logo

маориф

«КИТОБҲОИ НАВИ ДАРСИРО ХОҲОНЕМ»

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ин номаи шаҳрванд аз шаҳри Қӯрғонтеппа Б. Аминов, ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият»  29 - уми октябри соли 2015 нашр шудааст, қайд менамояд, ки китобҳои дарсӣ тибқи «Тартиби ба иҷора додани китобҳои дарсӣ ва маблағҳои гардони он дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба иҷора дода мешаванд. Тартиби мазкур бо мақсади дастгирии аҳолии камбизоат ва паст кардани сатҳи камбизоатии шаҳрвандон ҷорӣ карда шудааст. Аз ин рӯ, ба савдои озод баровардани китобҳои дарсӣ хилофи муқаррароти тартиби иҷора мебошад. Гузашта аз ин, ҳанӯз ҳам на ҳамаи падару модарон имкони барои фарзандонашон харидорӣ кардани китобҳои дарсиро доранд. Мушкили дигар дар ин самт ин аст, ки дар сурати ба савдои озод баровардани китобҳои дарсӣ норасоии он дучанд мешавад. Чунки вақте хонанда китобро харидорӣ мекунад, он китоб ба мисли низоми иҷора дубора ба мактаб барнамегардад ва дар натиҷа норасоии китобҳои дарсӣ ба вуҷуд меояд. Ин амал метавонад ҳамчунин боиси гаронии нархи китобҳои дарсӣ шавад. Бинобар ин, дар шароити имрӯза бо назардошти сатҳи зиндагии аҳолӣ низоми иҷораи китобҳои дарсӣ роҳи осонтарини дастрасӣ ба китобҳои дарсӣ буда метавонад.
Аммо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари роҳандозии низоми иҷораи китобҳои дарсӣ, аз ҷониби дигар ҳуқуқи онҳоеро, ки хоҳиш ва имкони харидории китобҳои дарсиро доранд, поймол накарда, баръакс дар назди бинои асосии вазорат фаъолияти дукони савдои китобро ба роҳ мондааст. Аз ин рӯ, нафароне, ки имкони харидорӣ кардани китобҳои дарсиро доранд, аз мағозаи китоби назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон китобҳои дарсиро бо нархи ягонаи аз ҷониби вазорат тасдиқшуда дастрас карда метавонанд.
Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

АЗ ИДОРА:
Ёдовар мешавем, ки шаҳрванд Б. Аминов аз куҳнаву фарсуда будани китобҳои дарсӣ шикоят намуда, изҳор дошта буд, ки имкони харидории китобҳои наву тозаи дарсиро ӯ ва бархе аз шаҳрвандон доранд. Яъне онҳоро ба фурӯш бароваранд. Аммо на ҳама имкону фурсати омаданро ба дукони савдои китоб, ки дар назди вазорат мебошад, доранд. Ва дари ин дукони китоб на ҳамеша кушодааст.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 1.04.216    №: 63    Мутолиа карданд: 5419
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед