номаҳо
Кай пули
Чашма ба
истифода
дода
мешавад?
-Дар шаҳри Норак бунёди баъзе иншоотҳои муҳими иҷтимоӣ тӯл мекашад,-изҳор дошт муовини раиси шаҳри Норак Миралӣ Сангов.- Аз ҷумла пули 33-метраи назди деҳаи Чашма, ки пайвандгари шоҳроҳи Душанбе-Норак аст. Сохтмони он ҳанӯз се сол қабл оғоз гардида буд, алҳол «гӯшти уштур хӯрдааст». Сабабашро пудратчии сохтмон- Ширкати «Строймет» дар сари вақт маблағгузорӣ нагардидани ин иншооти аҳамияти ҷумҳуриявидошта медонад.
Савол ба миён меояд, ки чаро масъулони сохтмон дар бобати ба итмом расонидани пули «гӯшти уштурхӯрда» мароқ зоҳир намекунанд.
Ҳусейн МИРЗОЕВ,
сокини шаҳри Норак
Сешанбе, 16 июни соли 2009. № 77 (21 584). Соли 85-уми нашр
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3239