logo

муҳоҷират

МАҚСАД - ТАНЗИМИ МАСОИЛИ МУҲОҶИРАТ

Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Шартнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба истирдод ба тасвиб расид.

Абдураҳмон Аламшозода, муовини аввали вазири корҳои дохилӣ, иброз дошт, ки санади мазкур аз тарафи Ҳукумати мамлакат мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия шудааст. Мақсади пешниҳоди  лоиҳа ба расмият даровардани шартномаи мазкур ва дар ин замина эътибори қонунӣ пайдо кардани он мебошад. Шартнома 12 ноябри соли 2015 дар шаҳри Исломобод ба имзо расида, барои ҳамкорӣ дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ, хусусан истирдоди шахсони дар ҷустуҷӯ қарордошта, ки дар қаламрави давлатҳои тарафҳо ҷиноят содир намуда, паноҳ мебаранд, равона шудааст. Ин санад аз муқаддима ва 18 модда иборат буда, дар он асосҳо барои бастани шартнома, уҳдадориҳо барои истирдоди шахсони ҷинояткор, ҷиноятҳое, ки боиси истирдод мегарданд ва рад кардани онҳо, мувофиқат намудани тартиби супурдани шахси истирдодшаванда ва муайян кардани шаҳрвандӣ, маҳали содиршавии ҷиноят ва ба кадом давлат истирдод намудани шахс ифода ёфтааст. Ба андешаи мавсуф, ба расмият даровардани шартнома ба раванди ҳамкории мутақобила дар самти мубориза алайҳи ҷинояткорӣ дар истирдоди шахсони дар ҷустуҷӯ қарордошта мусоидат намуда, дар густариши равобити минбаъдаи мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон заминаи ҳуқуқӣ мегузорад.
Дар ҷаласа, ҳамчунин Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии  Қазоқистон  дар бораи фаъ-олияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муваққатан дар ҳудуди Ҷумҳурии Қазоқистон кор мекунанд, дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ - шаҳрвандони Ҷумҳурии Қазоқистон, ки муваққатан дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунанд, аз 4 майи соли 2006, тасдиқ гардид.
Маҳмадуллозода Нурулло, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, зимни ба тасвиб расидани созишнома иброз дошт, ки он ба мақсади тақвияти корҳо дар танзими масоили муҳоҷирати меҳнатӣ бо Ҷумҳурии Қазоқистон таҳия шудааст.
Мувофиқи протокол бо назардошти тағйирёбии мақомоти ваколатдори тарафҳо оид ба татбиқи созишномаи зикршуда ба моддаи чоруми он тағйирот ворид гардида, аз ҷониби Тоҷикистон Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва аз ҷониби Қазоқистон Вазорати тандурустӣ ва рушди иҷтимоӣ ва корҳои дохилӣ муайян карда мешаванд.
Назар ба гуфтаи муовини вазир, айни замон Ҷумҳурии Қазоқистон баъд аз Федератсияи Русия дуюмин кишвари қабули муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон буда, теъдоди онҳо дар солҳои 2013-2015 беш аз 20 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, мутобиқи маълумоти рафтуомади шаҳрвандон тавассути гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Тоҷикистон дар соли 2015-ум 10957 нафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Қазоқистон сафар кардааст. Илова бар ин, дар ҳудуди ин давлат тоҷикони бурунмарзӣ ҳамчун сокинони муқимӣ кору зиндагӣ менамоянд.
Айни замон дар ин кишвар 8 диаспора ва ташкилоти ҷамъиятии тоҷикон расман фаъолият доранд, ки вазорат бо онҳо робитаи зич барқарор намудааст.
Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагон, зикр кард, ки Қазоқистон шарики стратегии Тоҷикистон аст ва таъкид бар он дошт, ки бояд бозори кории ин кишвар омӯхта шавад ва ҳамзамон ба баланд бардоштани дараҷаи тахассуси муҳоҷирони меҳнатӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардад.

Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 1.04.216    №: 63    Мутолиа карданд: 27245
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед