logo

сафарҳо

Вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон бо Эдуард Россел

Бегоҳии  14  июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри иштирок дар ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай аз шаҳри Маскав ба шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия сафар кард.
Субҳи 15 июн Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия губернатори вилояти Свердловск Эдуард Росселро ба ҳузур пазируфт.
Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба ҳамкории Тоҷикистон бо ин минтақаи муҳими Федератсияи Русия ва ба низом даровардани муҳоҷирати меҳнатӣ баррасӣ шуданд.
Аз амали як созишнома миёни Тоҷикистону вилояти Свердловск оид ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва  илмию фарҳангӣ, Нақшаи чорабиниҳо доир ба татбиқи ин созишнома ва фаъолияти босамари Гурӯҳи муштараки ҳамоҳангсози ҳамкориҳо изҳори қаноатмандӣ  шуд.
Кори пурсамари корхонаи муштараки Ширкати саноатию молиявии «УралПромСервис», ки асосан ба ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт, аз ҷумла  ташкили намоишгоҳҳо ва фурӯши масолеҳ ва техникаю таҷҳизоти роҳсозӣ машғул аст, натиҷаи татбиқи ҳамин гуна санадҳо арзёбӣ гардид.
Аз иштироки корхонаҳои саноатии ин минтақа дар сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1» ва Роғун низ изҳори қаноатмандӣ гардид.
Бо назардошти имконоти фарохи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону минтақаи Урали Федератсияи Русия  изҳори боварӣ  шуд, ки корхонаҳои муштараки зиёд оид ба коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва истихроҷу коркарди захираҳои табиӣ дар Тоҷикистон минбаъд бештар  бунёд хоҳанд ёфт.
Соҳаи туризм, аз ҷумла туризми экологӣ, аз самтҳои ояндадори ҳамкории минбаъда арзёбӣ гардид.
Эдуард Россел ҳам ба рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ, тавассути истифодаи имконоти саноатии вилояти Свердловск дар Тоҷикистон, ҳам ба ҷалби муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба минтақаи Урал изҳори ҳавасмандӣ намуд.
Мусоҳибон омодагии худро баҳри ба низом даровардани муҳоҷирати меҳнатӣ ва ба роҳ мондани касбомӯзӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо барои кор дар ин минтақа таъкид намуданд.
Ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия ба кори худ имрӯз  шурӯъ намуд, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ кард.

Сешанбе, 16 июни  соли  2009.  № 77 (21 584). Соли 85-уми нашр


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2943
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед