logo

маориф

ГӮЯМ Ё НАГӮЯМ? ДАР ИН БОРА ҲАР КӢ ГУФТ, ГӮЁ НАГУФТ

Ман донишҷӯям, аз деҳоти дурдаст ба пойтахт барои таҳсил омадаам, балки  меҳмонам. Фарқ миёни шаҳри дилорои Душанбе ва деҳаи ман чун замину осмон аст, гӯё дунёи дигар аст Душанбе, ки омӯхтанист. Вале боз ҳам мешаванд ҳолатҳое, ки аз деҳотӣ буданам фахр мекунам ва шукр мегӯям, ки таҳсилдидаи як мактаби дурдастам. Тӯли 11 соле, ки дар мактаби деҳа хондам, ҳамагӣ соли охири хониш барои шиносномаву боз сурату ҳам лавозимоти муҳими дигар дастаҷамъона маблағ ғундоштем, ки ба қавли модарам «ин таомул аз омадшуди дунё будааст». Касе, на волидайн ва на худи хатмкунандаҳо онро кирои гап намедонистанд.
Вале мушоҳидаҳое, ки дар меҳмонӣ дорам, торафт озурдахотирам мекунанд. Нимаи аввали моҳи сентябр буд, ки бародарзодаам ба дасти духтараки синфи нуҳумхонаш «муаллимпулӣ» дод; 60 сомонӣ  барои 3 нафар. Намедонам барои чӣ, вале аз назари  ман ин кирдор  бе он ки эътибор диҳам, гузашт. Танҳо моҳи ноябр (боз ҳам дар нимаи аввал) вақте манзараи аҷиберо субҳи барвақт мушоҳида мекардам, қавл додам, ки дар ин бора бояд  навишт. Манзара ин буд: ҷиянчаи синфи сехонам «барои чӣ пули маро апаам мебарад»,- гӯён талх ва бо тамоми овоз гиря кард. «Дар синфи мо ҳама худашон пули муаллимро медиҳанд» гуфта, дар ҷойи истодааш по мезад. Модари бечора маҷбур як бист сомониро ба дасти фарзандаш  қапонда, ӯро ором  ба мактаб гуселонд.
- «Муаллимпулӣ», яъне  чӣ, пурсидам аз соҳибхона.
- Ин таомули  мактабҳои  шаҳр аст, ҳамеша  барои таҳсили якмоҳа пешакӣ дар мувофиқа бо кумитаи падару модарони мактаб аз 15 то 30 сомонӣ ба ҳар як хонанда ҷамъ карда месупорем. Ин кор барои ҳавасмандии муаллимон  равона карда шудааст.
-Магар ин қонунӣ аст?
- Не, ба фикрам. Чанд бор баъзе аз волидон шикоят бурданд, вале ҳамин ки намояндагони масъул барои тафтиш меомаданд, ин даъвоҳо исботи худро намеёфтанд. Ҳатто худи даъвогарон ё намеомаданд ё баръакси навиштаашон  худро пеш аз ҳама «сафед» мекарданд.
- Шумо чӣ? Боз ҳам ҳайронтар шуда мепурсам аз ӯ.
- Мо ҳеҷ чиз. Барои  фарзанд  20  сомонӣ дар як моҳ додан чандон душвор нест. Муаллимон низ ба қадри ин ташаббус расанд, хуб мебуд. Албатта, агар ин ихтиёрӣ  мешуд, боз беҳтар. Ба  фикрам баъзе оилаҳо имкони барои панҷ фарзанд  то 100 сомонӣ дар як моҳ супориданро надоранд. ..
Бале, ман низ дар андешаам, ки ҳамин нодорӣ баъзан сабаби нофаҳмиҳо миёни волидайн ва фарзандон мегардад. Масалан, Қувваталӣ Ҷаъфаров,  сокини ноҳияи Синои шаҳри  Душанбе,  иброз медорад: «Дар оила  4 - фарзанди мактабхон  дорам, ҳар моҳ супоридани пули моҳона на танҳо барои ман,  балки  барои аксари оилаҳо душвор аст. Вақте мактаб шахсӣ набошад, пас чӣ ҳоҷат барои супоридани пули моҳона. Давлат маблағҳои зиёде ҳамасола ба соҳаи маориф  ҷудо мекунад. Муаллимон ҳам беимтиёз нестанд. Барои ҳамин бояд ин масъала  ҷиддӣ  пайгирӣ карда шавад».
Воқеан, дуруст  аст. Барои  ҳамин  хуб  мебуд, ки кумитаҳои падару модарон ин паҳлуи масъаларо низ мавриди назар қарор диҳанд. Ҳам кам нестанд нафароне, ки ба қавле «аз пашша фил сохта» обрӯи муаллимонро рехтан мехоҳанд...
Аз ин андешаҳо гиреҳи ин муаммо якбора печидатар шуд. Гӯям ё нагӯям. Оё,  воқеан  мактаб  гунаҳгор  аст, ё кумитаи падару модарон ё волидайн. Ё худи ман, ки ба ин масъалаи нозук даст задан мехоҳам.
Ниҳоят ба хулосае омадам, ки барои ислоҳи ин зуҳуроти  нохуб як пешниҳод кунам. Волидон на бояд фарзандони худро аз хурдӣ ҳамчун манбаи  додугирифт  қарор  диҳанд. Тасаввур  кунед, кӯдаки  синфи 3 барои «муаллимпулӣ» гиря мекунад. Яъне ӯ аз ҳозир   сари вақт бурда додани ин маблағро  боиси    обрӯмандии худ миёни  ҳамсабақон медонад, ки ин хеле нигаронкунанда аст. Ба ибораи дигар кӯдак ба воситаи пул обрӯ  харидан мехоҳад.
Давоми  қариб ду моҳ ҳар  касеро мешинохтаму  акнун шинохтам, вобаста ба ин масъала сухан мекушод.  Мутаассифона, аксаран ҷой доштани чунин  равандро  бахусус дар мактабҳои    Душанбешаҳр тасдиқ намуданд. Яъне  мақоли «то шамол нашавад, барги дарахт  намеҷунбад» гӯё  маҳз  барои  ҳамин  ҳолат   гуфта  шуда бошад.
Пас чӣ  бояд кард? Ин саволест, ки аз масъулони   соҳа дар шаҳри Душанбе  посухи   амиқу   дақиқ   мехоҳад.

Сарвиноз ШОДМОНОВА,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.04.2016    №: 72    Мутолиа карданд: 1503
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед