номаҳо
«Сафина» ё ҳамсоя?»
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ғончӣ ҷавобан ба мақолаи «Сафина» ё ҳамсоя?»-и Раҳимҷон Машарифов («Ҷумҳурият», 31 марти соли 2009) навишта маълум менамояд, ки сабаби пахш нагардидани барномаҳои «Сафина» ва «Ҷаҳоннамо» дар он аст, ки дастгоҳи мавҷпаҳнкунии ин барномаҳо танҳо дар маркази шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Спитамен васл карда шудааст. Аз сабаби он, ки ноҳияи мо дар иҳотаи кӯҳ ҷойгир мебошад, ин мавҷҳоро қабул карда наметавонад.
Ҳоло дар шаҳри Истаравшан сохтмони дастгоҳи мавҷпаҳнкунии барномаҳои шабакаҳои «Баҳористон», «Сафина», «Ҷаҳоннамо» ва барномаҳои телевизионии вилояти Суғд идома дорад. Пас аз ба истифода додани онҳо аз тамошои барномаҳои телевизионӣ то 80 фисади аҳолии ноҳия бархӯрдор мешаванд.
Қ. ОЙМАТОВ, раиси ноҳияи Ғончӣ
Сешанбе, 16 июни соли 2009. № 77 (21 584). Соли 85-уми нашр
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3235