номаҳо
Аз дамидани
Сурхоб нигаронем
Деҳаи Кадучӣ, ки яке аз деҳаҳои калонтарини вилояти Хатлон ба ҳисоб меравад, ҳоло дар ҳолати ногувор қарор дорад. Махсусан шабу рӯзҳои боронӣ сокинони онро ҳаргиз оромӣ нест. Оби дарёи Сурхоб, ки аз паҳлӯи деҳа мегузарад, мудом дамида ташвишро дучанд месозад. Дарё то андозае медамад, ки ба лаби соҳил баробар мешавад, садои ғурришаш касро ба воҳима меандозад. Оғози моҳи майи соли равон аз боришоти зиёд сатҳи оби дарё ниҳоят баланд гардид. Сарбандро рахна карду ба бисёр заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ зиён расонд.
Борони сел шабу рӯз бо шиддат меборид ва мардум барои раҳидан аз офат тарки хонаву дари хеш мекарданд. Қисми дигар болои теппа хайма зада, аз туғёни даҳшатноки дарё чашм намеканданд. Роҳбарон ва соҳилбандони ноҳия бошанд, ба дарё чашм медӯхтанду халос. Нерӯи онҳо дар бастани соҳил камӣ мекард. Кубик ва харсангҳое, ки ба пеши дарё партофта мешуданд, дар як нафас нест мегардиданд…
Мардум нағз дар ёд дорад. Тахминан 20-25 сол пеш, онҳо дар якҷоягӣ бо соҳилбандони ноҳияи Восеъ ба ҳашар баромада, дар мустаҳкамкунии соҳилҳо саҳми хешро мегузоштанд. Ва аз таҳдиди дарёи Сурхоб осуда буданд. Аммо сад афсӯс, ки ҳоло чунин кори хайр ба ёди касе намерасад. Бархе аз бепарвоии шахсони масъул истифода бурда, баҳри сохтмони хонаҳои худ симбурҳои лаби соҳилҳоро канда, аз дохили он сангҳои чиндашударо бурдаанд.
Пеши роҳи офатҳои зиёдеро метавон гирифт. Фақат масъулон барои ин бо ғамхорӣ бояд ташаббус зоҳир cозанд. Мардум омода аст, ки ёрӣ бирасонад.
Фикр мекунам, ки баъди омадани офату дидани зарари зиёд нафъи тасалло ва чораҷӯиҳо камтар аст.
Раҳими РАФЕЪЗОД,
деҳаи Кадучии ноҳияи Восеъ
Сешанбе, 16 июни соли 2009. № 77 (21 584). Соли 85-уми нашр
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3235