logo

маориф

ВМКБ: ДОВТАЛАБОН ФАЪОЛ НЕСТАНД, ЧАРО?

Аз соли 2014 инҷониб дар мактабҳои олӣ ва коллеҷҳои Тоҷикистон низоми нави қабули довталабон ҷорӣ гардид, ки он аз тариқи Маркази миллии тестӣ сурат мегирад. Ин тадбир шаффофияти қабули довталабонро ба мактабҳои олӣ ва миёнаи махсус таъмин кард.
Ҷиҳати амалӣ намудани ин низом соли аввал дар маркази вилоят як нуқтаи бақайдгирии Маркази миллии тестӣ ва солҳои минбаъда бо талаби сокинон дар навоҳии дурдасти он нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ таъсис дода шуданд, ки ин мушкилоти довталабонро хеле осон гардонд. Соли равон, ба ин мақсад, дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ 4 нуқтаи бақайдгирӣ ташкил шуда, ҳамарӯза фаъолият дорад. Ҳамчунин, дар марказҳои ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Ишкошим, Мурғоб ва Рӯшон нуқтаҳои бақайдгирии сайёр амал мекунанд. Барои таъмини фаъолияти пурсамари нуқтаҳои бақайдгирӣ онҳо аз тарафи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сари вақт бо таҷҳизоти техникӣ ва маводҳои иттилоотӣ таъмин мешаванд. Айни ҳол дар ҳамаи нуқтаҳои бақайдгирии вилоят давраи бақайдгирии довталабон идома дорад. То ба имрӯз 60 дарсади нақшаи сабти довталабон дар нуқтаҳои бақайдгирӣ ба иҷро расидааст.
Вале тавре таҳлилҳо нишон медиҳанд, маъракаи бақайдгирӣ дар ҳамаи ноҳияҳо мувофиқи матлаб нест. Вазъият, махсусан, дар ноҳияи Рӯшон нигаронкунанда аст. Дар ин ноҳия то ба ҳол аз миёни 459 нафар хатмкунанда танҳо 62 нафарашон ба нуқтаи бақайдгирии Маркази миллии тестӣ муроҷиат кардаанд. Дар ноҳияҳои Мурғоб, Дарвоз, Ванҷ ва шаҳри Хоруғ низ раванди бақайдгирӣ қонеъкунанда нест. Дар шаҳри Хоруғ аз 472 нафар хатмкунанда то 8 апрел дар нуқтаи бақайдгирӣ ҳамагӣ 234 нафар сабти ном шудаанд. Дар ноҳияи Мурғоб аз 191 хатмкунанда дар нуқтаи сайёри бақайдгирӣ ҳамагӣ 51 нафар номнавис шудаанд. Дар ин бора Мадина Шоназарова, сардори бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ, дар машварати назди раиси вилоят хабар дод.
Шодихон Ҷамшед, раиси вилоят, зимни баррасии ин масъала аз фаъолияти Раёсати маорифи вилоят, шуъбаҳои маорифи шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳо дар ин самт, ҷараёни сусти бақайдгирӣ дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Рӯшон, Дарвоз, Ванҷ ва Мурғоб изҳори норозигӣ кард. Зикр гардид, ки маъракаи бақайдгирӣ ба тарғиботи бештар ниёз дорад. Боиси нигаронист, ки дар маҷмӯъ аз 3424 нафар хатмкунандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят то ба ҳол ҳамагӣ 1952 нафар сабти ном шудаанд.
Шодихон Ҷамшед аз роҳбарияти шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Рӯшон, Дарвоз, Ванҷ ва Мурғоб, Раёсати маорифи вилоят, шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо талаб кард, ки дар рӯзҳои боқимондаи марҳилаи бақайдгирӣ сабти ном шудани аксари хатмкунандагонро таъмин намоянд.
 Раҳмони ГУЛЗОР,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.04.2016    №: 71    Мутолиа карданд: 1475
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед