logo

президент

Сафари Сардори давлат ба ноҳияи Данғара

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри иштирок дар машварати ҷумҳуриявӣ дар бораи  гузаронидани кишти тирамоҳии зироатҳои кишоварзӣ ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом дод.

Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон қабл аз оғози қисмати  назариявии машварат нахуст ба заминҳои  Кооперативи истеҳсолии «Сомонҷон», ки дар ҳудуди деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара  қарор дорад, ташриф оварда, бо корҳои намунавии деҳқонони хоҷагии пешқадам аз наздик шинос шуд.
Дар  яке  аз  қитъаҳои  замини хоҷагии мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо дуою фотиҳаи накӯ ба кишти  тирамоҳии гандуми тухмӣ дар замини  обӣ оғоз бахшида,  дастур дод, ки  гандуми  тирамоҳии тухмӣ дар 500 гектар заминҳои обии ин кооператив кишт карда шавад. Ба гуфти ӯ, агар  ҳар гектар камаш 40-сентнерӣ ҳосил  диҳад, 2000 тонна  гандуми тухмӣ ба даст меояд, ки  барои эҳтиёҷоти минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон басанда аст.
Зикр гардид, ки  аҳли ин хоҷагӣ бо олимони  Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ҳамкории босамар ба роҳ монда, ба натиҷаҳои баланд сазовор гаштаанд.
Кооператив 180 нафар аъзо дорад, ки онҳо бо маош ва шароити хуби меҳнатӣ таъминанд,  дар майдони  300 гектар боғу токзори нав бунёд, дар 17 гектар картошка, 3 гектар пиёз ва дар заминҳои боқӣ навъҳои дигари сабзавот кишт шудаанд.
Кишти такрории заминҳо дар хоҷагӣ хеле хуб ба роҳ монда шудааст, ки намунаи ибратбахши  иҷрои  муроҷиатномаи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри истифодаи пурсамар аз ҳар ваҷаб замини корам ва зиёд намудани  истеҳсоли маҳсулоти  кишоварзӣ дар дохили кишвар аст. Замини байни  қаторҳои  боғи  навбунёд низ дар ин ҷо босамар истифода мешавад. Аз ҳар гектари  қитъаи 17 -гектараи он деҳқонон 120-сентнерӣ картошкаи  барвақтӣ ба даст овардаанд.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон дар бошишгоҳи саҳроии ҳамин хоҷагӣ бо роҳбарият ва масъулони  соҳаи кишоварзии  шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон доир ба ташкили дурусти кишти тирамоҳии зироатҳо машварати корӣ  доир намуд, ки дар он ҳамчунин масъулини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳуриявӣ низ иштирок намуданд.
Ба онҳо баҳри вусъат додани кишти  тирамоҳии ғалладона ва сабзавоти  барвақтӣ барои баҳори соли  оянда, истифодаи пурсамар аз заминҳои корам, риояи  дурусти  қоидаҳои  агротехникии коркарди  замин ва дар маҷмӯъ афзоиш додани истеҳсоли маводи ғизоии ватанӣ ва таъмин  намудани амнияти озуқавории кишвар  дастуру супоришҳои қатъӣ дода шуд.
Дар машварат ҳамчунин ҳисоботи раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзал ва раисони  як қатор ноҳияҳо  шунида шуд.
Президенти мамлакат  Эмомалӣ Раҳмон аз қонуншиканиҳои зиёд дар тақсимоти  замин дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон изҳори нигаронӣ карда, ба роҳбарияти вилояту ноҳия ва мақомоти  дахлдори  ҳифзи ҳуқуқ дастур дод, ки баҳри  ислоҳи  вазъи   бамиёномада чораҳои қатъӣ андешанд.
Маслиҳату ҳидоятҳои судманди худро дар машварат ҳамчунин директори Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Саидҷамол Саидов, директори Институти боғпарварии академия Турсунбой Аҳмадов, олими соҳа Анвар Ҷалилов ва роҳбарони чанд хоҷагии намунавии ноҳияҳои Данғара, Восеъ ва Бохтар баён намуданд.
Таҷрибаи кишоварзии роҳбари хоҷагии инфиродии ноҳияи Бохтар Ҳоҷиюнусалӣ Қӯшоқов басо ибратбахш маънидод гардид.
Дар охир Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон  дар назди  иштирокчиёни  машварат суханронӣ намуда, оид ба бӯҳрони  иқтисодию молиявии ҷаҳонӣ ва коста гаштани  амнияти  глобалии озуқаворӣ, роҳҳои пешгирӣ аз таъсири  бади он ба бозори истеъмолии Тоҷикистон андешаҳои ҷолиб баён намуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъиян дастур дод, ки майдони кишти такрорӣ дар соли оянда ба 160 ҳазор  гектар  расонда шавад ва изҳор дошт, ки ин нисбат ба соли равон 60 ҳазор гектар зиёд аст.
Изҳори қаноатмандӣ шуд, ки имсол тавассути истифодаи босамари заминҳо ва зиёд намудани истеҳсоли ғалладона қиматшавии босуръати  орду гандум натанҳо боздошта шуд, балки  нархи он то андозае паст гардид.
Ба олимону мутахассисони соҳаи кишоварзӣ дастур дода шуд, ки баҳри дар амал татбиқ  намудани таҷрибаҳои  пешқадами  илму техника дар истифодаи  босамари заминҳои  корам ва ба даст овардани ҳосили фаровон бо деҳқонону хоҷагидорон дар робитаи доимӣ бошанд ва ба мардум тарзи дурусти корро ҳамчунин аз тариқи телевизион ва дигар воситаҳои ахбори омма фаҳмонанд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 4211
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед