маориф
«БА СИФАТ НИГАРЕМ Ё МИҚДОР?»
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи хабарнигор Ташрифулло Саъдуллоев «Ба сифат нигарем ё миқдор?» - ро, ки 8 январи соли 2016 дар рӯзномаи “Ҷумҳурият”№ 5 (22 827) чоп шудааст, мавриди омӯзиш қарор дод.
Дар асоси «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2015» ва “Барномаи давлатии таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008 – 2015” навсозии низоми миллии таҳсилоти касбии бисёрзинагӣ ва дигар ҷанбаҳои омодасозии мутахассисон ба роҳ монда шуд. Дар натиҷа ҳамаи табақаҳои аҳолӣ ба таҳсилоти босифат дастрасӣ пайдо кардаанд. Таҷдиди низоми таҳсилоти касбӣ ва тайёр намудани кадрҳо мувофиқи меъёрҳои Таснифгари байналмилалии стандарти таҳсилот аз рӯйи низоми кредитии таҳсилот модели сезинагии омодасозии кадрҳо (бакалавриат, магистратура ва докторантура) роҳандозӣ гардид. Модели мазкур хеле самаранок буда, дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ИМА ва аксари мамолики Аврупо васеъ истифода мешавад.
Аз ҷониби муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва кордиҳандагон ҷиҳати ба роҳ мондани таҷрибаомӯзии донишҷӯён шартномаи дутарафа баста шудааст. Аз ҷумла, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар самти таҷрибаомӯзии омӯзгорӣ, таълимӣ ва истеҳсолии донишҷӯён бо зиёда аз 110 корхона ва муассисаҳо шартномаи дуҷониба дорад. Ҷиҳати бо ҷойи кор таъмин намудани хатмкунандагон дар назди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ марказҳои кордиҳӣ ташкил гардидаанд. Барои ба ҷойи кор ҳозир шудани хатмкунандагони ихтисосҳои омӯзгорӣ, ки дар гурӯҳи буҷавӣ таҳсил мекунанд, аз ҷониби раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо назорати доимӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар посух ба эроди муаллифи мақола дар бораи омодасозии кадрҳои сайёҳӣ бояд гуфт, ки Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ дар самти омода намудани кадрҳои соҳа дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии мамлакат чораҳои мушаххас роҳандозӣ намудааст.
Ҳоло дар Литсейи касбии хизмат ва туризми шаҳри Душанбе, Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон, Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиҷорат ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон мувофиқ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ мутахассисони бахши туризми кишвар омода карда мешаванд. Дар шуъбаи саёҳат ва меҳмондории Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон клуби сайёҳии «Эделвейс» амал мекунад, ки донишҷӯён дар машғулиятҳои клуби мазкур ширкат варзида, донишҳои назариявии хешро дар амал тадбиқ мекунанд. Дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат аз соли 2008 кафедраи туризм ташкил ёфта, аз рӯи ихтисосҳои «Саёҳат ва меҳмондорӣ», «Менеҷмент дар соҳаи сайёҳии байналмилалӣ», «Фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ», «Маркетинг дар сайёҳии байналмилалӣ», «Фаъолияти меҳмонхонавӣ» дар зинаҳои бакалавр ва магистр мутахассисон тайёр карда мешаванд.
Самариддин АВҒОНОВ,
сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
АЗ ИДОРА.
Дар матлаби номбурда сухан дар бораи мавҷуд будан ё набудани стандарти таҳсилот, барномаҳои соҳа ва дигар муқаррарот намеравад. Гап сари бенатиҷа ва рӯйи коғаз мондани ҳамон стандарту барномаҳо меравад, ки хатмкунандагони макотиби олии кишвар бо сабаби сатҳи пасти дониш, хусусан надонистани забони хориҷӣ ва технологияи муосир хеле кам ба кор ҷалб карда мешаванд. Агар дар посухи вазорат раванди бо кор таъмин шудани мутахассисони ҷавон тайи як соли охир дар муассисаву корхонаҳо, хусусан бонкҳо ва ширкатҳое, ки фаъолияти байналмилалӣ доранд, бо рақамҳои дақиқ зикр меёфт, беҳтар мебуд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 4.05.2016 №: 85 Мутолиа карданд: 1401