logo

туризм

БОМИ ҶАҲОН ВА МАВСИМИ ТУРИЗМ

Манзараҳои дилфиребу нотакрори Боми Ҷаҳон диққати сайёҳони хориҷиро беш аз пеш ҷалб месозанд. Ба гуфтаи Умед Носирзода, муовини якуми раиси ноҳияи Дарвоз, дар арафаи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон садҳо нафар ҷаҳонгардон аз Бадахшон дидан мекунанд. Аз ин хотир, дар ноҳияи Дарвоз низ ба мавсими сайёҳӣ омодагии ҷиддӣ дида истодаанд. Дар шафати шоҳроҳи байналмилалии Кӯлоб – Дарвоз  - Хоруғ – Мурғоб – Қулма даҳҳо муассисаи хизматрасонӣ, аз қабили ошхонаю чойхона, бӯстонсарою нуқтаҳои таъмирӣ сохта шудаанд. Аз мавзеи Яхчисор то Зиғару Хостав, Ҷофру Курговад  зиёда аз 25 нуқтаи хизматрасонӣ бунёд ёфтааст.
Соли 2015 дар маркази ноҳия бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмонхонаи шашошёнаи  “Карон” мавриди истифода қарор дода шуд.
Тарабхона ва ошхонаю чойхонаи лаби дарёи Оби Хумбови шаҳраки  Қалъаи Хумб, фароғатгоҳҳои  Паткунобу Сохинг ва Хирсдараву Ҷавзодара беҳтарин маконҳои дамгирӣ ва ғизохӯрии сайёҳон мебошанд.
Имсол ҷашни таърихии Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Хоруғ баргузор мегардад. Дарвоз, ки дар қисмати ғарбии Бадахшон ҷойгир аст, бештари меҳмонони ҷашни фархундаро нахуст истиқбол мегирад. Ба ин муносибат баробари бунёди иншооти ҷашнӣ тамоми биноҳои канори шоҳроҳ хушсифат таъмир карда мешаванд.
Сироншоҳи ДИЛОВАР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.05.2016    №: 86    Мутолиа карданд: 12045
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед