logo

номаҳо

ҲАР СУХАН ҶО ДОРАДУ...

Дар маъракаи “Бегоҳи охир” иштирок кардам.  Бибиотун дар кати махсуси пешгаҳи ҳавлӣ нишаста, вазъ мегуфт. Албатта, дар рӯзҳои мотам зикри хайри рафтагон анъанаи хуб аст, аммо мавзӯи интихобкардаи бибиотун барои вазъгӯӣ мувофиқ набуд. Агарчи  маҳз ҳамин мавзӯъ: “ Қадр намудан ва эҳтиром кардани падару модар” маро ба андеша кардан водор кард.

Бибиотун дар бораи эҳтироми волидайн ва ҳаққи онҳо пеши фарзандон сухан меронд. Ман ба аҳли ҷамъомадагон назар дӯхтам: ҳамагӣ (агар ду-се нафар хизматчиёнро ба ҳисоб нагирем) аслан занҳои калонсоле буданд, ки кайҳо падару модари худро ба хок супоридаанд. Ба онҳо дар ҳаққи падару модар сухан гуфтан, аз як тараф аламашонро тоза кунад, аз тарафи дигар хорияшонро бедор месозад, зеро фарзандонашон назар ба нақле, ки бибиотун менамояд, эҳтироми онҳоро ба ҷо намеоранд. Зане, ки дар паҳлӯи ман нишаста буд, оби дидаашро пок карда гуфт: - Ана, чӣ қадар ҳаққи ман бузург будаасту бачаҳоям қадрамро намедонанд, гапамро ду мекунанд, аз гуфтаам сар мепечанд. Дирӯз келин саҳар хеста рӯи ҳавлиро нарӯфт гуфта ҷанг кунам, писарам ба ҷойи маро тарафгирӣ кардан, тарафи ӯро гирифт. Мо ҳам келин будем. Аз хати кашидаи хушдоманамон нагузашта кам шудем - мӣ? Аз ин ҷо равам, бо онҳо дигар хел гуфтугӯ мекунам.
Ба ин мазмун чанд нафар занон фикри худро баён карданд ва оби дида рехтанд, ки мурда - мурда бача калон карданду беқадр шуданд.
Дар бораи эҳтироми падару модар сухан рондан ҳатмист ва онро бояд ба насли наврас, ҷавонон омӯхт. Аммо баррасии ин мавзӯъ бояд дар нишасте баргузор гардад, ки ҷамъомадагон наврасону ҷавононанд. Баррасии ин мавзӯъ дар нишасти калонсолон чӣ натиҷа медиҳад? Онҳо ба қадри худ месӯзанд ва бо фарзандонашон ҷанҷол мебардоранд, ки барояшон ину онро накарданд. Масалан, на ҳар фарзанд қудрат дорад, ки волидайнашро ба зиёрати Каъба фиристонад. Ва ё талоқ додани зан аз тарафи мард танҳо ба он хотир аст, ки ситораи модараш ба занаш рост наомад, нишони эҳтироми модар нест. Фикр мекунам, ки бибиотун ва домуллоҳо дар маъракаҳо бояд вобаста ба аҳли нишаст мавзӯи суханронии худро интихоб намоянд:  наврасону ҷавонон дар ҳама ҳолат бе насли калонсол худро бе пушту паноҳ эҳсос мекунанд ва масъулияти калонсолон низ пеши онҳо бисёр аст, зеро онҳо чизеро, ки омӯхтанд ва ба мерос гирифтанд, ҳамонро давом медиҳанд. Охир, волидайн низ пеши фарзандон масъуланд. Чаро падареро, ки фарзандонашро партофта, аз пайи зани дигар мешаваду кӯдаконашро ақаллан боре ҳам намепурсад, касе маломат намекунад? Кӯдак бо модари худ бо чӣ қадар хорию зорӣ ба воя мерасад ва агар “падар”-ро эътироф накунад, ҷамъият ӯро маҳкум мекунад.
Албатта, ин мавзӯи бисёр нозук аст ва мавҷудияти чунин муаммоҳоро ба дӯши бибиотуну домуллоҳо бор карданӣ нестам, муроди ман фақат ҳамин нукта буд, ки халқи мо ба суханони онҳо эътиқоди зиёд доранд ва онҳо метавонанд ба ҳалли мусбати бисёр масъалаҳо саҳми худро гузоранд.
Бинобар ин дар чунин маросимҳои оммавӣ бибиотунҳои мо набояд ҳарчи хоҳиш доранд, гӯянд, балки ҳатман аз рӯи мақоми «ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад», амал намоянд.

Матлуба ЁРМИРЗОЕВА,
шаҳри Хуҷанд


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.04.2016    №: 72    Мутолиа карданд: 9911
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед