logo

сафарҳо

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав

14 июн  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи  Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ ба шаҳри Маскави Федератсияи Русия сафар кард.

Дар  ин  сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷии мамлакат Ҳамроҳхон Зарифӣ, мушовири давлатии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, котиби Шӯрои  амният Амирқул Азимов, вазири мудофиа Шералӣ Хайруллоев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Хайриддин Абдураҳимов ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ менамоянд.
Дар фурудгоҳи пойтахт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдулло Хайруллоев, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Амиршо Миралиев ва дигар ашхоси расмӣ гусел карданд.
Ҳамон   рӯз   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Маскав дар ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ иштирок намуд.
Дар ҷаласа масоили вобаста ба ҳамкорӣ дар доираи ин созмон баррасӣ шуданд.
Масъалаи вобаста ба таъсис додани Нерӯҳои муштараки зудамал ва омода намудани заминаи ҳуқуқии фаъолияти онҳо аз мавзӯъҳои асосии ҳамоиши сарони давлатҳо буд.
Сардори давлат  Эмомалӣ Раҳмон ташкил ёфтани чунин нерӯҳоро аз қадамҳои муҳими кишварҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар роҳи муқовимат ба хатарҳои терроризму экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир арзёбӣ намуд ва ҳамзамон таъкид бар он дошт, ки бояд дар доираи ин созмон бештар санадҳое қабул шаванд, ки ба ҳамкории мушаххаси мақомоти дахлдори миллию байнидавлатӣ мусоидати фаъол намоянд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз рушди ҳамкории Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ бо Созмони амният ва ҳамкории  Аврупо ва дигар созмонҳои байналмилалӣ оид ба мӯътадилгардонии вазъият дар Афғонистон пуштибонӣ намуд.

Сешанбе, 16 июни  соли  2009.  № 77 (21 584). Соли 85-уми нашр


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2879
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед