logo

номаҳо

ЧОР СОЛ БОЗ ИНТИЗОРАМ

Панҷ гектар замин доштам. Аз он самаранок истифода мебурдам. Қарори раиси ноҳияро низ аз соли 2003 доштам.  А № 016889 серия ва рақами сертификати ҳуқуқи истифодаи заминам буд. Аз он замон то ин ҷониб барои 5 гектар замин андоз месупорам.
Алҳол ин замин, яъне замини хоҷагии деҳқонии Чойлов 3,6 гектарро ташкил медиҳад. Дар 1,4 гектар замини хоҷагиям чор оила хонаҳои муваққатӣ сохтаанд. Гап дар сари он аст, ки кормандони заминсозии Ҷамоати деҳоти Озодӣ (ҳоло Ҳасан- Ҳусейн), бе огоҳӣ ва ризояти мо барои гирифтани ин замин протокол тартиб дода, барои расмӣ шудан имзоҳои худро гузоштаанд. Чор сол пештар, яъне соли 2012 кормандони кумитаи идораи замини ноҳияи Ёвон омада, ба ман гуфтанд, ки замини шумо чун қитъаҳои наздиҳавлигӣ тақсим шуд. Ҳарчанд хостам, ки оид ба ин амал, агар қонунӣ бошад, ҳуҷҷате ба ман бидиҳанд, надоданд. Ҳатто таъкид доштанд, ки барои шумо ягон ҳуҷҷат намедиҳем.
Ба мақомотҳои дахлдор оид ба ин масъала муроҷиат намудам, аммо он то ба ҳанӯз ҳал нашуда монд. Зарур шумурдам, ки дар ин хусус бо номаи имдод ба гӯшаи «Шаҳрванд»-и рӯзномаи «Ҷумҳурият» муроҷиат бикунам. Охир чор сол боз на ба додам мерасанд, на ҳуҷҷати тасдиқкунандае медиҳанд ва на аз супурдани андоз барои 5 гектар озодам мекунанд.

Мирзоалӣ РАҲМОНОВ,
деҳаи Охҷари ноҳияи Ёвон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 9.05.2016    №: 89    Мутолиа карданд: 10954
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед