номаҳо
Мо, ҷабрдидагон дар
ташвиш мондаем
Дар мавсими пахтачинии соли 2006 (танҳо дар ҳамин вақт дар дасти деҳқон пул аст) собиқ раиси ноҳияи Мастчоҳ Т. Раҳматов ба кулли раисони хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия супориш дод, ки аз аъзояшон барои пур кардани буҷети ноҳия 33 сомонӣ барои гирифтани сертификати замини наздиҳавлигӣ ҷамъ кунанд. Ва агар касе ин корро иҷро намекард, аз гирифтани мӯҳри хоҷагии деҳқонӣ ва кулли ҳуҷҷатҳои марбут ба он маҳрум мешуд. Аз мо, саҳмдорони хоҷагии деҳқонии «Ревомутк-2» низ охири ноябри соли 2006 раиси хоҷагии деҳқониамон Ҷумъа Шарифов барои сертификати заминҳои наздиҳавлигиамон 33 сомонӣ гирифт. ӯ пулҳоро ба бонк супурда ба мо квитансияҳои пардохтро дод. Раис гуфт, ки сертификатҳоямонро рафта аз заминсози ҷамоати Мастчоҳ Одина Боқиев бигирем. Мо якчанд маротиба аз О. Боқиев сертификат талаб кардем. Тамоми соли 2007 ӯ баҳона пеш овард, ки ҳуҷҷатҳо аз шаҳри Душанбе тайёр шуда меоянд ва барои ин вақт лозим аст. Баҳори соли 2008 яке аз ҷабрдидагони ин қазия оид ба кашолкории заминсоз О. Боқиев аризаи шикоятӣ навишт. Пас аз ин ба мо сертификатҳоеро пешниҳод кард, ки дар он ному насаби мо, зикри ному насаби ҳамсояҳояамон, нақшаҳо ва мавқеи ҷойгиршавии заминҳои наздиҳавлигӣ тамоман ғалат буданд. Табиист, ки чунин ҳуҷҷатҳои ғалат тартибдодаро нагирифта ба заминсоз баргардонида додем. ӯ ҳуҷҷатҳоро бозпас гирифт ва ваъда дод, ки онҳоро аз нав тартиб дода, оварда медиҳад. Мо якчанд маротибаи дигар барои гирифтани ҳуҷҷатҳоямон муроҷиат кардем. Лек ӯ ҳар дафъа баҳонаи наве ёфта ҳуҷҷатҳоро намедод. Охири моҳи январи соли 2009 барои ҳал кардани қазияи мазкур ба раиси кумитаи замини назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия Т. Иброҳимов бо ариза муроҷиат намудем. ӯ ба мудири шӯъбаи арзу шикоятҳои шаҳрвандон О. Боқиев супориш дод, ки ба нафарони мазкур ҳуҷҷатҳояшонро барқарор карда диҳад. Бояд бигӯем, ки ин ҳамон Боқиев аст, ки ҷойи кору вазифааш иваз гардидааст. О. Боқиев яке аз ҷабрдидаи ин қазияро ба бойгонии кумитаи замин таклиф намуда садҳо сертификатҳои заминҳои наздиҳавлигии ғалат тартибдодаро нишон дода, иддао кард, ки ин кор бо айби ӯ нею бо айби кормандони «хозгруппа»-и назди кумита сар задааст. Пас аз ин мо оид ба ин масъала ба назди роҳбари шӯъбаи ба ном «хозгруппа» Ш. Солиев даромадем. ӯ иқрор шуд, ки ин кор ҳақиқатан бо айби «хозгруппа» сар задааст ва ваъда дод, ки ҳуҷҷатҳоямонро дуруст карда медиҳад. То ҳол мо соҳиби сертификат нагаштаем. Ҳолдонҳо фаҳмониданд, ки то дубора пули сертификатҳоро бозпардохт накунем, «хозгруппа»-и вайронкор ҳуҷҷатхоро аз нав тартиб намедиҳад. Бояд бигӯем, ки ин бало натанҳо ба сари мо, балки ба сари садҳо деҳқонони хокпоши ноҳияи Мастчоҳ низ омадааст. Дар ниҳояти кор мо, ҷабрдидагон, дар ташвиш мондаем ва намедонем, ки ба доди мо кӣ мерасида бошад!
Мирзосаид, Мирзо, Қобил ШАРИФОВҲО, Малик, Ҳасан МАЛИКОВҲО,
Мираҳмад, Ёрмаҳмад, Мирмаҳмад, Мирзамон, Мирҳабиб,
Мирамон, Азиз, Мирориф НЕЪМАТОВҲО,
аъзои хоҷагии деҳқонии «Ревомутк-2»-и
ноҳияи Мастчоҳ
Сешанбе, 16 июни соли 2009. № 77 (21 584). Соли 85-уми нашр
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3193