logo

сафарҳо

САРВАРИ ДАВЛАТ ДАР ИСФАРАВУ КОНИБОДОМ

24 март, дар рӯзи дуюми сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри бостонии Исфара боздид ба амал овард.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар вазъияти тантанавӣ бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти бинои маъмурии прокуратураи шаҳри Исфара оғози расмӣ бахшид.
Зимни шиносоӣ бо шароити бино ба Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки сохтмони иншоот дар доираи лоиҳаи «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Исфара барои солҳои 2013-2017» амалӣ гардид.
Бинои маъмурии прокуратура ба маблағи 3,4 миллион сомонӣ дар масоҳати умумии 240 метри мураббаъ сохта шуда, аз 3 ошёна иборат мебошад.
Корҳои сохтмониро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Созанда” бо сифати ҷавобгӯ ба меъёрҳои сохтмонӣ иҷро кардааст. Бино аз таҳхона, 11 ҳуҷраи кории бо тамоми лавозимот муҷаҳҳаз иборат мебошад ва ба шабакаи марказии гармидиҳӣ пайваст карда шудааст.
Ҳудуди иншоот бо дарахтони мевадиҳанда ва гулу гулбуттаҳо, таҷҳизоти гуногуни равшанидиҳӣ ороиш дода шудааст, ки ба ҳусни шаҳри Исфара зебоии дигар зам мекунанд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи бинои муосирро бо тамоми таҷҳизот ба кормандон муборакбод гуфта, онҳоро барои иҷрои садоқатмандонаи вазифаҳояшон ва таъмини волоияти қонун ҳидоят кард.


Дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Исфара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҷмааи корхона ва муассиссаҳои хизматрасонӣ ташриф овард.
Сокинони шукргузори шаҳр Пешвои миллатро бо самимияти баланд истиқбол гирифтанд.
Пеш аз шиносоӣ бо шароити корӣ дар маркази мазкур Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти он дар вазъияти тантанавӣ оғоз бахшид.
Ба Президенти мамлакат иттилоъ доданд, ки арзиши умумии сохтмони Маҷмааи хизматрасонӣ наздики 7 миллион сомонӣ буда, фармоишгарони иншоот сокинони ватандӯсти ноҳия мебошанд.
Соҳибкори маҳаллӣ Файзулло Нурилоев дар шаҳр биноеро бо маркази “Бизнес инкубатор” бунёд намудааст, ки он ҳамчун нуқтаи бозомӯзӣ барои соҳибкорони ҷавон хизмат мерасонад. Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо намояндагони соҳибкорон дастур дод, ки онҳо бештар ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва технологияи компютерӣ таваҷҷуҳ зоҳир намоянд ва инчунин ба соҳибкории истеҳсолӣ рӯ оварда, тавлиди маҳсулоти ватаниро афзоиш диҳанд.
Дар ин ҷо ба нафароне, ки бори нахуст дар риштаи соҳибкорӣ фаъолиятро оғоз менамоянд, маслиҳатҳои ҳуқуқӣ ва касбӣ дода мешаванд. Дар қисми дигари бино ҳамин соҳибкор маркази хизматрасонии «Равзанаи ягона»-ро бунёд кардааст. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз ин иқдоми соҳибкор изҳори хушӣ карда, дастур дод, ки тарзҳои муосиртари усули равзанаи ягонаро, ки бидуни дахолати инсон сурат мегирад, ба роҳ монанд. То ҳол дар шаҳри Исфара маркази «Равзанаи ягона» вуҷуд надошт ва соҳибкорон барои ба расмиятдарории санадҳои ҳуқуқӣ то маркази вилоят мерафтанд.
Арзиши лоиҳавии иншоот зиёда аз 1,5 миллион сомонӣ мебошад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ташаббуси соҳибкорони ватандӯстро ибратбахш хонда, ибтикори онҳоро шоёни дастгирӣ арзёбӣ намуд.
Дар ошёнаҳои дуюм то чорум 18 манзили истиқоматӣ ҷойгир шудааст, ки онҳо бо нархҳои дастрас ба сокинони шаҳри Исфара фурӯхта мешаванд. Дар ҳамин бинои муҳташами хизматрасонӣ мағозаи фурӯши либос ва таҷҳизоти маишӣ - техникии “Ориёно” - ро соҳибкор Нарзулло Ӯлмасов бунёд намудааст, ки аз 5 ошёна иборат мебошад. Дар ошёнаи якум маркази савдои “Ориёно” ҷойгир шудааст. Дар як қисми мағоза таҷҳизоти маишӣ - техникӣ ва дар дигараш мағозаи фурӯши сарулибос фаъолият мекунад. Дар ошёнаҳои боқимондаи бинои панҷқабата хонаҳои истиқоматӣ бо тарҳу шакли нав бунёд гардидаанд, ки барои фурӯш пешбинӣ шудаанд.
Арзиши лоиҳавии он зиёда аз 3,3 миллион сомонӣ мебошад.
Бо таваҷҷуҳ ба дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ҷалби бонувон ба касбомӯзӣ дар Маҷмааи корхона ва муассисаҳои хизматрасонӣ соҳибкорони шаҳри Исфара коргоҳи таълимӣ - дӯзандагии "Саховат" - ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Коргоҳи мазкур дар бинои бисёрошёна ҷойгир буда, аз 2 толор – яке барои омӯзонидани ҳунарҳои дастӣ ва дӯзандагӣ ва дуюмӣ нуқтаи намоиш ва фурӯши ҳунарҳои мардумӣ иборат мебошад.
Ҳангоми шиносоӣ аз ин марказ Президенти мамлакат ба соҳибкорон барои пуштибонӣ аз сиёсати неки иҷтимоии роҳбарияти давлату Ҳукумат изҳори сипос кард. Дар маркази омӯзишӣ имкон аст, ки дар як сол то 300 нафар бону ба касбомӯзӣ фаро гирифта шавад. 
Дар ошёнаҳои дуюм то чоруми ҳамин қисмати бино низ 10 хонаи истиқоматӣ ҷойгир аст. Соҳибкорони бунёдкор талош намуданд, ки ҳамзамон бо фаъол намудани марказҳои хизматрасонӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ, инчунин хонаҳои истиқоматӣ сохта ба истифода диҳанд, ки ин иқдом шоёни дастгирӣ унвон шуд. Арзиши лоиҳавии иншоот зиёда аз 1,5 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Соҳибкори дигари шаҳр Зиёваддин Ҳамдидинов ташхисгоҳи тибби оилавӣ ва гиёҳдармониро дар ҳамин иншоот фаъол кард. Ташхисгоҳ дар ошёнаи якуми бинои бисёрошёна ҷойгир буда, ба мардум хизмат мерасонад.
Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба хотири беҳдошти сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ба чор ҷамоати шаҳраку деҳоти шаҳр – Исфара, Ворух, Чилгазӣ ва Чоркӯҳ мошини ёрии таъҷилӣ тақдим намуд.
Бунёди маҷмааи корхонаҳо ва марказҳои хизматрасонӣ имкон фароҳам овард, ки бисёр сокинони шаҳр бо ҷойи кори доимӣ таъмин гарданд.
Баъди шиносоӣ бо шароити маҷмааи хизматрасонӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо сокинон мулоқоти самимӣ доир кард.


Дар шаҳри Конибодом сокинон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро бо самимияти хоса истиқбол гирифтанд.
Пешвои миллат дар ин шаҳр ба фаъолияти корхонаи азими саноатӣ, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Нафтрасон», ки нахустин корхонаи коркарди ниҳоии нафт мебошад, расман оғоз бахшид.
Арзиши лоиҳавии корхона 3,5 миллион доллари амрикоӣ буда, он дар ҳамкории соҳибкорони ватанӣ бо сармоягузорони хориҷӣ бунёд шудааст. Истеҳсолот дар ин нуқтаи пуриқтидори тавлиди маҳсулоти нафтӣ аз ҷониби мутахассисони маҳаллӣ бо роҳбарии соҳибкори ватанӣ Носир Усмонов роҳандозӣ мегардад.
Зимни шиносоӣ бо иқтидор ва имконоти корӣ Президенти мамлакат нахуст ба низоми фаъолият ва сифатнокии тавлиди маҳсулоти ниҳоии нафт мароқ зоҳир намуда, барои ҷорӣ кардани технологияи ҳозиразамони тавлиди маҳсулот маслиҳатҳои муфид дод.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки айни ҳол иқтидори истеҳсолии коркарди солонаи корхона 70 ҳазор тонна нафти хом буда, ҳамасола ба маблағи 70 миллион сомонӣ маҳсулоти тайёр истеҳсол хоҳад кард.
Бо фаъол шудани ин корхонаи наву пуриқтидори истеҳсолӣ наздики 80 ҷойи корӣ муҳайё мегардад. Сокинони маҳаллӣ бо омӯзиш ва азхудкунии нозукии кор ба шуғл фаро гирифта шудаанд, ки ҳар моҳ ба ҳисоби миёна 2 ҳазор сомонӣ маош мегиранд.
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Нафтрасон» ба истеҳсоли сӯзишворӣ - бензин, маҳсулоти дизелӣ, гази моеъ ва мазут машғул мегардад.
Таъминоти ашёи хоми корхона асосан аз хориҷа, махсусан аз Ҷумҳурии Қазоқистон сурат гирифта, дар марҳилаи аввал 500 тонна нафти хом 3 марти соли 2016 барои коркарди таҷрибавӣ ворид гардида буд.


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти корхонаи коркарди меваи хушки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Меваи қанд» - и шаҳри Конибодом, ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Ҳомид Ёқубов бунёд гардидааст, аз наздик шинос шуд.
Корхона бо арзиши лоиҳавии наздики 3 миллион сомонӣ бунёд шуда, дар он анвои гуногуни меваи хушк, ба монанди зардолу, баргак, хушкмева, чормағзи заминӣ ё худ арахис ва ғайра коркард мешаванд.
Танҳо дар коргоҳи бандубасти меваи хушк 40 нафар сокини маҳаллӣ, ки асосан занони хонашин мебошанд, бо ҷойи кор ва маош таъмин гардидаанд. Дар сурати ба кор андохтани навбати дуюми коргоҳ, боз 30 нафари дигар бо кор таъмин карда мешавад.
Фаъолияти коргоҳ аз марҳилаҳои шустушӯй сар карда, то ба навъҳо ҷудо намудану хушконидан ва бастабандии маҳсулот бо истифода аз технологияи муосир ба роҳ монда шудааст. Иқтидори корхона дар як шабонарӯз коркарди то 5 тонна меваи хушк мебошад.
Коргарон талаботи ин намуди маҳсулотро дар бозорҳои кишварҳои хориҷ санҷида, дар оянда баробари таъминоти бозорҳои дохилӣ, ҳамзамон содироти онро ба Федератсияи Русия ба роҳ мемонанд.
Соҳибкорони ватанӣ мақсад доранд, ҷиҳати таъминоти бемайлони корхона бо маҳсулоти мевагӣ ва васеътар ба роҳ мондани фаъолияти он дар майдони 31 гектар боғи интенсивӣ бунёд намоянд.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои таъсиси корхона ва нақшаҳои нав баҳри бунёди коргоҳҳои дигар, инчунин таъмини сокинон бо кор ба соҳибкорон барору муваффақият орзу намуд.


Дар шаҳри Конибодом Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мавзеи сохтмони роҳи мошингарди Исфара – Конибодом - Ҷаббор Расулов ташриф оварда, ба корҳои таҷдиду азнавсозии ин қитъаи роҳ оғоз бахшид.
Маблағи умумии корҳои таъмиру сохтмон дар марҳилаи аввали «Лоиҳаи таҷдиди қитъаҳои роҳи автомобилгарди Хуҷанд - Исфара» 45 миллион доллари амрикоиро ташкил мекунад. Аз ин маблағ 38 миллиону 250 ҳазор долларро қарз ва 6 миллиону 70 ҳазори дигарро бошад, гранти Бонки умумиҷаҳонӣ ташкил медиҳад.
Фармоишгари лоиҳа Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пудратчӣ ширкати чинии “Чайна рейлвей групп корпорейшн” мебошад.
Роҳ аз шаш қитъа иборат буда, дарозии умумии он 68 километр ва паҳноиаш 12, дар баъзе ҷойҳо то ба 22 метр мерасад. Муҳлати анҷоми корҳои таҷдиду барқарорсозии роҳ ду сол муайян шудааст. Дар баробари таъмиру барқарорсозӣ, ҳамзамон, роҳ дар қитъаҳои аҳолинишин чароғон карда мешавад.
Дар рафти корҳо аксари кормандон аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ интихоб мегарданд, ки ин ба беҳтар шудани сатҳи зиндагии онҳо мусоидат менамояд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон сохтмончиёнро ба корҳои босифат ҳидоят карда, таъкид намуд, ки дар рафти таҷдиду барқарорсозии роҳ ва дигар тадбирҳо диққати ҷиддӣ зоҳир намоянд. Бояд ин роҳ баҳри рафтуомади сокинон аз як минтақа ба минтақаи дигар ва интиқоли молу маҳсулот солҳои тӯлонӣ хизмат расонад.


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Конибодом бо сокинон суҳбати самимӣ доир кард.
Мулоқоти Сарвари давлат бо мардуми сершумор, ки ба истиқболи Пешвои миллат омада буданд, дар зардолубоғи хоҷагии деҳқонии «Ғалаба»-и  Ҷамоати деҳоти Раҷаб Ҳамробоев баргузор шуд.
Нахуст Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳозиронро бо фарорасии Соли нави аҷдодӣ - Наврӯзи оламафрӯз самимона табрик гуфта, ба сокинон бахту иқболи баланд ва баракати кор орзу намуд.
Таъкид гардид, ки дар доираи корҳои созандагию бунёдкории Ҳукумати кишвар имрӯз дар шаҳри Конибодом  якчанд иншооти таъйиноти гуногун ифтитоҳ гардид. Ҳадаф аз бунёди корхонаҳои саноатӣ таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ба шуғл фаро гирифтани мардум ва беҳдошти сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми неки соҳибкорони шаҳр баҳри мусоидат дар ободии диёри хеш изҳори сипос намуда, диққати ҳозиронро ба вусъати корҳои ободонию созандагӣ, рушди соҳаи боғдорӣ, содироти ҳарчи бештари маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷ, инчунин дигар корҳои хайр ҷалб кард.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми меҳнатқарину қавииродаи Конибодом барои пуштибонӣ аз сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати кишвар изҳори сипос карда, онҳоро ба идомаи корҳои созандагӣ, тарбияи фарзандон дар роҳи ватандорию хештаншиносӣ ҳидоят намуд.
Баъди суханронии Сарвари давлат аз номи сокинони шаҳр Аҳрор Бобоҷонзода - омӯзгор, Шаҳноза Аҳмадова - донишҷӯ, Нозими Нуъмонӣ - кишоварз ва омӯзгор Зарнигор Баротова ба Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини зиндагии сазовор изҳори миннатдорӣ карданд.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.03.2016    №: 59    Мутолиа карданд: 13676
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед