед Шодиев барои обёрии 600 гектар замин аз дурии 13 километр тавассути лӯлаҳо об овардаанд.
Ба ҳолати то якуми марти соли ҷорӣ хоҷагидорон дар масоҳати 100 гектар боғи сиёҳолуи «Тобистон», «Испалинӣ», «Султонӣ», «Комета», «Самарқандии барвақтӣ» ва «Японӣ» бунёд кардаанд. Дар масоҳати 20 гектар шафтолуи навъҳои «Лола», «Фарҳод», «Чилагӣ» ва «Элберта» шинонида шудааст. Дар оянда тибқи нақша дар ҳамин ҷо як корхона бо 200 ҷойи корӣ барои коркарди мева бунёд карда мешавад.
Сиёҳолу дар бозори ҷаҳонӣ серхаридор буда, асосан ба Федератсияи Русия, Қирғизистон ва Аврупо содирот карда мешаванд. Барои самаранок истифода бурдани замин ва даромади иловагӣ аҳли меҳнати хоҷагиҳо миёни қаторҳои ниҳолҳо пиёзи тирамоҳӣ кишт кардаанд. Сиёҳолу баъд аз се сол ба ҳосил даромада, ҳар ниҳол соли аввал то 12 килограмм ҳосил медиҳад.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои вусъати бунёди боғҳои нав ва дар амал татбиқ кардани барномаи давлатии рушди соҳаи боғутокпарварӣ барои солҳои 2016 - 2020 ба сокинони ноҳия дастуру тавсияҳои муфид дод.

Дар ноҳияи Мастчоҳ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ дар вазъияти тантанавӣ ба фаъолияти муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумии рақами 36 - и деҳаи Андарвашти Ҷамоати деҳоти Оббурдон оғози расмӣ бахшид.
Сарвари давлат аз шароити муосири синфхонаҳои барҳаво, ки дар ин муассисаи таълимӣ фароҳам оварда шудааст, шинос шуда, бо хонандагон суҳбати озоду самимӣ анҷом дод.
Мактаби мазкур аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, барои 240 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст. Бино дорои 15 синфхона, аз ҷумла синфхонаи компютерӣ бо тахтаи электронӣ ва синфхонаи физикаю биология бо навтарин аёниятҳои таълимӣ муҷаҳҳаз мебошад.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои ифтитоҳи боз як синфхонаи компютерӣ ба хонандагон компютерҳои муосир ва барои дастаи ҳаваскорон як миқдор асбобҳои миллии мусиқӣ тақдим кард. 
Ин муассисаи тозабунёд ҳамчунин дорои толори замонавии варзишӣ бо 200 ҷойи нишаст, ошхона, майдончаҳои варзишӣ ва синфхонаи дарси хӯрокпазӣ мебошад.
Мактаб аз тарафи Идораи сохтмони асосии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд маблағгузорӣ шуда, корҳои сохтмониро коргарони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Бинокор - Иқбол»- и ноҳияи Мастчоҳ анҷом додаанд. Арзиши умумии  иншоот беш аз 5 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Мактаби нав бо аёнияти муосири таълимӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, бо маркази гармидиҳӣ пайваст мебошад. 
Хонандагону сокинони деҳаи Андарвашт бунёди мактаби наву замонавиро туҳфаи арзандаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ маънидод намуда, барои ин ғамхорӣ ба Пешвои миллат изҳори сипос карданд.
Баъди ифтитоҳи бинои мактаб дар саҳни ҳавлӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони ноҳия ва устодону хонандагон мулоқоти самимӣ доир кард.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳозиронро бо бунёди иншооти муҳим табрик карда, доир ба ғамхориҳои рӯзафзуни Ҳукумати мамлакат оид ба рушди соҳаи маориф ва беҳдошти сатҳу сифати таълиму тарбия андеша ронд.

Дар доираи сафари кории худ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ барои бунёди шаҳраки наву замонавии Меҳробод санги асос гузошт, ки дар масоҳати 330 гектар, дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Суғдиён бунёд меёбад.
Нақшаи генералии шаҳраки Меҳробод аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Суғдофар» таҳия гардидааст. Тибқи нақша дар шаҳраки Меҳробод, 18 километр дуртар аз маркази ноҳияи Мастчоҳ, бояд 220 манзили дуқабата ва 2500 манзили зисти якқабата сохта шаванд. 
Дар даромадгоҳи шаҳраки Меҳробод Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди се иншооти муҳим, аз ҷумла мактаб, беморхона ва боғчаи кӯдакона асос гузошт.
Зимни шиносоӣ бо лоиҳа Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмончиён дастур дод, ки шаҳрак мутобиқи тамоми қоидаҳои шаҳрсозӣ босифат бунёд гардад ва он бояд садсолаҳо ба мардум хизмат расонад.
Дар ин мавзеъ аллакай 1,5 километр роҳ мумфарш гардида, хатҳои интиқоли барқ ва лӯлаҳои об кашида шудаанд.
Дар ин ҷо сокинони шаҳраки Сомониён, Ҷамоати деҳоти Палдорак, «Бӯстон» ва Обурдон бо замин таъмин карда шудаанд. Ин тадбири хеле олиҳимматонаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба хотири беҳдошти сатҳи зиндагии мардум амалӣ гардид.
Сокинони ноҳия барои чунин ғамхориҳо ба Сарвару Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ баён карданд.

Дар маркази шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ бо бардоштани парда муҷассамаи барқади аввалин асосгузори давлати тоҷикон шоҳ Исмоили Сомониро ифтитоҳ намуд.
 Муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ дар хиёбони марказӣ дар шафати боғи фарҳангӣ - фароғатии шаҳрак бунёд шудааст. Баландии муҷассамаи барқад бо таҳкурсиаш 12 метр буда, он аз ҷониби Арбоби ҳунари Тоҷикистон Ғафурҷон Ҷӯраев сохта шудааст.
Хиёбони марказӣ ва боғ аз таъмиру таҷдид бароварда шуда, ба як мавзеи дилфиреб ва маҳали сайру гашти сокинону меҳмонони ноҳияи Мастчоҳ табдил ёфтаанд.
Қасри фарҳанг ҳам таъмир гардидааст. Аз тарафи соҳибкор Мирзораҳим Шарифов чойхонаи нави миллӣ мавриди истифода қарор дода шудааст.
Арзиши умумии корҳои азнавсозӣ ва сохтмони иншоот дар маҷмӯъ 17 миллиону 900 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи иншооти нав ва шиносоӣ бо шароити истироҳату фароғати сокинон бо фаъолони ноҳияи Мастчоҳ суҳбату мулоқоти самимӣ доир кард.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ҳамаи ҳозиронро бо фарорасии фасли зебои баҳор, Наврӯзи ҷаҳонишудаи тоҷикон, ҷашнҳои бузурги дарпешистода ва ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим табрику таҳният гуфт.
Сарвари давлат ба соҳибкорони ватанӣ, ки барои ободонии диёри хеш саҳми муносиб гузоштаанд, изҳори сипос намуд.
Зимни суханронӣ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон оид ба талошҳои созандаи роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар баҳри рушди ҷомеа ва беҳдошти сатҳи зиндагии мардум андеша ронд.
Сокинони ноҳия дар навбати худ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамаи ғамхориашон миннатдорӣ карданд.
Баъди суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби аҳли ҳунари ноҳия барномаи рангини консертӣ пешкаш гардид.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.03.2016    №: 58    Мутолиа карданд: 13392
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед