туризм
САЙЁҲӢ АКНУН ДАР НОРАК ҲАМ РУШД МЕЁБАД
Айни ҳол дар шаҳри Норак сайёҳии қаиқронӣ, варзишӣ ва кӯҳнавардӣ рушд кардааст. Дар фасли тобистон сайёҳони зиёд на танҳо аз минтақаҳои гуногуни кишвар, балки аз мамолики ИДМ ва дигар давлатҳои хориҷӣ аз мавзеъҳои гуногуни шаҳр дидан менамоянд.
Тибқи маълумоти бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Норак теъдоди туристону меҳмонон ҳамасола зиёд шуда истодаанд. Чунончи агар соли 2014 185 сайёҳи хориҷӣ ба шаҳр ташриф оварда бошад, дар соли 2015 ин нишондод ба 320 нафар расид. Ғайр аз ин, мувофиқи ҳисоботҳои оморӣ, бо мақсади саёҳати коргузорӣ ва гузарондани машқҳои варзишӣ ҳамасола шумораи зиёди сайёҳон вориди шаҳр мешаванд.
Феълан дар шаҳр инфрасохтори аввалиндараҷа, ба монанди меҳмонхонаҳо, осорхонаи шаҳрӣ, комплексҳои варзишӣ, майдонҳои истироҳатӣ ва тарабхонаҳо мавҷуд мебошанд. Ҷойгиршавии ҷуғрофӣ, ёдгориҳои таърихӣ, манзараҳои зебои кӯҳӣ, оромгоҳҳои бузургон метавонанд дар рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳии шаҳр мусоидат намоянд.
Дар доираи «Барномаи рушди туризм дар ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010 - 2014» дар соҳилҳои дарёи Вахш ба анҷом расондани сохтмонҳои хусусӣ дар назар аст. Ҳамчунин, бунёди осоишгоҳи замонавӣ бо маром идома дорад. Яке аз хусусиятҳои хосу фарқкунандаи Норак аз дигар минтақаҳо дар он зоҳир мегардад, ки дар ҳудуди он неругоҳи азими НБО – и Норак ҷойгир аст. Сарбанди он 300 метрро ташкил дода, дар олам яке аз баландтаринҳо ба ҳисоб меравад. Ғунҷоиши обанбори неругоҳ 10,5 миллиард мукаабро ташкил дода, дарозии он 70 км аст. Обанбор мавзеи писандидаи шиноварон ва ҳаводорони обҳои мусаффо буда, барои сайди моҳӣ мавзеи мувофиқ мебошад. Дар ҳудуди баҳри Норак ташкили сайри қаиқронӣ ва дар заминаи он ташкили мусобиқаҳои гуногуни ҷумҳуриявию байналмилалӣ ба мақсад мувофиқ хоҳад буд. Бо мақсади инкишофи сайёҳии варзишӣ – кӯҳнавардӣ низ аз ҷониби масъулони шаҳр як қатор тадбирҳои муассир андешида мешаванд.
Бо назардошти шароити кунунӣ ва талаботи сайёҳон инфрасохтори аввалиндараҷа дар маркази шаҳр ду меҳмонхонаи замонавӣ бо тамоми шароити зарурӣ сохта ба истифода дода шудааст, ки дар як шабонарӯз метавонад то 160 нафар қабул намояд. Барои боз ҳам беҳтар гардондани хизматрасонии соҳа ва қабули бештари меҳмонону сайёҳон то соли 2019 сохтмони меҳмонхонаи нави ҷавобгӯй ба стандартҳои байналмилалӣ ба итмом мерасад.
Рушди сайёҳӣ барои паст кардани сатҳи бекорӣ ва ғанӣ гардондани буҷети шаҳр замина ва имконоти муфидро фароҳам меоварад. Бинобар ин, масъулон бояд ба рушди ҳамаҷиҳатаи туризм ва ҷалби мутахассисони соҳибтахассусу ботаҷриба таваҷҷуҳи хос зоҳир намоянд.
Ш. ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 5.05.2016 №: 86 Мутолиа карданд: 11956