logo

сафарҳо

Иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи сарони давлатҳои узви ИДМ

Рӯзҳои 9 ва 10 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри иштирок дар ҷаласаҳои навбатии Шӯрои сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Шӯрои байнидавлатии Ҷомеаи иқтисодии АврОсиё ва мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон қарор дошт.

Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони кишварҳои аъзои ИДМ  роҳбарони давлатҳои Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Туркманистон, Ӯзбекистон ва намояндагони воломақоми Озарбойҷону Украина иштирок намуданд.
Дар ин ҳамоиш 19 масъала баррасӣ шуд, ки муҳимтарини онҳо Стратегияи рушди иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои давраи то соли 2020 аст.
Татбиқи Консепсияи рушди минбаъдаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки соли гузашта дар шаҳри Душанбе қабул шуда буд, густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, муҳоҷирати меҳнатӣ, робитаҳои байниминтақавӣ ва наздисарҳадӣ, амнияти иттилоотӣ, мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, робитаҳои илмию фарҳангӣ ва омодагӣ ба ҷашни 65-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 аз мавзӯъҳои муҳими ин ҳамоиш буд.
Ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика мавзӯи асосии муносибатҳои кишварҳои аъзои ИДМ  дар соли 2009 эълон гардид.
Соли 2009 ҳамчунин Соли ҷавонон ва соли 2010 Соли илм ва инноватсия эълон шуд.
Нимаи дуюми рӯз ҷаласаи навбатии Шӯрои байнидавлатии Ҷомеаи иқтисодии АврОсиё баргузор гашт, ки таҳти раёсати раиси Шӯро – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷараён гирифт.
Дар ҷаласа инчунин масоили ташкили Иттиҳоди гумрукӣ ва Фазои ягонаи иқтисодӣ баррасӣ гашт.
Масоили истифодаи самарабахши захираҳои обию энергетикӣ ва ташкил додани бозори ягонаи энергетикӣ аз мавзӯъҳои муҳими ҳамоиш буд.
Аз натиҷаҳои ҳамоиш ба хабарнигорон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Қурмонбек Боқиев ва Дабири кулли созмон Таир Мансуров иттилоъ доданд.
Таъкид гардид, ки дар соли раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри татбиқи амалии санадҳои қаблан қабулшуда корҳои назаррас ба сомон расиданд.
Бегоҳии 10 октябр сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, Тоҷикистон - Эмомалӣ Раҳмон, Қазоқистон - Нурсултон Назарбоев, Қирғизистон -   Қурмонбек Боқиев, Туркманистон- Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ва Ӯзбекистон -Ислом Каримов мулоқоти ғайрирасмӣ анҷом дода, масоили ҳалталаби обию энергетикии минтақаро баррасӣ намуданд.
Зимни гуфтушунидҳо сарони давлатҳо оид ба идораи захираҳои обӣ дар фаслҳои гуногуни сол баҳри истеҳсоли нерӯи барқ дар кишварҳои болооб ва ирригатсия дар кишварҳои поёноб ба мувофиқа расиданд.
Байни сарони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон - Эмомалӣ Раҳмон ва Ислом Каримов оид ба интиқоли нерӯи барқ аз Туркманистон ба Тоҷикистон аз қаламрави Ӯзбекистон мувофиқат ҳосил шуд.
Дар ҳошияи ҳамоишҳои мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев мулоқот анҷом дод.
Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба татбиқи амалии санадҳое, ки зимни сафари расмии Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев ба Тоҷикистон моҳи августи соли равон ба имзо расида буданд, баррасӣ шуданд.
Ҷонибҳо бори дигар омодагӣ ва ҳавасмандии худро баҳри таҳкиму густариши ҳамкории бисёрсоҳа, аз ҷумла дар соҳаҳои гидроэнергетика, истихроҷи нафту газ дар Тоҷикистон, амнияту мудофиа ва илму маориф, таъкид намуданд.
Шоми 10 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми сафари пурмаҳсул аз шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон ба Ватан  омад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 5614
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед