logo

маориф

«БАРНОМАИ ДАВЛАТӢ: МАОРИФ НАБОЯД АЗ МАСЪАЛАҲОИ ЭКОЛОГӢ ДУР БОШАД»

Мавзӯъ ва масъалае, ки О. Гулбердиева дар мақолаи «Барномаи давлатӣ: маориф набояд аз масъалаҳои экологӣ дур бошад» («Ҷумҳурият», № 234, 25.11.2015) мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор додааст, хеле саривақтӣ ва ҷолиб мебошанд. Дарвоқеъ, имрӯз ҷаҳони мутамаддинро хатарҳои зиёди глобалӣ таҳдид мекунанд, ки яке аз онҳо зиёну фалокатҳои экологӣ ба шумор меравад. Ҳамин вазъ, мутаассифона, дар Тоҷикистон низ ба ҳар навъу шакле аз худ дарак медиҳад, ки онро нодида гирифтан аз рӯи инсоф нест.
Ба ҳамин хотир, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» - ро қабул карда, татбиқи онро назорат мекунад. Ин ҷо мо перомуни баъзе андешаҳои муаллифи мақола чанд нуктаро қайд кардан мехоҳем.
О. Гулбердиева менависад: «Низоми мавҷудаи тарбияи экологии аҳолӣ ва тайёр намудани кадрҳо низ ба таври кофӣ шумораи зарурии мутахассисонро таъмин карда наметавонад ва воқеан, дар ҳамаи соҳаҳои илм, табиатшиносӣ, хоҷагии ҷангал, соҳаи ҳифзи муҳити зист нарасидани мутахассисони баландихтисос ба назар мерасад. Муҷаҳҳазсозии нокифояи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ, усулҳои номукаммали таълим, набудани шабакаи иттилоотӣ ба сифати таълим таъсири манфӣ мерасонанд».
Бо камоли эҳтиром ба таваҷҷуҳи муаллиф О. Гулбердиева мерасонем, ки то Истиқлолияти давлатии кишвари азизамон дар хусуси тарбияи экологӣ ва омӯзиши доманадору бавусъати он амали муассиру мондагоре ба роҳ монда нашуда буд. Маҳз баъд аз ба даст овардани истиқлолияти комил дар тамоми донишкадаю донишгоҳҳои олӣ, коллеҷу литсейҳо, муассисаҳои такмили ихтисоси кормандони соҳаи маориф таълими фанни «Экология» мунтазам роҳандозӣ гардид. Аз ҷумла, дар макотиби олӣ соле 32 соат дар ҳамаи факултаҳо ин фан омӯзонида мешавад. Ҳамчунин, дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз соли 2007 фанни «Экология» мавриди омӯзиши мактабиён қарор гирифтааст. Ҳадафи ниҳоӣ аз ҷорӣ намудани фанни мазкур ошноии бештару огоҳмандона аз вазъи муҳити зист, баланд бардоштани фарҳангу маърифати экологии насли наврас, ҳифзи боигариҳои табиат ва тозаву пок нигоҳ доштани гирду атроф мебошад.
Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ тамоми чораҳоро дар раванди таълими судмандтари фанни «Экология» андешида истодааст.

Дафтари матбуотии Вазорати маориф ва илм


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.04.2016    №: 76    Мутолиа карданд: 1651
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед