суханрониҳо
Суханронии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ, Екатеринбург, 16 июни соли 2009
Раҳбарони мӯҳтарами давлатҳо,
Хонумҳо, ҷанобон ва меҳмонони мӯҳтарам!
Пеш аз ҳама ба ҷониби Русия, аз ҷумла Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Анатолевич Медведев барои сатҳи олии ташкили мулоқоти сарони давлатҳои аъзои СҲШ, инчунин истиқболи анъанавии дӯстона ва меҳмоннавозиашон самимона изҳори сипос менамоям.
Рӯҳияи мулоқотамон ба мо имкон медиҳад, ки масъалаҳои муҳимтарини рушди фаъолияти созмонро ҳамаҷониба ва судбахш таҳлил ва муҳокима намуда, ба зуҳурот ва таҳдидҳои замони ҳозира якҷоя ҷавоби арзанда дода тавонем. Муддати кӯтоҳи баъди мулоқоти дар Душанбе баргузоргардидаи сарони давлатҳои аъзои созмон дар таърих ҳамчун давраи зуҳуроти бӯҳронҳои сершумор боқӣ хоҳад монд. Проблемаҳои иқтисодӣ ва проблемаҳои дигаре, ки баъди он ба миён омаданд, хусусияти торафт бештар умумибашарӣ пайдо мекунанд. Имрӯз боварию эътимод ба тиҷорати ҷаҳонӣ ва хариду фурӯши озоди мол ба таври ҷиддӣ коҳиш ёфтааст. Миллионҳо одамон дар мамлакатҳоямон аз кор маҳрум гардида, ба ташвиш афтодаанд, ки аз куҷо барои худ маблағ ва қути лоямут пайдо кунанд.
Имрӯз таваҷҷӯҳи онҳо ба мулоқоти мо ва ба созмони мо равона гардидааст. Одамон мехоҳанд Созмони ҳамкории Шанхай дар ҳалли проблемаҳои ҳаётан муҳим ва рӯзмарраи минтақавию байналхалқӣ нақши асосӣ бозида тавонад.
Вазифаи мо барқарор сохтани боварию эътимоди мардум ба созмон ва вусъати ҳамкорӣ дар доираи он мебошад. Ҳамгироии ҳамаҷонибаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва истифодаи захираҳои гуманитарӣ барои бартараф сохтани проблемаҳои мавҷуда ва ба даст овардани ҳадафҳои рушди устувори давлатҳои аъзои созмон шароити зарурӣ ба миён меоранд.
Қисми зиёди проблемаҳои минтақаи АврОсиё хусусияти минтақавӣ ва байналмилалӣ доранд. Ҳалли онҳо танҳо ба муттаҳид сохтани ҷидду ҷаҳди ҳамагон ва такя ба муносибати эътимодбахши одамон дар соҳаҳои гуногуни фаъолияти муштаракамон мебошад, ки асоси онҳоро пеш аз ҳама ҳамкории иқтисодии мутақобилан муфид ташкил медиҳад. Бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ имрӯз ба ҳамаи давлатҳои аъзои созмон таъсири манфии худро расондааст. Дар мамлакати мо аз рӯи натиҷаҳои семоҳаи аввали сол афзоиши ҳаҷми Маҳсулоти умумии дохилӣ 3,5 %-ро ташкил дод, ки нисбат ба натиҷаҳои миёнаи солонаи ҳашт соли охир қариб 3 баробар кам аст.
Якбора паст гардидани нархи нахи пахта ва алюминий дар бозори ҷаҳонӣ ба буҷети давлатии мамлакати мо зарбаи калон гардид. Дар натиҷа маблағи умумии буҷети солонаи Тоҷикистон қариб чоряк баробар кам карда шуд. Ҳукумати мамлакат барномаи зиддибӯҳронии тадбирҳои заруриро таҳия намуд ва онро иҷро мекунад. Ин тадбирҳо натиҷаҳои аввалини худро медиҳанд, вале онҳо комилан кифоя нестанд. Мусаллам аст, ки тадбирҳои дар сатҳи як мамлакат андешидашударо бо тадбирҳои самарабахши мамлакатҳои дигари аъзои созмон, аз ҷумла Чин ва Русия ғанитар гардондан зарур аст. Ҳаминаш ҳам зарур аст, ки мо якҷоя роҳҳои бартараф сохтани оқибати бӯҳронро ҷустуҷӯ кунем. Ин ба «рӯҳияи Шанхай» ва вазифаҳои оинномавии созмони мо ҷавобгӯ мебошад. Бо ин мақсад пешниҳод мекунам, ки мулоқоти вазирони молия ва роҳбарони бонкҳои миллӣ ташкил карда шавад. Боварӣ дорам, ки онҳо бо истифода аз таҷрибаи андӯхташуда ҳамкории моро сифатан густариш дода метавонанд. Мо ҳамчунин аз Иттиҳодияи байнибонкӣ ва Шӯрои тиҷоратии созмон интизори пешниҳоду ғояҳои наву тоза ва навоварона мебошем.
Имрӯз дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай бештар аз пештар барои амалӣ сохтани ғояҳои асосии Аҳдномаи Бишкек дар бораи мусоидат ба пешрафти ҳамдигар, ғанӣ гардондан ва расондани кӯмак ба ҳамдигар бояд тадбирҳои нави иловагӣ ва ғайримуқаррарӣ андешида шаванд. Умедворем, ки Русия ва Чин ба мо дар бобати иҷрои барномаҳои фаръӣ кӯмак хоҳанд расонд. Муносибати умумӣ ва якҷояи давлатҳои аъзои созмонро дар соҳаи нақлиёт низ нишон додан зарур аст. Захираю имкониятҳои транзити мол дар минтақаи АврОсиё ниҳоят бузурганд. Истифодаи пурраи ин имкониятҳо бо роҳи тезонидани суръати сохтмони роҳҳои байнидавлатӣ ва байниқитъавӣ ба манфиати ҳамаи мо мебошад. Кушодани роҳҳои баромад ба бандарҳои ҷанубии уқёнуси Ҳинд ва баҳри Араб ба воситаи шабакаи роҳҳои мошингарди Афғонистон барои вусъати тиҷорати байналхалқӣ имкониятҳои нав ба миён оварда, ба пешрафти иқтисодии мамлакатҳои аъзои созмон мусоидат хоҳад кард. Дар робита ҷараёни гуфтушунидро анҷом дода, барои муҳайё сохтани шароити мусоид ҷиҳати ба роҳ андохтани ҳамлу нақли байналхалқии мол ба воситаи нақлиёти автомобил созишнома имзо кардан лозим аст. Вобаста ба бӯҳрони иқтисодӣ аҳамияти густариши ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ низ аҳамияти калон пайдо мекунад. Бояд гуфт, ки бӯҳрони озуқа ҳанӯз бартараф нашудааст. Нархи қисми зиёди озуқа дар заминаи кам шудани истеҳсоли маҳсулоти саноат то рафт баландтар мегардад. Мулоқоти вазирони соҳа метавонад барномаҳои нави стратегии ҳамкориро дар соҳаи кишоварзӣ муайян намояд. Дар ин соҳа мавриди истифода қарор додани технологияҳои навтарин, парвариши навъҳои нави зироат ва баҳрабардорӣ аз дастовардҳои охирини илми кишоварзӣ аҳамияти калон дорад. Маълум аст, ки баъди ҳар бӯҳрони иқтисодӣ давраи пешрафту тараққиёт фаро мерасад. Вазифаи умумии мо на танҳо то ҳадди имкон камтар сохтани оқибатҳои иҷтимоии бӯҳрони имрӯзаи молиявӣ дар мамлакатҳоямон, балки намоиш додани иқтидори бузурги созмон мебошад. Созмони ҳамкории Шанхай имрӯз созмони муташаккил ва мукаммале мебошад, ки симои худро дошта, дар баробари ин имкониятҳои калони рушду пешрафт дорад. Ҳамкории рӯзафзун дар доираи СҲШ таваҷҷӯҳи бисёр давлатҳо ва созмонҳои байналхалқиро ба муқаррар намудани муносибатҳои бисёрҷониба бо созмони мо бештар мегардонад. Ба Шри-Ланка ва Ҷумҳурии Белорус додани мақоми шарики СҲШ ба ин шаҳодат медиҳад.
Мусаллам аст, ки ин сабаби афзунтар гардидани обрӯю эътибори СҲШ дар арсаи байналхалқӣ хоҳад гашт. Бинобар ин аз роҳбарияти нави Котиботи СҲШ ва Кумитаи иҷроияи Созмони минтақавии зиддитеррористӣ хоҳиш карда мешавад, ки анъанаҳои беҳтарини созмонро идома дода тавсеа бахшанд. Ҳар гуна созмон, ки фаъолияташро тавсеа дода, такмил ёфтан мехоҳад, бояд мувофиқи талаби замон ва тақозои иҷрои вазифаҳои нави рушди хеш фаъолияташро мунтазам такмил диҳад. Дар замина, масъалаи қабули мамлакатҳои нав ба узвияти созмон бояд ҳамаҷониба таҳлил намуда, оқибатҳои мусбату манфии он ба назар гирифта шаванд.
Пешниҳод мекунам, ки ин масъала дар мулоқоти ояндаи мо муҳокима карда шавад. Мо бояд то 10-солагии таъсиси СҲШ қарорҳое қабул кунем, ки онҳоро ҷомеа ва шариконамон интизоранд. Тоҷикистон бештар сохтани теъдоди мамлакатҳои аъзои СҲШ-ро тарафдорӣ намуда, ҳаминро ба назар мегирад, ки дар баробари муттаҳидӣ ва дастгирии ҳамдигар, иқдоми мазкур бештар сохтани аҳамият ва нуфузи созмонро дар арсаи ҷаҳон намоиш хоҳад дод. Рушди ҳамаҷонибаи созмон нақши онро дар муқаррар намудани тадбирҳои самарабахши таъмини амнияти минтақа бештар хоҳад кард. Таҷрибаи калони андӯхтаи созмон дар бобати заиф гардондани терроризм, ифротгароӣ ва ҷудоихоҳӣ омили муҳими таҳкими амният ва суботи вазъияти минтақа гардидааст.
Мо имрӯз барномаи СҲШ-ро дар бораи тақвияти мубориза ба муқобили терроризм имзо карда, ҳамкории худро дар ин соҳа ба сатҳи сифатан нав хоҳем бардошт. Вазифаи мо афзун гардондани қобилияти созмон дар мубориза ба муқобили хавфи воқеие мебошад, ки аз «се бадбахтӣ» бармеоянд. Ин таҳдидҳо солҳои оянда низ боқӣ хоҳанд монд. Дар баробари ин якбора авҷ гирифтани онҳоро сарфи назар кардан мумкин нест. Хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадор навъи махсуси ин таҳдидҳо мебошад. Мо дар мубориза ба муқобили ин зуҳуроти номатлуб танҳо ба туфайли тадбирҳои якҷоя ва истифодаи ҳамаи усулу воситаҳои имконпазир натиҷаи дилхоҳ ба даст оварда метавонем.
Бо ин мақсад пешниҳодҳои дар конфронси махсуси бахшида ба Афғонистон ба миёнгузошташударо, ки таҳти васояти СҲШ дар Маскав баргузор гардид ва мулоқотҳои дигари байналхалқиро, ки дар давоми нимаи аввали соли 2009 баргузор гардидаанд, бояд пурра истифода бурд.
Ҳамаи мо манфиатдорем, ки Афғонистон ба мамлакати осудаю мутараққӣ ва босубот табдил ёбад. Интихоботи президент ва мақомоти маҳаллии ин мамлакат 20 августи соли 2009 баргузор мегардад. Ин воқеа барои Афғонистон дар бобати устувории тартиботи қонунӣ имтиҳони нави ҷиддӣ хохад гашт. Интихобот ояндаи Афғонистонро муайян менамояд. Мо бояд ба халқи афғон кӯмак расонем, ки роҳи худро ба сӯи сулҳу субот устуворона давом дода тавонад. Барои ба куллӣ тағйир додани вазъияти имрӯзаи Афғонистон на танҳо аз имкониятҳои ҳамкории мамлакатҳои аъзои СҲШ ва СААД, балки аз имкониятҳои ИМА, НАТО ва Иттиҳоди Аврупо истифода бурдан лозим аст. Шароите, ки ба интиқоли маводи нашъадор тавассути сарҳадҳои давлатҳои аъзои СҲШ мусоидат мекунад, ба содир гардидани ҷиноятҳои дигари минтақавӣ ва байналхалқӣ низ шароит муҳайё месозад. Дар байни онҳо қочоқи аслиҳа ва лавозимоти ҷангӣ, маводи тарканда, заҳрнок ва радиоактивӣ, инчунин муҳоҷирати ғайриқонунии одамон хавфи бештар доранд. Таҳдиди қочоқи маводи зикршударо ба ҳар ду самт нодида гирифтан мумкин нест, бинобар ин мубориза ба муқобили онҳо низ бояд ба вазифаҳои таъмини амнияти умумии мо мансуб дониста шавад. Таҷрибаи гузаронидани машқҳои муштараки зиддитеррористиро дар доираи СҲШ идома додан зарур аст. Мо солҳои охир бо таҳдидҳо ва зуҳуроте рӯ ба рӯ гардидем, ки сарҳадҳоро ба инобат нагирифта, ба манфиати ҳамагон ва ҳар фард дахолат мекунанд. Ягон мамлакат бӯҳронҳои ҷаҳонии молиявӣ ё озуқа, тағйир ёфтани иқлим ё проблемаҳои ҷиддии соҳаи тандурустиро танҳо бо қувваю имкониятҳои худ бартараф карда наметавонад. Ҳаҷми паҳн гардидани бемориҳои ба ҳамагон маълум вобастагии мутақобилаи мамлакатҳои моро бори дигар равшан нишон доданд.
Худи ҳаёт зарурати пешгӯӣ кардан, пешгирӣ намудан, андешидани тадбирҳои зарурӣ мувофиқи талаби замон ва қабули қарорҳои ғайримуқаррарии самарабахшро барои беҳтар сохтани шароити зиндагии мардум ба зиммаи созмони мо мегузорад. Мо бояд ба манфиати шаҳрвандони мамлакатҳоямон хизмат кунем.
Ба диққататон ташаккур.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3084