logo

маориф

РУСИЯ ТЕЪДОДИ КВОТАҲОИ СОҲАИ ТИБРО ЗИЁД НАМУД

Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ -  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола ба Маҷлиси Олӣ аз норасоии кадрҳои соҳаи тиб изҳори нигаронӣ карда, зикр намуд, ки Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон аз уҳдаи таъмини пурраи аҳолӣ бо кадрҳои тиббӣ намебарояд ва ҳоло дар кишвар қариб 6 ҳазор табиб намерасад.

Тавре ки Исматулло Шодиев, роҳбари Маркази барномаҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илм, ҳангоми суҳбат иброз дошт, дар асоси дархости Вазорати маориф ва илми кишвар имсол Русия барои шаҳрвандони Тоҷикистон квотаҳои таҳсил дар соҳаи тиб, риёзӣ ва амнияти иттилоотиро бештар кардааст.
Тибқи иттилои Вазорати маориф ва илм, ҳоло дар тамоми минтақаҳои кишвар нуқтаҳои бақайдгирии довталабон  таъсис ёфтаанд. Довталабони тоҷик метавонанд барои ширкат дар озмун ва дарёфти квотаҳо, то моҳи июни соли равон имтиҳон супоранд. Барои иштирок дар озмун донистани забони русӣ ҳатмист. Нафароне, ки аз озмун мегузаранд, дар донишгоҳҳои Русия ройгон таҳсил хоҳанд кард.
Бар асоси омори расмии Вазорати маориф  ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон феълан дар Федератсияи Русия 9102 донишҷӯи тоҷик таҳсил мекунад.

Раҳматулло КАРИМОВ,«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.04.2016    №: 71    Мутолиа карданд: 1428
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед