logo

номаҳо

САВДОИ КӮЧА. КӢ БОЯД ОНРО НАЗОРАТ КУНАД?

Савдогарони кӯча аз субҳи солеҳон пушти дари хонаву назди биноҳои истиқоматӣ бо садои баланд мардумро нороҳат мекунанд.  Занону кӯдаконе, ки аз қонуну тартиботи савдо  фарсахҳо дуранд,  бе додани кафолати сифатнокӣ  ба фурӯши ширу маҳсулоти ширӣ, аз қабили чака, ҷурғот, қаймоқ, маска ва ғайра машғуланд.
Ин маҳсулотро, албатта, аз нафарони дигар гирд оварда,  то ба харидор мерасонанд. Бар замми ин, маҳсулоти шириро дар зарфҳои  пластикӣ, ки даҳҳо  маротиба истифода шудаанд, ба мизоҷон пешкаш месозанд. Ҳолати санитарии маҳсулот, чанд дарсади онро об ва чанди онро шир ташкил додан, ба виҷдони ширфурӯшон вобаста аст. Бояд зикр намуд, ки дар ҳавои гарми тобистон, алалхусус, шир дар зарфи пластикии даҳонаш пӯшида эҳтимоли вайрон шудан дорад. 
Ғайр аз ин, назди биноҳои истиқоматӣ ба бозори  савдогарони сабзавоту мева  табдил ёфтааст. Дар як рӯз чанд маротиба аробаву мошинҳои хурду калон сабзавоту меваҷоти гуногуни ба савдо нарафтаро  меоранд. Нархи онҳо нисбат ба нархи маҳсулоти бозор фарқ дорад, яъне гаронтар аст, аммо  бештари сокинон «назди дари хона омадааст» гӯён аз онҳо харидорӣ мекунанд. Вақте аз бесифатии  маҳсулоти харидкардаашон  дарак меёбанд, аз фурӯшанда ному нишоне намеёбанд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки бозорҳои калону хурди зиёд, дукону мағоза, супермаркет, марказҳои савдо дар ҳамаи гӯшаву канори шаҳр бо риояи талаботи санитарию савдо фаъолият доранд. Сари ҳар қадам дуконҳои сайёри фурӯши маҳсулоти ширӣ амал мекунанд, ки маҳсулоти дорои сертификатро пешкаши мизоҷон менамоянд. Инчунин, мошинҳо ҳар пагоҳӣ шири босифати пастеризатсияшударо ба аҳолӣ пешкаш мекунанд.
Ин ҷо суоле ба миён меояд: кӣ кафолати босифат ва безарар будани маҳсулоти савдогарони кӯчаро дода метавонад?  Дар ҳолати гирифтор шудан ба ягон бемории сироятӣ ҳуқуқҳои истеъмолгаронро кӣ ҳимоя ва  зарари расидаро кӣ ҷуброн  мекунад? Дар маҳаллаҳо будан ё набудани нозирони минтақавӣ  қариб ҳис карда намешавад, аз ин рӯ, савдои кӯчагӣ дар авҷ аст.

Наргис ШАРИФОВА, шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.04.2016    №: 77    Мутолиа карданд: 9754
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед