logo

маориф

РОҒУН. САТҲИ ДОНИШ БОЛО МЕРАВАД

Фароҳам намудани шароити мусоид барои хонандагон ва омӯзгорони мактабҳо  дар шаҳри Роғун натиҷаҳои мусбат ба бор овард. Ин аст, ки соли сипаришуда дар маъракаи сафарбар намудани хатмкунандагон - довталабон аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти ҷумҳурӣ 252 нафар (52 дарсади шумораи умумии хатмкунандагон) ба донишгоҳу донишкадаҳои олии касбӣ ҳуҷҷат супориданд. Аз онҳо 132 нафар ба донишкадаҳо дохил гардида, унвони донишҷӯиро гирифтанд, ки дар миқёси ноҳияҳои тобеи марказ ин аз беҳтарин нишондиҳандаҳо ба шумор меравад.
Ҳамчунин, тавассути Маркази барномаҳои байналмилалӣ 18 нафар хатмкунанда дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Федератсияи Русия дохил шуда, ба таҳсил машғуланд. Тавассути нақшаи қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тибқи Квотаи президентӣ соли таҳсили 2015 - 2016 дар 21 ҷойи муқарраргардидаи 8 донишгоҳу донишкадаи ҷумҳурӣ 11 нафар духтар ва 10 нафар писар тариқи  озмун қабул гардиданд.
Яке аз самтҳои муҳиме, ки Сарвари давлат ҷиҳати рушди соҳаи маориф  доимо таъкид менамоянд, бо технологияи иттилоотӣ  таъмин намудани мактабҳо ва бо ин васила тарбия намудани кадрҳои навовару болаёқат мебошад.  Татбиқи барномаи компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр   127 дарсад иҷро шуд.
Чунонки Худойназар  Салимов, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Роғун, зикр кард, маркази технологияи иттилоотӣ - коммуникатсионии шуъбаи маориф  бо технологияи муосири иттилоотӣ  муҷаҳҳаз гардонда шуд. Ин имконият медиҳад, ки таҷрибаи пешқадами  омӯзгорони навовар тавассути наворҳо  дастраси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ гардонда  шаванд. Натиҷаи корҳои баанҷомрасондашуда нишон дод, ки сатҳи донишазхудкунии хонандагон аз 2,8 дарсади аввали соли 2015  ба 3,6 дарсад баланд бардошта шуд.
Кори муҳими дигар, ки дар ин давра ба иҷро расид,  мавриди истифода қарор гирифтани бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 2 барои 1176 нафар хонанда, дорои тамоми шароити мусоид мебошад. Бояд ёдовар шуд, ки хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии  № 15 - и деҳаи Паси Муҳраҳо ва № 47 - и деҳаи Каҷбед, ки қаблан дар хона - вагон ва ҷойи ҷамъиятӣ ҷойгир шуда буданд, ба ин муассиса ҷалб гардиданд.
- Ҳамқадами замон тарбия кардани насли ҷавон ва аз дастовардҳои илмиву техникӣ бархӯрдор гардидани онҳо, инчунин рафъи мушкилоти ҷойдошта  ҳамеша дар мадди назари мо қарор дошта, мақсади асосии мо мебошад, - иброз дошт  Х. Салимов.
      Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
 «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.04.2016    №: 70    Мутолиа карданд: 1103
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед