logo

маориф

«ТАҲСИЛИ ПУЛАКИИ ИЛОВАГӢ. ЧАРО?»

Мақолаи Н. Абдулло бо номи «Таҳсили пулакии иловагӣ.
Чаро?», ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият», 27 ноябри соли 2015 ба
табъ расидааст, баррасӣ шуд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» санади меъёрӣ-ҳуқуқие мебошад, ки Вазорати маориф ва илми кишвар аз рӯи он фаъолияти худро ба роҳ мондааст ва банди 58-и ҳамин қонун таҳсили пулакии иловагиро иҷозат додааст. Чунончи, дар қонуни мазкур оварда шудааст: «Муассисаҳои таълимӣ ҳуқуқ доранд, ки фаъолияти таълимӣ ва мувофиқ ба ихтисосҳои дахлдори соҳавӣ фаъолияти таълимии пулакиро ба роҳ монанд».
Мутобиқи талаботи Низомнома, асос барои ташкил намудани дарсҳои иловагӣ дар баробари қарори Шӯрои педагогии муассисаи таълимӣ қарори маҷлиси падару модарон низ мебошад. Бинобар ин, «фармоишгар» дар айни замон, волидайни хонанда метавонанд бо хоҳиши фарзандашон вобаста ба касби интихобнамудаи ӯ равияро (ҷамъиятӣ – гуманитарӣ ё табиӣ – риёзӣ) интихоб намуда, аз рӯи дарсҳои асосии равияи интихобкардааш барои гирифтани дарсҳои иловагӣ бо муассиса шартнома бандад.
Чуноне ки муаллиф худ қайд кардааст ва ба ҳама саволҳои худ ҷавоби қонеъкунанда низ овардааст, яъне таҳсили пулакии иловагӣ ихтиёрӣ мебошад. Инчунин, литсейҳо ва гимназияҳо ба равияҳо ҷудо шудаанд, тибқи талаботи низомномаҳои худ дар литсейҳо аз рӯи равияи табиӣ – математикӣ ва дар гимназияҳо аз рӯи равияи ҷамъиятӣ – гуманитарӣ таҳсил ба роҳ монда мешавад ва хонандагоне, ки ба таҳсили пулакии иловагии ихтиёрӣ ҷалб шудаанд, аз ҷониби муассиса барои онҳо дар соати муайян бо назардошти танаффус ва вақти хӯрдани ғизо бояд ҷадвали дарсҳои иловагӣ таҳия намуда, онҳоро ба таълим фаро гиранд.
Боиси зикр аст, ки ҳарчанд дар гимназия ва литсейҳо таҳсили пулакӣ дар асоси шартнома ба роҳ монда шуда бошад ҳам, муассиса хулосаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бояд дошта бошад.
Дар фарҷоми сухан аз минбари рӯзномаи бонуфузи ҷумҳуриявӣ истифода бурда, ба маълумоти шаҳрвандон расониданием, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумии давлатӣ тибқи қонунгузории амалкунанда таҳсили ройгон кафолат дода шудааст. Тамоми намудҳои маблағҷамъкунӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии давлатӣ ба истиснои дарсҳои аз барномаи таълимӣ берун ҳамчун дарсҳои иловагӣ, ки бо қарори Шӯрои педагогии муассиса, протоколи маҷлиси падару модарон ва шартномаи дутарафа байни муассисаи таҳсилоти умумӣ ва волидайн басташуда, бо таҳияи ҷадвали дарсии алоҳида ба роҳ монда мешавад, ғайриқонунӣ мебошад.
А. АЛИЕВ,
сардори раёсати таҳсилоти томактабӣ
ва миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.04.2016    №: 72    Мутолиа карданд: 1425
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед