маориф
ТАҶРИБАОМӮЗӢ. ЧАРО БА ОН МУНОСИБАТ ҶИДДӢ НЕСТ?
Дар донишгоҳҳои таҳсилоти олӣ давраи таҷрибаомӯзии донишҷӯён оғоз гардид. Таҷрибаомӯзӣ ҳамчун қисми асосии ҷараёни таълим барои баланд бардоштани маҳорати касбӣ дар асоси омӯзиши таҷрибаи кории фаъолияти муассиса, ташкилот, корхона, тақвият бахшидан ба малакаи тахассусӣ дар иҷрои корҳои мустақилона мусоидат мекунад.
Бо вуҷуди мавсимӣ сафарбар намудани донишҷӯён ба истеҳсолот ба корхонаву муассисаҳои кишвар, мутаассифона, дониши назариявӣ ва малакаи касбии онҳо барои фаъол будан дар раванди таҷрибаомӯзӣ ва баъд аз хатми донишгоҳ ба кор шурӯъ кардан, кифоя нест. Ин масъала ҳамеша мавриди таваҷҷуҳ ва баҳс миёни муассисаҳои таълимӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ қарор дорад, донишҷӯён аз бемасъулиятии баъзе аз роҳбарони корхонаҳо ва роҳбарон баръакс аз паст будани сатҳи дониши тахассусии донишҷӯён ва беаҳамиятии онҳо нисбат ба таҷрибаомӯзӣ изҳори нигаронӣ мекунанд.
Ба гуфтаи Зоирхон Беков, масъули бахши кредитии Бонки “Эсхатаи” - и Тоҷикистон, аз худ кардани нозукиҳои касб дар рафти таҷрибаомӯзӣ аз малака ва истеъдоди донишҷӯ вобастагии калон дорад. – Агарчи дар вақти таҷрибаомӯзӣ ба корхона танҳо ба хотири пур кардани дафтарчаи таҷрибавӣ меомадем, хатогии маҳз буд. Фикр мекунам, бемасъулиятӣ аз худамон сар задааст. Аммо боз андеша мекунам, ки роҳбари корхона низ ба мо бояд шахси масъулро (роҳбари таҷрибаомӯзӣ дар идора) вобаста мекард, - мегӯяд ӯ.
– Таҷрибаомӯзиро танҳо ба донишҷӯ ҳавола кардан дуруст нест. Тартиби гузарондани таҷрибаи истеҳсолӣ, тахассусӣ ва пешаздипломии толибилмонро бояд муассисаҳои таълимӣ дар якҷоягӣ бо корхонаҳои истеҳсолӣ дар асоси шартномаҳои дутарафа таҳти назорати қатъӣ гиранд. Сараввал муовинони ректор оид ба таълим бояд кори шуъбаҳои зертобеъи худро ҷиддӣ назорат баранд, мудирони шуъбаҳо бошанд, муносибати худро нисбат ба фаъолияти роҳбарони таҷрибаомӯзӣ барои пешниҳод намудани ҳисоботи дақиқу возеҳ тағйир диҳанд, масъулияти бештар ҳис намоянд. Дар ин самт донишгоҳ чораҳои мушаххас андешида истодааст, - иброз дошт Одиназода Ҳайдар Одина, ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ. – Алъон донишҷӯёни донишгоҳ дар соҳаҳои геодезӣ, геологӣ ва меъморӣ аз таҷрибаомӯзии таълимӣ ва истеҳсолӣ гузашта истодаанд. Барои иштироки фаъолонаи онҳо дар таҷрибаомӯзӣ, ки ҳамасола дар фасли гармои тобистон мегузашт, минбаъд дар давраи академӣ, яъне дар раванди таълим ба роҳ монда шудааст. Донишҷӯйе, ки то оғози сессияи имтиҳонӣ таҷрибаомӯзиро намегузарад, барои доштани қарзи таҷрибавӣ аз сафи донишҷӯён хориҷ карда мешавад. Албатта, тадбирҳои андешидашуда барои тайёр намудани мутахассиси баландихтисос кифоя нест. Мутахассиси ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат, бахусус аз рӯйи ихтисосҳои замонавӣ, ба мисли тиҷорат дар комплекси агросаноатӣ, метеорология, стандартизатсия ва сертификатсия, технологияи коркард ва амнияти ғизоӣ, индеграфияи иттилоотӣ ва хизматрасонии техникӣ ниёз ба тағйироти ҷиддӣ дар муносибат ба таълим ва таҷрибаомӯзии донишҷӯён дорад, то мутахассисони ҷавон тавонанд ҷойҳои кории муносибро сазовор ишғол кунанд.
Феълан дар донишгоҳҳо ва корхонаҳои истеҳсолӣ барои таҷрибаомӯзии донишҷӯён тамоми шароитҳо муҳайё мебошад. Утоқҳои махсуси таҷрибавӣ аз рӯйи ихтисос бо таҷҳизот, дастгоҳҳо ва ҳуҷҷатгузории техникию иқтисодӣ, алалхусус, озмоишгоҳҳо ва китобу маводи методӣ таъминанд. Танҳо дар таҷрибаомӯзӣ бо истифода аз имкониятҳои васеи фароҳамшуда бо ҳисси баланди масъулият ва муносибати ҷиддӣ ба кору касб метавон дар пешрафти ҷомеаи навин саҳми бориз гузошт. Нависанда ва суханвари Рими қадим Марк Фабий Квинтилиан беҳуда нагуфтааст: “Таҷриба бе назария арзишмандтар аст, нисбат ба назария бе таҷриба”
О. ГУЛБЕРДИЕВА, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 21.04.2016 №: 77 Мутолиа карданд: 1674