logo

сафарҳо

ПУЛИ САНГИН - ИСТИРОҲАТГОҲИ ЗАМОНАВӢ ДАР НОРАК

27 апрел дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Норак Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як мавзеи хушбоду ҳавои соҳили дарёи Вахш истироҳатгоҳи замонавии Пули Сангинро ифтитоҳ кард.

Истироҳатгоҳ дар деҳоти Пули Сангин дар майдони 4 гектар бунёд шуда, бо беҳтарин шароити истироҳату фароғат барои шаҳрвандони мамлакат ва меҳмонони хориҷӣ пешбинӣ шудааст.
Онро соҳибкори ватандӯст Абдурасул Муҳидов бо ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 13 августи соли 2013 зимни сафари корӣ ба шаҳри Норак дода буданд, бунёд кардааст.
Дар вақти сохтмони маҷмааи истироҳатию фароғатии Пули Сангин соҳибкор бо дарназардошти тамоми хусусиятҳои хоси мавзеъ, оби софу равон, ҳавои мусоид ва имконоти дигари мутобиқ ба соҳаи сайёҳӣ онро мувофиқ ба талаботи рӯз мураттаб кардааст. 
Истироҳатгоҳ бо маблағи беш аз 10 миллион сомонӣ бо 60 ҷойи нави корӣ бунёд шуда, аз қабулгоҳ, бинои меҳмонхона бо 20 ҷойи хоб, ҳавзҳои шиноварӣ, 3 бинои истиқоматӣ, толори маҷлис, ошхона, айвонҳои истироҳатӣ дар соҳили дарё, майдончаҳои варзишии футбол, волейбол, баскетбол, тенниси калон ва тенниси рӯйи миз, толори саққобозӣ, ҳаммом, мототсиклҳои гуногунҳаҷми обӣ, мошинҳои хурди барқӣ барои ҳаракат дар ҳудуди истироҳатгоҳ, ипподром бо аспҳои зоти хурд ва аробаҳои махсус, майдончаҳои бозии кӯдакон ва дигар марказҳои дилхушӣ иборат мебошад. Хонаҳои истиқоматии истироҳатгоҳ мутобиқ ба талаботи меҳмонхонаҳои замонавӣ бунёд шуда, дорои шароити мусоиди зист мебошад.
Соҳибкор Абдурасул Муҳидов нақша дорад, барои пурраю мукаммал кардани имкониятҳои истироҳатӣ баҳри мизоҷон дар ҳамин ҷо боз дар марҳилаи дуюми сохтмони фароғатгоҳ, ҳавзи моҳӣ ва як тарабхонаи дигар бунёд намояд.
Ҳавлӣ ва роҳравҳои истироҳатгоҳ бо фаввораҳои чароғон, шаршараҳои сунъӣ, бо дарахтони гуногуни нодир, гулу буттаҳои ороишӣ бо завқи баланди зебоипарастӣ оро дода шудаанд, ки ба ҳар як инсон писанд меоянд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо имконоти истироҳату фароғати ин мавзеъ ба соҳибкор Абдурасул Муҳидов барои ин иқдоми созанда баҳои баланд дода, ҳамчунин дастур дод, ки дар оянда барои ҷалби ҳарчи бештари сайёҳони хориҷӣ аз имконоти мавҷуда пурсамар истифода баранд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.04.2016    №: 83    Мутолиа карданд: 15718
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед