logo

маориф

ДДК. ДОВТАЛАБОНИ МАГИСТРАТУРА БЕШТАР МЕШАВАНД

Тайи чанд сол аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷодаи илму маориф ҳамқадами ҷаҳони муосир гашта, навгониҳою натиҷаҳои зиёде дар ин самт ба даст оварда истодааст. Яке аз ин дастовардҳо роҳандозии муваффақонаи зинаи магистратура дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мебошад. 

Магистр – тахассус, дараҷаи академӣ (дар баъзе кишварҳо – дараҷаи илмӣ буда, мастерат номида мешавад) аст, ки ба донишҷӯ баъди хатми муваффақонаи магистратура дода мешавад. Дараҷаи магистр омӯзиши амиқу жарфтари маводи назариявиро дар асоси тахассуси интихобнамуда пешбинӣ мекунад. Моҳиятан донишҷӯ барои минбаъд пеш бурдани кори мустақилонаи илмию тадқиқотӣ ва ё умури таълимию омӯзгорӣ дар мактаби таҳсилоти олӣ омода карда мешавад.
Дар Аврупои Ғарбӣ дараҷаҳои мухталифи магистрӣ мавҷуданд. Аз ибтидои соли 2011 донишҷӯёни дараҷаи бакалавр ва магистр дар аксари кишварҳои пасошӯравӣ асосӣ гаштанд, чунки ин кишварҳо ширкатдорони комилҳуқуқи раванди Болонӣ шуданд.
Дипломи магистр нисбат ба бакалавр авлавияту афзалият дорад ва имкон фароҳам меоварад, ки аз як мактаби олӣ ба мактаби олии дигар интиқол дода шавад. Ҳамчунин, дипломи магистрӣ тавассути кордеҳони хориҷӣ эътироф карда мешавад. Дар робита ба қоидаҳои ширкат дар раванди Болонӣ дар солҳои наздиктарин фақат дараҷаҳои академӣ боқӣ мемонанд: бакалавр, магистр ва доктори PhD ва доктори ихтисос.
Аксаран таълиму таҳсилро дар магистратура донишҷӯёне идома додан мехоҳанд, ки минбаъд нияти ба корҳои илмию тадқиқотӣ машғул шудан доранд ва ё дар низоми макотиби таҳсилоти олӣ ба кору фаъолият пардохтанианд.
Барои шахсоне, ки ихтисосеро интихоб кардаанд, ки ба дипломашон мувофиқат намекунад, мутобиқи талаботҳои муқаррарнамудаи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ оид ба  таҳсил дар магистратура имтиҳоноти ҳатмӣ пешбинӣ карда мешаванд. Агар қабули дов- талаб ба магистратура бо вақту замони хатми мактаби таҳсилоти олӣ мутобиқат кунад, он гоҳ ба сифати имтиҳон дар магистратура натиҷаҳои имтиҳоноти давлатии хатмӣ ба эътибор гирифта мешавад. Дар мавриди қабулшавӣ ба магистратура, ки баъди як соли хатм сурат мегирад, довталаб новобаста ба мавҷудияти дипломи аъло ҳам бояд имтиҳон супорад.
Магистратура дувумин зинаи низоми дузинагии таҳсилоти олӣ аст, ки дар ҷараёни ислоҳоти низоми таҳсилоти ҷумҳурӣ мутобиқи раванди Болонӣ – раванди қаробату наздикӣ ва мувозинати низоми таҳсилоти кишварҳои Аврупо ба мақсади эҷоди фазои ягонаю воҳиди аврупоии маълумоти олӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар кишвари мо барномаҳои магистрӣ ҳанӯз даҳ сол қабл тарҳрезӣ шуданд. Ин амр  инъикос ва ифодаи тамоюли умумиҷаҳониест, ки ба ягонаю ҳамонандгардонии барномаҳо ва дипломҳои маълумоти олӣ нигаронида шудааст. Соли 1999 дар Болон вазирони маорифи 31 кишвар ҷамъ омада, Эъломия оид ба эътирофи низоми дузинагии маълумоти олиро (бакалавр - магистр) ба тасвиб расониданд. Аз ин ба баъд вобаста ба усулҳои Эъломияи болонӣ, дар радифи дигар кишварҳои аврупоию ҷаҳонӣ ба раванди ислоҳоти низомҳои таҳсилоти олии худ шурӯъ карданд.
Таҳсилу таълим дар магистратура ҳамчунин имкон медиҳад, ки донишҳо дар самту соҳаҳои нав ба даст оварда шаванд, ки метавонад куллан ва ҷиддан аз самту соҳаҳои тайёрию омодагӣ, ки тавассути бакалавриат - мутахассис тафовут дошта бошанд.
Тайи чанд сол аст, ки Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ  низ дар ин самт фаъолияти худро ба роҳ монда, ҳоло дар зинаи магистратура дар доираи тахассус ва илму фанҳои мухталиф ҳудуди бештар аз 150 магистрро (магистрант) фаро гирифтааст.
Дар соли таҳсили 2015 - 2016 дар зинаи магистратураи донишгоҳ беш аз 130 нафар таҳсил доранд. Аз онҳо 36 нафарро духтарон ва 105 нафарро писарон ташкил медиҳанд.
А. ДАМИНОВА,
мудири бахши магистратураи ДДК


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.05.2016    №: 86    Мутолиа карданд: 1589
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед