logo

сафарҳо

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШАҲРИ НОРАК

Субҳи 27 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Нораки вилояти Хатлон омад.
Дар шаҳри Норак Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар расми мавриди истифода қарор додани муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 10 дар деҳаи Чашмаи Ҷамоати деҳоти Дуконӣ иштирок карда, бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти мактаби нав оғоз бахшид.
Мактаб бо харҷи 2 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Муҳиддин Табаров бунёд гардида, аз ду ошёна ва 14 синфхонаи таълимӣ иборат аст. Дар ин муассисаи навбунёд 240 нафар хонанда дар як баст ба таълим фаро гирифта мешавад, синфхонаҳои барҳавои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, маркази ҳунаромӯзии духтарон, синфхонаи компютерӣ, толори маҷлисгоҳ ва ошхонаи замонавӣ дорад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ аз сифати корҳои сохтмонӣ ва имконоту шароити таълимии мактаб изҳори қаноатмандӣ намуда, аз амали неки соҳибкор Муҳиддин Табаров барои саҳмгузории фаъол дар раванди бунёдкорию ободонӣ ситоиш кард.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар синфхонаҳои алоҳида ва маркази технологии ҳунаромӯзии мактаб аз хонандагон даъват ба амал овард, ки бо рафтору кирдори намунавӣ таҳсил карда, дар омӯзиши забонҳои хориҷӣ, технологияҳои компютерӣ ва касбу ҳунар фаъол бошанд.
Бо бунёди мактаби нав дар деҳаи Чашма роҳҳои маҳаллӣ ва кӯчаю гузаргоҳҳо низ навсозию мумфарш ва ободу зебо шуда, заминаи мусоиди пешбурди зиндагии беҳтару хубтари сокинон муҳайё гардидааст.


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии «Маҷмааи гармхонаҳои доимоамалкунанда» шинос шуд.
Маҷмааи гармхонаҳои шаҳри Норак соли 1982 бунёд гардида, дар замони истиқлолият пурра мавриди таҷдиду азнавсозӣ қарор гирифтааст. Масоҳати умумии он 12 гектар буда, асосан дар 6 гектар, ки шаш гармхона бунёд шудааст, сабзавоти барвақтӣ, аз қабили помидор, бодиринг, қаламфури булғорӣ, карам ва кабудиҳо парвариш карда мешаванд.
Дар мавсими имсола деҳқонон қариб 100 тонна сабзавоти барвақтӣ, аз ҷумла 69 тонна помидор, беш аз 3,5 тонна бодиринг ва 5 тонна дигар намуди маҳсулоти кишоварзӣ ҷамъ оварда, бо нархи дастрас ба бозор бароварданд. То охири мавсим ин нишондод ба 250 тонна расонида мешавад, зеро ба ҳисоби мутахассисон ҳосили интизорӣ аз ҳар гармхона ҳудуди 28 тоннаро ташкил медиҳад.
Соли гузашта аз ин гармхонаҳо 170 тонна помидор ва 50 тонна бодиринг ҷамъ оварда буданд. Бо анҷоми корҳои агротехникӣ ва интихоби тухмиҳои хушсифат ҳосилнокии зироати гармхонаҳо аз ҳар гектар ба 360 - 400 сентнер расонида шуд ва деҳқонони соҳибтаҷриба барои расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат - таъмини амнияти озуқаворӣ аз тамоми имконияту шароити мавҷуда оқилона истифода мебаранд. Дар гармхонаҳо зиёда аз 50 нафар сокин бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шудааст. Маҷмаа ҳамчунин дорои шабакаи ягонаи гармидиҳӣ мебошад, ки аз замони ба кор оғоз кардан то ба имрӯз, яъне давоми 34 сол тариқи қувваи барқ фаъолият мекунад.
Тибқи нақша дар ояндаи наздик дастгоҳҳои буғхонаи маҷмааи гармхонаҳо мавриди таҷдид қарор хоҳанд гирифт. Ба гуфтаи деҳқонон хароҷоти қувваи барқ имрӯз арзиши маҳсулотро боло мебарад ва онҳо гузаштан ба сӯзишвории алтернативӣ, аз ҷумла ангиштро ба манфиати кор медонанд.
Ҳамчунин ҳамкории пайвастаи деҳқонони КВД «Маҷмааи гармхонаҳои доимоамалкунанда» - и шаҳри Норак бо олимони соҳаи кишоварзӣ натиҷаи дилхоҳ ба бор меорад ва ҳам барои донишҷӯёни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур дар самти парвариши сабзавоти барвақтӣ пойгоҳи омӯзишӣ ба ҳисоб меравад, зеро онҳо ба таври амалӣ дар ин ҷо таҷриба меомӯзанд.

Дар маҳаллаи Сари гузари Ҷамоати деҳоти Дуконии шаҳри Норак Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти Гимназияи давлатии рақами 1 оғоз бахшид.
Ба муносибати ифтитоҳи муассисаи типи нав хонандагон Сарвари давлатро бо пешниҳоди барномаи фарҳангӣ истиқбол гирифтанд. Онҳо аз осудагиву сулҳу субот шукргузорӣ намуда, нисбат ба ғамхории Президенти кишвар ба соҳаи маориф арзи сипос карданд.
Бинои гимназияи мазкур дар асоси шартномаи тарафайн миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин сохта ба истифода дода шуд. Корҳои сохтмонӣ бо гузоштани санги асос аз ҷониби Пешвои миллат дар соли 2013 оғоз гардида, бо харҷи 30 миллион сомонӣ дар зарфи се сол мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Бинои мазкур барои 360 ҷой пешбинӣ шуда, бо тамоми ашёи хониш таъмин гардидааст ва дорои 6 кабинети муҷаҳҳази техникӣ, 11 синфхона, китобхона, толори варзишии замонавӣ, ошхона барои 92 ҷойи нишаст ва кабинети таълимии ҳунарҳои мардумист.
Дар саҳни ҳавлии гимназия майдони футбол, волейбол, теннис аз рӯи стандартҳои байналмилалӣ бунёд шудааст. Барои таълими хонандагон 20 нафар омӯзгор ва 15 корманди техникӣ ҷалб гардидаанд, шабакаи гармидиҳии мустақил дорад, ки тамоми биноро дар фасли сармо бо гармӣ таъмин менамояд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ ва сифати синфхонаҳову кабинетҳои фаннӣ шинос шуда, ба кори сохтмончиён баҳои баланд дод ва таъкид дошт, ки бунёди чунин муассисаҳо сол ба сол зиёд гашта, имкони беҳ гардонидани сатҳу сифати таълимро бештар намуда, барои омода кардани кадрҳои болаёқат заминаи хубро фароҳам месозад.

Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Норак Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Неругоҳи барқи обии Норак ташриф оварда, муҳимтарин қисмати ин иншооти стратегӣ – дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элигазии - 500кВ - ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Сохтмони бинои дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элигазии 500 кВ соли 2012 дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфта буд. Масоҳати ҷойгиршавии дастгоҳ, ки дар солҳои аввали баистифодадиҳии ин иншоот 4,5 гектарро ташкил медод, айни замон ҳамагӣ дар 0,10 гектар замин ҷойгир карда шудааст. Ба ғайр аз сарфаи масоҳати замин, инчунин ин таҷҳизот дигар афзалиятҳоро доро мебошад, ки ин аз эътимодияти баланд ва кафолати тӯлонии 25 - сола иборат аст.
Дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элигазии 500 кВ ба маблағи 54 миллиону 770 ҳазор доллари амрикоии фонди Рушди Осиё аз тарафи ширкати Олмонии «Алстом» сохта шудааст.
Таҷҳизоти асосии дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элигазии 500 кВ (ДТПЭ), кабелҳои баландшиддат, воситаҳои муҳофизатию назоратӣ ва системаи телекоммуникатсионӣ истеҳсоли давлатҳои Фаронса, Италия, Испания ва Олмон мебошанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак мактаби миёнаи таҳсилоти умумии рақами 28 - ро дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ кард.
Ёдовар мешавем, ки зимни сафари корӣ ба шаҳри Норак 13 августи соли 2013 - ум Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Рӯдакӣ барои оғози корҳои сохтмонӣ дар мактаби миёнаи таҳсилоти умумии рақами 28 санги асос гузошта буд.
Мактаби мазкур бо ҷалби сармояи хориҷӣ ба маблағи 40 миллион сомонӣ аз ҳисоби ёрии бебозгашти Ҷумҳурии Мардумии Чин бунёд шудааст. Корҳои сохтмонӣ аз тарафи пудратчӣ - ширкати «Ентсзиен» - и Чин аз 6 июни соли 2014 оғоз гардида, 6 декабри соли 2015 ба анҷом расид.
Бинои мактаб сеошёна буда, барои 1220 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст ва аз 22 синфхона, 8 кабинети фаннӣ, аз ҷумла технологияи иттилоотӣ, лингофонӣ, химия, физика, математика, биология, толорҳои суруду мусиқӣ ва китобхонӣ, толори варзишӣ, маҷмааи майдончаҳои варзишии футбол бо 700 ҷойи нишаст, теннис, 2 майдони волейбол, баскетбол, ошхона бо 120 ҷойи нишаст, китобхона ва бунгоҳи тиббӣ иборат мебошад.
Баъди ифтитоҳи мактаб дар синфхонаҳои барҳаво Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо хонандагони хуштолеъ, ки ба шарофати Пешвои миллат соҳиби чунин мактаби боҳашамату зебо гардиданд, суҳбати самимӣ орост. Сарвари давлат хонандагонро ба хониши хубу аъло, омӯзиши илмҳои муосир, технологияи компютерӣ ва забонҳои хориҷӣ ҳидоят кард.
Мактаб дорои шабакаи алоҳидаи барқу гармидиҳӣ, аз сӯхтор нигоҳдоранда, хати алоқа ва дастгоҳи махсуси идоравӣ мебошад. Таҷҳизоти кабинетҳои фаннӣ ва ошхона аз ҳисоби маблағҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Норак харид шуда, ба талабот ҷавобгӯянд.
Баъди ба истифода додани мактаб тариқи озмун 80 нафар омӯзгор ва кормандони гуногуни техникӣ бо кор таъмин гардиданд.
 Баъди шиносоӣ бо шароити таълим дар муассисаи наву замонавӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо устодони мактаб ва фаъолони шаҳр суҳбати самимӣ доир карда, ҳозиронро бо ифтитоҳи мактаби нав табрику таҳният гуфта, бунёди мактаб ва дигар иншооти имрӯз дар шаҳри Норак мавриди баҳрабардорӣ қарордодаро туҳфаи арзандаи Роҳбарияти давлату Ҳукумат ба мардуми меҳнатқарини шаҳри Норак дар соли таҷлили 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон маънидод кард.
Сокинони шаҳр, намояндагони касбу кори гуногун ба Пешвои миллат, роҳбари хирадманду ояндасоз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамаи ташаббусу ғамхориҳо изҳори сипос намуданд.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.04.2016    №: 82    Мутолиа карданд: 13939
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед