logo

номаҳо

МАКТАБ МУҚАДДАС АСТ, ВАЛЕ...

Мусаллам аст, ки мактаб барои хонандагону толибилмон макони муқаддас маҳсуб меёбад. Дар ин даргоҳи илму маърифат онҳо аз омӯзгорон дарси ҳаёту наҷот меомӯзанд. Ба ин хотир мақоми омӯзгорро бузургони мо дар асрҳои пешин низ бартар аз падар меҳисобиданд. Яъне ҳар шогирд вазифадор аст, ки ба мактабу омӯзгор эҳтироми махсус дошта бошад. Аксар омӯзгорон рисолати инсонӣ ва касбии худро хуб медонанду иҷро мекунанд. Аз ин рӯ, дар миёни шогирдону волидон маҳбубанд. Мутаассифона, на ҳамаи онҳо ин рисолатро хуб дарк намудаанду шинохтаанд. Дар ин сурат аст, ки мо – хонандагон баъзан аз мактабу муаллим дилхаста мегардем. Барои чӣ? Барои он ки онҳо, яъне баъзе омӯзгорон дар ин макони муқаддас ба мо суханҳои қабеҳ мегӯянд. Албатта, сухан на дар бораи ҳамаи онҳост.
Табиист, ки агар фарзандон суханони қабеҳ бигӯянд, яъне дашном бидиҳанд, ҳатман волидайн барои тарбияи дурусти онҳо сарзанишашон мекунанд. Бо таъкид иброз медоранд, ки ин амали баду нангин асту обрӯи одамиро мерезад. Хушбахтона, мо ин масъаларо хуб дарк мекунем ва ҳеҷ гоҳ, ҳатто дар ҳолати ғазаб касеро таҳқир наменамоем, дашном намедиҳем.
Ҷойи тааҷҷубу нороҳатӣ он аст, ки муаллим, омӯзгор, ки бояд барои мо намунаи ибрат бошад, дашном медиҳад. Таҳаммули он, албатта, бисёр душвор аст.
Ба мактаб барои иштирок дар маҷлисҳо падару модарон даъват мешаванд. Ба онҳо омӯзгорон хосса аз қубҳи таҳсил ва ахлоқи бади хонандагон мегӯянд. Мақсад ин таваҷҷуҳи бештар додан ба тарбияи мо аст. Вале муносибати омӯзгоронро нисбат ба мо кӣ мепурсад?
Шумо бо тааҷҷуб фаҳмидан мехоҳед, ки сухан дар бораи кӣ меравад? Мегӯем, вале на ин бор, зеро эътимод дорем, ки баъди нашри матлаб омӯзгорон муносибати худро тағйир хоҳанд дод. Онҳо дигар суханҳои қабеҳеро чун - «Бар падарат…, лаънатӣ, падар…, нинармальный, дафъ шав, шуматон мебинам» ба забон нахоҳанд гирифт. Мегӯянд, ки ояндаи кишвар дар дасти мо - ҷавонон аст. Бо чунин роҳнамоён мо то ба куҷо мерасем ва чӣ тавр?

Ориёна ва Омирона ДОСТИЕВАҲО,
хонандагони  синфи 10 «г»-и
мактаби таҳсилоти миёнаи умумии
№ 72 - и шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 4.05.2016    №: 85    Мутолиа карданд: 11085
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед