logo

маориф

ДИҚҚАТ, НАВРАСОНИ НОБИНО БА КИТОБИ ДАРСӢ НИЁЗ ДОРАНД!

Масъулини филиали Иттиҳодияи миллии нобиноёни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз норасоии китобҳои дарсӣ барои нобиноён изҳори нигаронӣ менамоянд.
Сардори филиал Холмаҳмад Тенгниев мегӯяд, ки мушкили асосии нобиноён дастрасӣ надоштан ба маводи таълимии замонавӣ ва асбобҳои хониш (грифел ва асбобҳои хатнависӣ) мебошад. Ба гуфтаи ӯ, кумаке, ки аз дигар сарчашмаҳо ба онҳо мерасад, кифоя нест. 
Боиси ёдоварист, ки соли 2010, пас аз муроҷиатҳои зиёд ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба филиал муяссар шуд, ки матнҳои электронии китобҳои дарсии соли 2000 – ум интишоршударо дастрас намоянд, аммо онҳо ба талаботи муосири таълимӣ ҷавобгӯ нестанд.
Пас, саволе ба миён меояд, ки шояд дар ҷумҳурӣ имконияти чопи чунин китобҳо мавҷуд набошад? На, филиал матбааи худро дорад ва он аз соли 2009 инҷониб ба чопи китобҳои дарсиву дастурҳои методӣ барои нобиноён машғул аст. То имрӯз матбааи филиал барои макотиби махсуси нобиноёни кишвар 86 номгӯйи китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимӣ ва брошюраҳо ба табъ расондааст, ки мутаассифона, ҳунӯз хеле кам аст.
Тавре ки Оқилҷон Зиёдалиён, сарвари матбаа, иттилоъ дод китобҳои дарсӣ бо ҳуруфи брайлӣ барои хонандагони нобино то синфи шаш пурра ва то синфи нуҳ қисман чоп гардида, нашри чунин китобҳо барои хонандагони синфҳои даҳ ва ёздаҳ пешбинӣ нагардидааст.
“Бо сабаби нав шудани барномаи таълимӣ, китобҳое, ки мо дар матбаа чоп кардем, ба барномаи ҳозира мувофиқат намекунанд.
Намозхон Бобоев, директори мактаб - интернати ҷумҳуриявии кӯдакони нобинои ноҳияи Ҳисор, мушкили дигари ин соҳаро  ба  душворфаҳм будан ва бо ҳуруфи майда чоп шудани  китобҳои дарсӣ нисбат дод.
Холмаҳмад Тенгниев дар ҳалли ин проблема дастгирии Вазорати маориф ва илмро муҳим мешуморад.
Ҳар се мусоҳиб таъкид бар он доштанд, ки нарасидани китоб ва дигар воситаҳои таҳсил хонандагони нобино, хоса хонандагони синфҳои болоиро, ки умуман китобҳои дарсӣ надоранд, аз раванди таълим берун месозад. Ба ибораи дигар дар вазъи баамаломада хавфи бесавод мондани нобиноёни наврас аз эҳтимол дур нест. Умед бар он доранд, ки барои рафъи мушкили мавҷуда тадбирҳо  меандешад.

Нигина УСМОНОВА,“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.04.2016    №: 68    Мутолиа карданд: 1188
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед