logo

маориф

"СУҒД: МУАССИСАҲОИ ТОМАКТАБӢ ТАВАҶҶУҲ МЕХОҲАНД"

Раёсати маорифи вилояти Суғд бо ин ном мақолаи мухбири махсуси  “Ҷумҳурият”  дар вилояти Суғд Ҷовиди Аштиро, ки  17 феврали соли 2015, № 34 (22.596) ба нашр расидааст, мавриди баррасии васеъ қарор дод.
Фаъолияти имрӯзаи муассисаҳои таълимии томактабӣ таваҷҷуҳи бештареро хоҳон аст. Ин масъала дар маркази диққати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва Раёсати маорифи он қарор дорад. Вобаста ба ин дар доираи Барномаи рушди муассисаҳои  таҳсилоти томактабӣ барои солҳои 2012-2016 дар шаҳру навоҳии вилоят  корҳои зиёду босамар анҷом ёфтаанд. Агар дар соли оғози татбиқи санади мазкур - соли 2012 теъдоди кӯдакистонҳо дар саросари вилоят 200 ададро ташкил дода бошад, пас имрӯз ин теъдод ба 237 расидааст. Баробари ин имрӯз дар шаҳру навоҳии вилоят боз сохтмони бинои 2 адад кӯдакистон дар арафаи  анҷомёбӣ мебошад.  Зиёда аз  ин теъдоди кӯдакистонҳои хусусӣ рӯ ба афзудан оварда, аз 23 ба 27 адад расидааст. Дар давоми як соли охир фарогирии тарбиятгирандагон ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ 2691 нафар афзуда, ба 38691 нафар расидааст.
 Раёсати маорифи вилоят  ба ташкили марказҳои инкишофи кӯдакон дар пойгоҳи   муассисаҳои таълимии миёнаи умумӣ  ҳамчун омили муҳими фарогирии тифлакон ба таълиму тарбия эътибори зарурӣ медиҳад. Дар муассисаҳои таълимии вилоят феълан 654 гурӯҳҳои  Марказҳои инкишофи кӯдакон  бо фарогирии 14280 нафар   фаъолият  доранд.  Алҳол теъдоди умумии фарогирии кӯдакон  бо таълиму тарбия дар шаҳру навоҳии вилоят  ба 19,6 дарсад расидааст, ки ин назар ба соли сипаригашта   3,6 дарсад  зиёд аст.
Вазъи таълиму тарбия дар  муассисаҳои таълимии томактабии вилояти Суғд  моҳи октябри  соли 2015  дар ҷаласаи сайёри ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифт. Дар ҷаласа бурду бохти соҳа муайян ва вазифаҳои минбаъдаи масъулон муқаррар карда шуданд. Раёсати маорифи вилоят  ҷиҳати ислоҳи саривақтии камбудиву норасоиҳои дар ҷаласаи мазкур баёншуда нақшаи чорабиниҳоро  тарҳрезӣ намуд ва дар партави он барои ҳарчӣ бештару беҳтар фарогирии кӯдакон ба таълиму тарбия тадбирҳои муассир меандешад.
О. КАРИМЗОДА,
сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.04.2016    №: 70    Мутолиа карданд: 1333
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед