logo

сафарҳо

САФАРИ КОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА НОҲИЯИ ЁВОН

22 апрел сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон аз ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  рақами 16 дар деҳаи Даҳанаи  Ҷамоати деҳоти Даҳана оғоз гардид.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ лентаи рамзиро бурида, мактаби навро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Ин муассисаи замонавии таълимӣ дар доираи иҷрои дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Баҳриддин Ҷӯрахонов бунёд гаштааст.
Мактаби нав бо 640 ҷойи нишаст дар як баст бо харҷи 17 миллион сомонӣ аз ҳисоби соҳибкори маҳаллӣ сохта шуд ва аз 27 синфхонаи таълимӣ, аз ҷумла химия, физика, биология, синфхонаи компютерӣ, 7 ҳуҷраи корӣ барои омӯзгорон, китобхона, толори варзишӣ, маҷлисгоҳ бо 240 ҷойи нишаст ва ошхона иборат мебошад. Барои машғулиятҳои варзишӣ ва дигар чорабиниҳои оммавӣ дар назди муассиса майдони варзишии замонавӣ бо 730 ҷойи нишаст сохта шудааст. Синфхонаҳои мактаб бо таҷҳизоти навтарини таълимӣ таъмин буда, дар онҳо имконияти сатҳи баланди омӯзиши забонҳои хориҷӣ, технологияи компютерӣ ва барои духтарон шароити созгори касбу ҳунаромӯзӣ фароҳам оварда шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити синфхонаҳои дарсӣ, китобхона, толори варзишию маҷлисгоҳ ва ошхонаи мактаб бевосита шинос шуда, ба сифати корҳои сохтмонӣ ва имконоти зарурии машғулиятҳои амалию назариявии муассиса баҳои баланд дод.
Дар синфхонаи компютерӣ, ҳунаромӯзӣ, толори варзиш ва толори маҷлисгоҳ Сарвари давлат бо истеъдоди истифодаи технологияҳои компютерӣ аз ҷониби хонандагон, санъати навозандагию сарояндагии онҳо ва ҳунаромӯзию истеъдоди варзишии талабагон шинос шуда, онҳоро барои боз ҳам бештар аз худ кардани илму дониши замонавӣ ва технологияҳои компютерӣ, инчунин аз худ кардани ҳунарҳои мардумӣ ва такмили маҳорати варзишии худ, ҳидоят кард.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз амали неки соҳибкор Баҳриддин Ҷӯрахонов дар бунёди муассисаи таълимӣ ситоиш карда, онро намунаи ибрат хонд.
Соҳибкори ватандӯст Баҳриддин Ҷӯрахонов нақша дорад дар партави дастгирию ғамхориҳои пайвастаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби даромади корхонаҳои худ дар ноҳия боз як мактаби наву замонавӣ бунёд намояд.
Баъди шиносоӣ бо шароити таълими мактаби нав дар саҳни ҳавлии он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури аҳли маорифи ноҳия сухан ронда,  таъмини рушди босуботи соҳаи маорифро аз тадбирҳои муҳиму меҳварии сиёсати роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ кард.


Дар паҳлуи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  рақами 16, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими оғози фаъолияти боғчаи кӯдаконаи «Ситора» иштирок кард.
Кушодашавии ин боғчаи замонавӣ барои сокинони деҳаи Даҳанаи Ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон имкони бештари ҷалби хурдсолон ба тарбияву таълимро фароҳам овард.
Кӯдакистон дорои шаст ҷой барои хурдсолон буда, бо технологияҳои ҳозиразамон муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Дар ин муассиса 18 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардид, аз онҳо 6 нафар мураббӣ буда, ба хурдсолон таълим медиҳанд. Инчунин, табибони соҳибтаҷриба баҳри хидмати сифатнок ба кӯдакон ҷалб гаштаанд. Дар муассисаи томактабии мазкур 10 ҳуҷра, аз ҷумла толори таълимӣ, варзишиву мусиқӣ, тиббӣ, ошхона ва майдончаи бозӣ ба фаъолият шурӯъ кард.
Бинои қаблии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 16 баъди таъмиру тармим аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ба маблағи 320 ҳазор сомонӣ ва 300 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби  соҳибкори маҳаллӣ Баҳриддин Ҷӯрахонов ба кӯдакистон табдил ёфт ва бо ашёи зарурӣ ҷиҳозонида шуд.
Сарвари давлат ба ин боғча  асбобҳои мусиқӣ, «Оинаи нилгун» - и калонҳаҷм туҳфа кард.
Боғча дар доираи Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ барои солҳои 2012 - 2016 бунёд гардидааст. Мавриди зикр аст, ки то ба имрӯз дар ҳудуди ноҳияи Ёвон 7 муассисаи томактабӣ фаъолият дорад.
Зимни шиносоӣ бо шароити таълиму тарбия ва истироҳати кӯдакон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба кори сохтмончиён баҳои арзанда дода, иқдоми соҳибкорони ватаниро амали хубе дар ободкорию созандагӣ, ба тарбия фаро гирифтани насли наврас ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ маънидод кард.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.04.2016    №: 79    Мутолиа карданд: 13600
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед