logo

амрҳои президент

АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Бо мақсади дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 25 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди иқтисодию иҷтимоии минтақаҳои мамлакат, ободонӣ, бунёдкорӣ, ҳифзи анъанаҳои миллӣ, фарҳанг ва таъриху тамаддуни тоҷикон:

1. Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба ҷашни 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳаллаи беҳтарин, хона ва оилаи намунавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шавад.
2. Ҳайати замимагардидаи Комиссияи Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳаллаи беҳтарин, хона ва оилаи намунавӣ тасдиқ карда шавад.
3. Раиси Кумитаи тадорукот қоидаҳои гузаронидани Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба ҷашни 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳаллаи беҳтарин, хона ва оилаи намунавиро тасдиқ намояд.
4. Мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани мусобиқаи ҷумҳуриявӣ чораҳои зарурӣ андешанд.
5. Муқаррар карда шавад, ки комиссияҳои маҳаллиро раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо санади худ таъсис дода, ба ҳайати онҳо кормандони сохторҳои дахлдори аъзои Комиссияи ҷумҳуриявиро шомил намуда, фаъолияти босамари онҳоро таъмин менамоянд.
6. Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор карда шавад, ки дар якҷоягӣ бо иттифоқҳои рассомон ва дизайнерони Тоҷикистон намунаи Шоҳҷоиза, нишони хотиравӣ, шаҳодатнома ва дипломро, ки дар сатҳи ҷумҳурӣ ба мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳаллаи беҳтарин, хона ва оилаи намунавӣ тақдим мегарданд, омода намуда, барои мувофиқа ба Комиссияи ҷумҳуриявӣ пешниҳод намояд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ РАҲМОН   
шаҳри Душанбе, 24 феврали соли 2016, № АП-681

 


ҚОИДАҲОИ
гузаронидани Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба ҷашни 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳаллаи беҳтарин, хона ва оилаи намунавӣ

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Қоидаҳои мазкур шарт ва тартиби гузаронидани Мусобиқаи ҷумҳуриявиро бахшида ба ҷашни 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади муайян намудани беҳтарин мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳаллаи беҳтарин, хона ва оилаи намунавӣ муайян менамояд, ки дар он «Ғолиби ҷойи беҳтарини Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ба муносибати 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» маълум мегардад.
2. Дар Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ (тибқи рӯйхати замимагардида), Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (ғайр аз шаҳри Душанбе - пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон), шаҳракҳо, деҳот, деҳаҳо, маҳаллаҳо, хонаҳо ва оилаҳо иштирок менамоянд.

2. ҲАДАФ ВА МАҚСАДИ МУСОБИҚАИ ҶУМҲУРИЯВӢ
3. Ҳадафи Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ амалӣ намудани дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб ёфта, он дар ҳудуди кишвар бо мақсади вусъат бахшидани корҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ, мусоидат ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, шаҳраку деҳот, деҳаҳо, маҳаллаҳо ташвиқу тарғиб ва дастрас намудани таҷрибаи пешқадам, инчунин гиромидошти арзишҳои ваҳдати миллӣ, таҳкими ҳувияти миллӣ, тарғиб ва оммавӣ гардонидани суннатҳои беҳтарини миллӣ баргузор мегардад.
4. Мақсади асосии Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ баланд бардоштани ҳисси хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, ободкорӣ, зебоипарастӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, фарҳанг, илму маориф, тандурустӣ, муҳити зист ва ифтихор аз анъанаҳои миллӣ мебошад.

3. КОМИССИЯИ МУСОБИҚАИ ҶУМҲУРИЯВӢ
5. Комиссияи Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуда, комиссияҳои мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, шаҳрак ва деҳот дар сатҳи мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ташкил мегардад, ки онро шахсони аввал роҳбарӣ намуда, ҳайати онро тасдиқ менамоянд.
6. Комиссияи мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ (минбаъд - Комиссия) дар доираи Қоидаҳои мазкур фаъолият менамояд.
7. Комиссия дар доираи салоҳияти худ дар асоси нишондиҳандаҳои ҳамин Қоидаҳо бо роҳи шиносоӣ, ҷамъ овардани мавод, тартиб додани саволномаҳо, баррасии нишондиҳандаҳо ва гузаронидани ҷаласаҳо амал мекунад.
8. Ҷаласаҳои Комиссия дар сурати иштироки на камтар аз 2/3 ҳиссаи аъзои он салоҳиятдор ҳисобида мешаванд. Қарорҳои Комиссия бо овоздиҳии аксарияти иштирокчиёни он қабул мегарданд. Дар ҳолати баробар будани овозҳо, овози раиси Комиссия ҳалкунанда мебошад. Протоколи ҷаласаи ҷамъбастии Комиссия аз тарафи раис ва котиби он ба имзо расонида мешавад.

4. ВАКОЛАТ ВА ВАЗИФАҲОИ КОМИССИЯ
9. Ваколатҳои Комиссияи ҷумҳуриявӣ иборатанд аз:
- мувофиқа намудани шакл ва арзиши мукофотҳои ғолибони мусобиқа, ки аз ҷониби комиссияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ тақдим мегарданд;
- интихоб ва тасдиқ намудани намунаи Шоҳҷоиза, нишони хотиравӣ (вимпел), шаҳодатнома ва дипломҳои дараҷаи якум, дуюм ва сеюм;
- аз байни иштирокчиёни мусобиқа дар сатҳи ҷумҳуриявӣ муайян намудани оила ва хонаи намунавӣ, деҳа, маҳалла, деҳот, шаҳрак, ноҳия, шаҳр, вилоят ва мақомоти марказии ҳокимияти давлатии беҳтарин, ки ба Шоҳҷоиза ва ҷойҳои арзанда сазовор мебошанд;
- ҳамоҳангсозӣ ва роҳбарии фаъолияти комиссияҳои ҷумҳуриявии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ;
- баррасии ҳолатҳои баҳсӣ, муроҷиатҳои иштирокчиёни мусобиқа;
 - марҳилаи сеюми мусобиқаро байни ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ ташкил ва ҷамъбаст менамояд ва барои сатҳи мақомоти ҷумҳуриявӣ комиссияи салоҳиятдори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки бо фармоиши роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мешавад, муқаррар намуда, хулосаҳои онро баррасӣ месозад.
10. Комиссияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд:
- ташкил ва ҷамъбасти мусобиқаҳоро дар сатҳи шаҳру ноҳия (барои вилоятҳо), шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳаллаи беҳтарин, хона ва оилаи намунавиро таъмин намоянд;
- барои омодагӣ ва иштирок дар марҳилаи навбатӣ ба шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳаллаи беҳтарин, хона ва оилаи намунавӣ, ки дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо ғолиб омадаанд, мусоидат намоянд;
- маълумот оид ба ҷамъбаст ва натиҷаҳои мусобиқа, рӯйхати ғолибони марҳилаи якум ва дуюми мусобиқаро ба Комиссияи ҷумҳуриявӣ пешниҳод намоянд.

5. ТАРТИБИ ГУЗАРОНИДАНИ МУСОБИҚА
11. Мусобиқа дар асоси принсипҳои баробарии ҳуқуқу имкониятҳо, ташаббускорӣ ва эҷоди озодона, нигоҳ доштани урфу андешаҳои миллӣ, тарғиби таъриху тамаддуни тоҷикон баргузор мегардад.
12. Мусобиқа дар асоси нишондиҳандаҳое, ки Қоидаҳои мазкур пешбинӣ намудааст, бо дарназардошти таҳлили натиҷаҳои дастовардҳои дар зарфи се соли охир бадастомада cypaт мегирад.

6. НИШОНДИҲАНДАҲО БАРОИ БАРГУЗОРИИ МУСОБИҚА
13. Нишондиҳандаҳо барои муайян намудани мақомоти марказии ҳокимияти давлатии беҳтарин:
- ҳолати иншоот, бино, сифати кабудизоркунӣ ва шинонидани гулу гулбуттаҳо дар гирду атрофи биноҳо ва омодагӣ ба ҷашни 25 - солагии Истиқлолияти давлатӣ;
- сифати ороиши дохилӣ ва берунии бино, насби дастовардҳои соҳа дар даврони Истиқлолияти давлатӣ, мавҷудияти рамзҳои давлатӣ;
- самаранокии иҷрои нақшаву дастурҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- интизоми меҳнат ва риояи қоидаҳои меҳнатӣ дар мақомоти давлатӣ;
- таъмини мақомоти давлатӣ бо таҷҳизоти муосири коммуникатсионӣ ва сифати истифодабарӣ аз онҳо (мавҷудияти сомонаи интернетӣ, почтаи электронӣ ва дизайну ороиши сомонаҳо ва сифати ҷойгиркунии мавод дар сомонаҳо);
- ҳамкорӣ ва робита бо ҷомеа, сифати қабули шаҳрвандон дар мақомоти давлатӣ.
14. Нишондиҳандаҳо барои муайян намудани вилоят, шаҳр ва ноҳияи беҳтарин:
- вазъи иқтисодӣ бо дарназардошти: ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ, таъмин бо озуқаи истеҳсоли дохилӣ ва содиротӣ, ташкили корхонаҳои нав ва фаъолияти мунтазами онҳо, шумораи ҷойҳои кории нави таъсисшуда, ҷорӣ кардани технологияи нави инноватсионӣ, дастгирии соҳибкорӣ, ҷалби сармоя ва соҳибкорони ватанӣ, иҷрои андоз;
- вазъи иҷтимоӣ бо дарназардошти: шумораи муассисаҳои иҷтимоӣ (хона - интернат, маркази тавонбахшӣ, маркази будубоши рӯзона, хонаи маъюбон ва куҳансолон, хадамоти хизматрасонии иҷтимоӣ), ҳаҷми хизматрасонии сарикасии иҷтимоӣ, пардохти нафақа, иҷрои музди маош;
- вазъи соҳаи тандурустӣ бо дарназардошти: шумораи муассисаҳои тиббӣ (беморхонаҳо, марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ), дастрасӣ ба хизмати тибби оилавӣ, шумораи кормандони тиб, нишондиҳандаҳои таваллуд, фавт, ҷорикунии технологияи нави инноватсионии тиббӣ, ҳолати санитарию беҳдоштӣ ва эпидемиологӣ, дастрасии аҳолӣ ба оби ошомиданӣ;
- вазъи соҳаи маориф бо дарназардошти: фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ, шумораи муассисаҳои томактабӣ, миқдори муассисаҳои таҳсилоти миёна, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, ҳолат ва таъминоти онҳо бо китоб, мизу курсӣ, таҷҳизоти муосири коммуникатсионӣ, ташкили лагерҳои истироҳатию фароғатӣ, нарасидани кадрҳои педагогӣ;
- сохтмон бо дарназардошти: ба истифода додани манзили истиқоматӣ, ба истифода додани майдони истеҳсолӣ ва хизматрасонии маишӣ, сохтани роҳҳои нав ва барқароршуда;
- вазъи соҳаи фарҳанг бо дарназардошти: шумораи муассисаҳои фарҳангиву таълимӣ, клубҳо, кинотеатрҳо, китобхонаҳо, осорхонаҳо, марказҳо, қасрҳо, боғҳои фарҳангӣ ва ҳолати нигоҳубин ва таъминоти онҳо бо маводи зарурӣ, ҳолати нигоҳдории ёдгориҳои таърихӣ;
- вазъи муҳити зист ва экология бо дарназардошти: тозагии кӯчаву хиёбонҳо, вазъи роҳраву саракҳо, намуди хонаҳо, сафеду поккорӣ шудани биноҳои шахсӣ, хонаҳои истиқоматӣ, муассисаву корхонаҳои шахсӣ, давлатӣ ва ғайриҳукуматӣ, кабудизоркунӣ, ниҳолшинонӣ ва фоизи сабзиши онҳо;
- вазъи дастгирии ҷавонон: нақши онҳо дар чорабиниҳои оммавию варзишӣ, таъсиси стипендияи раиси вилоят, шаҳр ва ноҳия, рушди сайёҳӣ, бунёди инфрасохтори сайёҳӣ, миқдори марказҳои ҷавонон, толорҳо ва майдонҳои варзишӣ ва ҳолати нигоҳубини онҳо, дастовардҳои назаррас.
15. Нишондиҳандаҳо барои муайян намудани шаҳрак ва деҳоти беҳтарин:
- вазъи иқтисодӣ бо дарназардошти: сохтмони иншооти маишӣ, дастгирии соҳибкорӣ (ҷудо намудани замин, иншоот, сохтмони нуқтаҳои савдо ва хизматрасонии маишӣ), ҷалби соҳибкорони ватанӣ барои ободкорӣ ва созандагӣ, иҷрои андоз;
- вазъи иҷтимоӣ бо дарназардошти: шумораи муассисаҳои иҷтимоӣ (хона - интернат, маркази тавонбахшӣ, маркази будубоши рӯзона, хонаи маъюбон ва куҳансолон, хадамоти хизматрасонии иҷтимоӣ), ҳолат ва сифати таъмири ҷорӣ ва таъминот ба маводи ғизоӣ ва маишӣ, пардохти нафақа, иҷрои музди маош;
- вазъи соҳаи тандурустӣ бо дарназардошти: шумораи муассисаҳои тиббӣ (беморхонаҳо, марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ), дастрасӣ ба хизмати тибби оилавӣ, шумораи кормандони тиб, нишондиҳандаҳои таваллуд, фавт, ҳолати санитарию беҳдоштӣ ва эпидемиологӣ (дастрасӣ ба оби ошомиданӣ ва истифодаи сарфакоронаи он, мавҷуд будан ва ҳолати ҳоҷатхона, ҳаммом, партовҷойҳо);
- вазъи соҳаи маориф бо дарназардошти: шумораи муассисаҳои томактабӣ, фарогирии кӯдакони синнусоли мутобиқ ба муассисаҳои томактабӣ, мавҷудияти дигар муассисаҳои таълимӣ, ҳолат ва таъминоти онҳо ба кадрҳо, таъмини онҳо ба мизу курсӣ, компютерҳо, дастовардҳои назаррас;
- вазъи соҳаи фарҳанг бо дарназардошти: шумораи муассисаҳои фарҳангиву таълимӣ, миқдори клубҳо, кинотеатрҳо, китобхонаҳо, марказу боғҳои фарҳангӣ, ҳолати нигоҳубини онҳо, шумораи иштирокчиён дар чорабиниҳои фарҳангӣ, дастовардҳои назаррас, ҳолати нигоҳдории ёдгориҳои таърихӣ;
- муҳити зист ва экология бо дарназардошти: намуди хонаҳои истиқоматӣ, биноҳои шахсӣ, тозагии кӯчаву маҳалҳо, рангубор ва вазъи девору роҳравҳои хонаву муассисаҳои шахсӣ, давлатӣ ва ғайриҳукуматии шаҳру ноҳия, кабудизоркунӣ, ниҳолшинонӣ ва фоизи сабзиши онҳо;
- вазъи дастгирии ҷавонон: нақши онҳо дар чорабиниҳои оммавию варзишӣ, рушди сайёҳӣ, бунёди инфрасохтори сайёҳӣ, миқдори марказҳои ҷавонон, толорҳо ва майдонҳои варзишӣ ва ҳолати нигоҳубини онҳо, шумораи муассисаҳои варзишӣ, фарогирӣ ба варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ, дастовардҳои назаррас.
16. Нишондиҳандаҳо барои муайян намудани деҳа ва ё маҳаллаи беҳтарин:
- вазъи иқтисодӣ бо дарназардошти: дастгирии соҳибкорӣ, ҷалби сармоя ва соҳибкорони ватанӣ барои ободкорӣ ва созандагӣ, шумораи бекорон ва муҳоҷирони меҳнатӣ;
- вазъи иҷтимоӣ бо дарназардошти: шумораи муассисаҳои иҷтимоӣ (хона - интернат, маркази тавонбахшӣ, маркази будубоши рӯзона, хонаи маъюбон ва куҳансолон, ҳолати хизматрасонии иҷтимоӣ);
- вазъи соҳаи тандурустӣ бо дарназардошти: шумораи муассисаҳои тиббӣ (беморхонаҳо, марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ),  дастрасӣ ба хизмати тибби оилавӣ, нишондиҳандаҳои таваллуд, фавт, ҳолати санитарию беҳдоштӣ ва эпидемиологӣ, дастрасии аҳолӣ ба оби ошомиданӣ ва истифодаи сарфакоронаи он, мавҷуд будан ва ҳолати ҳоҷатхона, ҳаммом, партовҷойҳо);
- вазъи соҳаи маориф бо дарназардошти: шумораи муассисаҳои томактабӣ, фарогирии кӯдакони синнусоли мутобиқ ба муассисаҳои таълимӣ, муассисаҳои дигари таълимӣ, таъмини онҳо бо мизу курсӣ, компютер ва дигар таҷҳизот, шумораи мактабҳо, ҳолати онҳо, дастовардҳои назаррас;
- вазъи соҳаи фарҳанг бо дарназардошти: шумораи муассисаҳои фарҳангиву таълимӣ, бахусус клубҳо, китобхонаҳо, боғҳои фарҳангӣ, ҳолати нигоҳубини онҳо, шумораи иштирокчиён дар чорабиниҳои фарҳангӣ, дастовардҳои назаррас, ҳолати нигоҳдории ёдгориҳои таърихӣ;
- муҳити зист ва экология бо дарназардошти: намуди кӯчаву роҳравҳои деҳаҳо ва маҳаллаҳои деҳот ва шаҳракҳо, ободонӣ ва ҳолати хонаву кӯчаҳои деҳот ва шаҳракҳо, рангубор, сафед кардани бино ва хона, иншооти шахсӣ, давлатӣ ва ғайриҳукуматӣ, ҳолати хонаҳои истиқоматӣ, кабудизоркунӣ, ниҳолшинонӣ ва фоизи сабзиши онҳо;
- дастгирии ҷавонон ва духтарон: вазъи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ, ҳолати марказҳои ҷавонон, майдонҳо ва толорҳои варзишӣ, рушди сайёҳӣ ва мавҷудияти инфрасохтори сайёҳӣ бо дарназардошти: шумораи муассисаҳои варзишӣ, фарогирӣ ба варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ, дастовардҳои назаррас.
17. Нишондиҳандаҳо барои муайян намудани хонаи намунавӣ: симои меъмории ҳавлӣ ва хона, тозагӣ ва ободонӣ, истифодабарии замини наздиҳавлигӣ, кабудизоркунӣ ва ниҳолшинонӣ, ҳолати санитарию беҳдоштӣ ва эпидемиологӣ (дастрасӣ ба оби ошомиданӣ ва истифодаи сарфакоронаи он, мавҷуд будан ва ҳолати ҳоҷатхона, ҳаммом, партовҷойҳо).
18. Нишондиҳандаҳо барои муайян намудани оилаи намунавӣ: тарбияи намунавии аҳли хонавода, хониши хубу аълои фарзандон, маълумотнокӣ ва шуғли хонавода, иштироки фаъоли аҳли хонавода дар корҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ, мавқеи оила дар маҳал.
19. Гузаронидани мусобиқа дар байни хона ва оилаҳо, деҳа ё маҳалла ва шаҳраку деҳот дар се давр, шаҳру ноҳияҳо дар ду давр, вилоятҳо дар як давр муқаррар карда мешавад.
20. Мусобиқа дар давоми моҳҳои март - август дар миқёси ҷумҳурӣ баргузор гардида, дар 4 марҳила гузаронида мешавад:
 - дар марҳилаи якум аз тамоми хона ва оила, деҳа ё маҳалла, дар шаҳрак ва деҳот беҳтарини онҳо муайян шуда, ба марҳилаи дуюм (шаҳрӣ ва ноҳиявӣ) роҳ меёбанд;
- марҳилаи дуюми мусобиқа дар сатҳи шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баргузор мегардад. Комиссияи шаҳрӣ ё ноҳиявии мусобиқа дар сатҳи шаҳр ё ноҳия хона ва оила, деҳа, маҳалла, деҳоти беҳтаринро интихоб карда, ба марҳилаи сеюм (вилоятӣ) пешниҳод мекунад;
- марҳилаи сеюм дар сатҳи вилоятӣ мегузарад. Комиссияи вилоятии мусобиқа аз байни иштирокчиёни мусобиқа хона ва оила, деҳа, маҳалла, шаҳрак, деҳот, шаҳр ва ноҳияи беҳтаринро интихоб менамояд;
- марҳилаи чорум, ҷамъбасти мусобиқа, дар пойтахти ҷумҳурӣ – шаҳри Душанбе дар арафаи ҷашни 25 - солагии Истиқлолияти давлатӣ баргузор мегардад. Мусобиқаи муассиса ва идораҳои мақомоти ҳокимияти давлатии сатҳи ҷумҳуриявӣ дар ҳамин давра ҷамъбаст мешавад.
21. Аз байни шаҳру ноҳияҳо, ки дар мусобиқа иштирок менамоянд, як муассиса ё идораи мақомоти ҳокимияти давлатии сатҳи ҷумҳуриявии беҳтарин, як вилояти беҳтарин, як шаҳри беҳтарин ва як ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа ва ё маҳаллаи беҳтарин, хона ва оилаи намунавӣ муайян мегардад.

7. МУҲЛАТИ ҶАМЪБАСТИ МУСОБИҚА
22. Марҳилаи якум аввали моҳи май ҷамъбаст ва охири ҳамин моҳ аз ҷониби комиссияҳои шаҳрӣ ва ноҳиявӣ ғолибон мукофотонида мешаванд.
Марҳилаи дуюм аввали моҳи июл ҷамъбаст ва охири ҳамин моҳ аз ҷониби комиссияҳои вилоятӣ ғолибон мукофотонида мешаванд.
23. Ғолибони марҳилаи якум ва дуюм - хона ва оилаи намунавӣ, деҳа, маҳалла, деҳот, шаҳрак, шаҳру ноҳияи беҳтарин, ки ба марҳилаи сеюм дар сатҳи вилоят роҳ ёфтаанд, то даҳаи якуми моҳи август ҷамъбаст ва аз ҷониби комиссияи вилоятӣ мукофотонида мешаванд ва рӯйхати ғолибонеро, ки ҷойҳои беҳтаринро тибқи ин Қоидаҳо соҳиб шудаанд, то 13 - уми август ба Комиссияи ҷумҳуриявӣ барои иштирок дар Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ирсол менамояд.
24. Марҳилаи чорум, дар пойтахти мамлакат, шаҳри Душанбе, то 20 августи соли равон ҷамъбаст мегардад. Дар ҳамин марҳила Комиссияи ҷумҳуриявӣ ғолибони хона ва оилаи намунавӣ, деҳа, деҳот, шаҳрак, ноҳия, шаҳр, вилоят, мақомоти марказии ҳокимияти давлатии беҳтаринро муайян менамояд ва қарори худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод менамояд.
25. Ба ғолибони ниҳоии М усобиқаи ҷумҳуриявӣ мукофотҳо дар рӯзҳои ҷашни 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Сарвари давлат супурда мешаванд.

8. МУКОФОТОНИДАНИ ҒОЛИБОН
26. Барои ҷойи беҳтарин мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ ва вилояти беҳтарин шаҳодатнома, Шоҳҷоиза бо навиштаҷоти “Ғолиби ҷойи беҳтарини Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ба муносибати 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ду мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 50 ҳазор сомонӣ супурда мешавад.
27. Барои шаҳру ноҳияе, ки ҷойи беҳтаринро ишғол менамоянд, шаҳодатнома, нишони хотиравӣ (вимпел) бо навиштаҷоти “Ғолиби ҷойи беҳтарини Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ба муносибати 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ду мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 30 ҳазор сомонӣ супурда мешавад.
28. Барои шаҳраку деҳоте, ки ҷойи беҳтаринро ишғол менамоянд, шаҳодатнома ва нишони хотиравӣ (вимпел) бо навиштаҷоти “Ғолиби ҷойи дуюми Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ба муносибати 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ду мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 20 ҳазор сомонӣ супурда мешавад.
29. Барои маҳалла ва ё деҳоте, ки ҷойи беҳтаринро ишғол менамоянд, шаҳодатнома ва нишони хотиравӣ (вимпел) бо навиштаҷоти “Ғолиби ҷойи сеюми Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ба муносибати 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ду мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ супурда мешавад.
30. Барои хонаи намунавӣ ва оилаи намунавие, ки ҷойи беҳтаринро ишғол менамоянд, шаҳодатнома бо навиштаҷоти “Ғолиби ҷойи беҳтарини Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ба муносибати 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ду мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 8 ҳазор сомонӣ супурда мешавад.
31. Инчунин барои мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, шаҳру ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳалла, хона ва оилаи намунавӣ ҷойҳои 1, 2 ва 3 пешбинӣ гардидаанд, ки ба онҳо дипломи дараҷаи якум, дуюм ва сеюм бо навиштаҷоти “Ғолиби ҷойи якуми (дуюми, сеюми) Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ба муносибати 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дода мешаванд.

9. НАМУДИ ШОҲҶОИЗА, НИШОНИ ХОТИРАВӢ ВА ШАҲОДАТНОМАВУ ДИПЛОМҲО
32. Шоҳҷоиза бо навиштаҷоти “Ғолиби ҷойи беҳтарини Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ба муносибати 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз металлҳо ва сангҳои қиматбаҳои Тоҷикистон сохта шуда, бо зарҳал ҳаккокӣ мегардад.
33. Нишони хотиравӣ (вимпел) аз матои бахмалӣ омода карда шуда, андозаи онро Комиссияи Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ тасдиқ менамояд.
34. Намунаи шаҳодатнома ва дипломҳои дараҷаи якум, дуюм ва сеюмро Комиссияи Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ муқаррар менамояд.
35. Шаҳодатномаҳо ва дипломҳо аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расонида шуда, дар вазъияти тантанавӣ супурда мешаванд.

Азим ИБРОҲИМ,
раиси Комиссияи Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ,
муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.04.2016    №: 77    Мутолиа карданд: 13049
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед