logo

маориф

ДДТ. МАРКАЗИ РУШДИ КАСБИЯТ ТАЪСИС ЁФТ

Ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи мутахассисони замони нав дар назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Маркази рушди  касбият ва мониторинги рақобатпазирии донишҷӯён дар бозори меҳнат таъсис дода шуд.

Ин матлабро Нуралӣ Шоҳиён, ректори донишгоҳ, дар Конфронси илмӣ – амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Ҳадаф, моҳият ва вазифаҳои  марказҳои рушди касбият (карера) дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баён дошт. 
Н. Шоҳиён гуфт, ки марказ фаъолияти худро дар доираи амалигардонии лоиҳаи UNIWORK - и Иттиҳоди Аврупо ва бо ҳамдастии шарикони ватании лоиҳа: Вазорати маориф ва илм ва Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд ба роҳ мондааст. Ташкили марказ дар самти фаъолияти инноватсионии муассисаи таълимӣ, мутобиқгардонии он ба фазои ягонаи таълимоти ҷаҳонӣ, пайдо намудани роҳҳои баландбардории сатҳи рақобатпазирии донишҷӯёну хатмкунандагон, бо кор таъмин кардани онҳо, баланд бардоштани эътибори донишгоҳ нақши созгор хоҳад бозид.
Сафарбой Самадов, намояндаи Вазорати маориф ва илм, иброз дошт, ки мутахассисонро на танҳо барои бозори меҳнати дохилӣ, балки бозори хориҷ низ омода бояд сохт. Бинобар ин, таъсиси чунин марказҳо дар донишгоҳҳо амри воқеист. 
Александр Синелобов, директори тиҷоратии ҶДММ «Таком» (Beeline), дар самти дурнамои ҳамкориҳои ин ниҳод бо ДТТ дар раванди амалисозии ҳадафҳои Маркази рушди касбияти Донишгоҳи технологӣ сухан ронда, иброз дошт,  ки ширкат ҷиҳати густариши ҳамкориҳо бо Донишгоҳи технологӣ созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонд, ки он аз се лоиҳаи калидӣ иборат аст: дастгирии навоварони ҷавон, таъмини таҷрибаомӯзии донишҷӯён, ташкили системаи дастрасӣ ба интернети босифати WIFI.
Ҳамчунин, дар доираи чорабинӣ дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Палатаи савдо ва саноат ва дигар ташкилоту ширкатҳои ватанӣ ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва намоиш – фурӯши молу маҳсулоти ширкату корхонаҳои ватанӣ баргузор гардид. Мақсади чорабинӣ ҳарчи бештар наздик намудани фаъолияти ташкилоту корхонаҳо ва бизнес сохторҳо бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва ҳамоҳанг сохтани барномаҳои таълимии касбӣ ба талаботи тахассусии корфармоён дар шароити рақобат дар бозори озоди меҳнат мебошад.
Ш. ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.04.2016    №: 83    Мутолиа карданд: 1319
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед