маориф
ДОНИШГОҲИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ
ТАҲСИЛОТИ ДАСТРАСИ САТҲИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Донишгоҳи Осиёи Марказӣ қабули нахустин донишҷуёнро дар зинаи бакалвр аз рӯи ихтисосҳои «информатика», «комуникатсия ва ахбори омма», «иқтисодиёт» ва «илм дар бораи замин» шурӯъ намуд. Кампуси аввали донишгоҳ дар шаҳри Норини Қирғизистон 5 сентябри соли ҷорӣ ба фаъолият оғоз мекунад.
Кампуси дувуми ДОМ дар шаҳри Хоруғ моҳи сентябри соли 2017 ба фаъолият шурӯъ хоҳад кард ва донишҷӯёни ихтисосҳои «иқтисодиёт» ва «илм дар бораи замин» аз кампуси Норин ба ин ҷо интиқол дода мешаванд. Оғози фаъолияти кампуси сеюми он дар шаҳри Текели Ҷумҳурии Қазоқистон аз рӯи ихтисосҳои «менеҷмент» ва «илми муҳандисию техникӣ» соли 2019 ба нақша гирифта шудааст. Довталабон барои таҳсил аз тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ фаро гирифта мешаванд.
Доир ба ҳадафу вазифаҳо ва барномаҳои таълимии донишгоҳ суҳбате оростем бо ҷаноби Шамс Қосим Лакха раиси Кумитаи иҷроияи Шӯрои ДОМ.
- Ҷаноби Шамс Қосим Лакха асосҳои консептуалӣ ва рисолати чунин як донишгоҳи байналмилалӣ дар минтақа аз чӣ иборат аст?
- Донишгоҳ дар асоси Ёддошти тафоҳуми миёни президентҳои Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Шоҳзода Оғохони 4 соли 2000-ум таъсис ёфта буд. Давлатҳои муассис (Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон) аз таъсиси намунаи таҳсилоти олии сатҳи байналмилалӣ дар минтақа пазироии хуб намуда, ҳамкориро дар ин самт тавсеа бахшиданд. Бахусус ҳамкориҳои судманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҷода қобили қайд аст. Махсусан мехоҳам дастгирӣ ва саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати созмондиҳии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ таъкид сохта, изҳори миннатдорӣ намоям.
Асосҳои консептуалии ДОМ аз ҷорӣ намудани модели нави таҳсилоти олӣ ва таҳкими иқтидори илмӣ тавассути сафарбарии захираҳои байналмилалӣ, минтақавию маҳаллӣ ва ба ин васила ҳал намудани мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварҳои минтақа маҳсуб меёбад. Фаъолияти ДОМ ба рушди иқтисодӣ - иҷтимоии минтақа бахусус минтақаҳои кӯҳистони он мусоидат намуда, мустаҳкам намудани саҳми сокинони он дар нигаҳдории мероси табиӣ ва мадании минтақа ва истифода аз онҳо ҳамчун захира барои рушд, рисолати асосии донишгоҳ мебошад.
- Ҷорӣ намудани модели нави таҳсилоти олӣ, яъне низоми таҳсил дар ДОМ аз муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои минтақа чи тафовут дорад?
- ДОМ муассисаи таҳсилоти олии байналмилалӣ буда, мутахассисони баландихтисоси дорои қобилияти аналитикро тайёр мекунад. Таълим дар он бо забони англисӣ аз рӯи барномаҳои инноватсионии стандарти байналмилалӣ сурат мегирад. Аммо бояд гуфт, ки мавриди таҳияи барномаҳои таълимӣ шароити воқеии кишварҳои минтақа низ ба назар гирифта шудааст. Ҷиҳати мубодилаи афкор ва таҷриба, албатта, ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои минтақа хоҳем дошт.
Бояд тазаккур дод, ки мо ҳамеша ба он мутаваҷеҳ ҳастем, ки танҳо довталабони лаёқатманди савияи дониши баланддошта донишҷӯи ДОМ шуда метавонанд. Ҳарчанд таҳсил дар донишгоҳи мо пулакӣ аст, аммо барои донишҷӯёне, ки шароити иқтисодиашон имкони таҳсил карданро намедиҳад, стипендияҳои махсус, маблағҳои грантӣ ва қарзи бефоиз пешниҳод мегардад. Мавриди ҷалби донишҷӯён на имкониятҳои молиявии онҳо, балки иқтидору лаёқати зеҳниашон ба назар гирифта мешавад.
- Ҳайати устодонро мутахассисони хориҷӣ ташкил медиҳанд?
- Тасмим гирифтаем, ки дар ташкили ҳайати устодони донишгоҳ бештар тамаркуз ба шаҳрвандони давлатҳои Осиёи Марказиро, ки унвони PhD доранд, дода шавад. Аз ҳисоби грантҳо дар доираи барномаҳои махсус мутахассисони таҳҷоиро дар донишгоҳҳои бонуфузи байналмилалӣ омода намуда истодаем. Ҳамчунин мо ният дорем, ки шаҳрвандони Осиёи Миёнаро, ки дар донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳони кору фаъолият доранд ба кор даъват намоем. Албатта, устодони варзидаи сатҳи байналмилалӣ низ дар ҳайати устодони донишгоҳ ҷалб мегарданд.
- Ҳар се кампуси донишгоҳ на дар марказ- пойтахт ё шаҳрҳои калонтарин, балки дар як минтақаи дурдасти кӯҳистон таъсис ёфтаанд, ки ин интихоб албатта тасодуф набуд?
- Дуруст. Бо назардошти чанд омил маҳз ин минтақаҳои дурдасти кӯҳистон барои сохтмони кампусҳо интихоб гардиданд: ин макони беназир бо вижагиҳои ҷуғрофӣ ва қавмиаш дорои фарҳанги беназиру қадима ва захираҳои экологӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Яъне минтақаҳои интихобшуда барои таҳлил, омӯзиш ва дарки мушкилоти ҷаҳонӣ аз қабили истифодабарии самараноки муҳити зист, экотуризм шароити хуберо фароҳам меорад. Омили муҳими дигар ин мустақар будани онҳо дар Шоҳроҳи Абрешим мебошад, ки дар эҳё намудани рисолати таърихии он - эҳёи тиҷорати қадимии ҷаҳонӣ, мубодилаи мол, фарҳанг, ғояҳо нақши муҳим хоҳад гузошт.
ДОМ натиҷаи ҳамкориҳои судманди байналмилалиест, ки дар доираи муносибатҳои шарикӣ созмон ёфта, ба рушду табодули таҷрибаи пешқадами сатҳи ҷаҳонӣ дар бахши таҳсилоти олӣ барои давлатҳои минтақаи ОМ ва берун аз он мусоидат хоҳад кард.
М. САНГМАМАДОВА,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 27.04.2016 №: 81 Мутолиа карданд: 1461