logo

илм

АБУАЛӢ СИНО ДАР БОРАИ СИТОРАИ ФАВҚУЛНАВ МАЪЛУМОТ ДОШТ

«Мутахассисони олмонӣ пораеро аз таҳқиқоти илмии олими тоҷик Абуалӣ Сино дарёфтанд, ки дар он роҷеъ ба назорати ситораи фавқулнав (сверхновая – истилоҳи муосири соҳавӣ) маълумот дода мешавад», - иттилоъ додааст  arXiv.org. бо истинод ба таҳқиқоти олимон.
Ҳисоботи кӯтоҳ оид ба назорати таркиши ҷирми осмонӣ дар китоби «Шифо»-и Сино, ки соҳаҳои мантиқ, метафизика (мофавқуттабиат) ва илмҳои табииро дар бар мегирад, оварда шудааст. Ба ақидаи коршиносон матни он маҳз тавсифи барангезиши фавқулнав SN (super nova) 1006 мебошад, ки 1 майи соли 1006 дар бурҷи Гург ба амал омадааст. 

Гулчеҳра Қоҳирова, директори Институти астрофизикаи Академияи илмҳо, дурустии маълумоти мазкурро тасдиқ намуда,  иброз  дошт, ки дар ҳақиқат ҳам дар ҳамин сана, яъне 1010 сол муқаддам  (замоне, ки Абуалӣ Сино ба сар бурдааст) дар бурҷи Гург таркиши ситораи фавқулнав ба вуқӯъ пайваст. Сино, ки ҷараёни таркишро мушоҳида мекард, сабти онро дар навиштаҳои худ ҷой дод. 
Ба гуфтаи Гулчеҳра Қоҳирова, дар бораи ин ҳодиса, ҳамчунин, ситорашиносони арабу чини ҳамон давр ёдрас шудаанд, ки то ин замон маълум буд. Аммо, навиштаи Абуалӣ Сино оид ба ин падида то ин рӯз пайдо набуд. Ин маълумоти нав, ки ба фаъолияти фарогири Сино вобаста аст, дар натиҷаи ҷустуҷӯву омӯзиши асоснок ва ҳамаҷиҳатаи китоби ӯ - «Шифо» аз тарафи олимону мутахассисон дарёфт ва эътироф шуд.
Мақолаи илмӣ дар ин бора дар яке аз маҷаллаҳои шинохтаи олами Ғарб «Astronomical Notes» (Сабтҳои астрономӣ)  моҳи апрели соли 2016 нашр шуд. Муаллифони он олимони олмонӣ Ралф Нуйхаузер, Карл Эрих – Эггерт ва Пол Кунич мебошанд.  Ба ақидаи онҳо, «комилан дуруст аст, ки Сино дар бораи SN 1006 нигошта аст. Тибқи навиштаҳои олими асримиёнагӣ ҷирми осмонӣ дар аввал беҳаракат буда, сипас барангехта, чандин рангҳо ба атроф афкандааст. Мо чунин меҳисобем, ки ин ҳисобот дар бораи ситораи фавқулнав - SN 1006 мебошад».
Алҳол боқимондаҳои ситораи фавқулнав дар шакли радиосарчашмаи PKS 1459-41 маълум аст, ки онро соли 1960 олимони расадхонаи Паркси Австралия кашф намуда буданд. Тибқи арзёбии олимон, қутри абри газиву ғубории дар натиҷаи таркиш ба- вуҷудомада 60 соли равшаниро дар бар гирифта, бо суръати 9000 километр дар як сония васеъ шуда истодааст.
Ин мушоҳидаи олими тоҷик исботи бечунучарои нубуғати ӯ мебошад.
- Илми бунёдие, ки Абуалӣ Сино бо он машғул буд,  якбора ба амалияву истеҳсолот ворид нашуда, балки садсолҳо лозим омад, ки аҳамияти натиҷаҳои он зоҳир шавад, - таъкид медорад Гулчеҳра Қоҳирова. - Гумон дорам, ки ҳамзамононаш ҳатто намефаҳмиданд, ки ӯ чиро назорат мебарад. Зеро, таҳқиқот дар бораи ситораи фавқулнав, ё ин ки барангезиши фавқулнав дар охири нимаи дуюми қарни XX  ба миён омад. Аммо, ин ҳодисаи аҷиби осмониро беш аз ҳазор сол пеш Сино тавассути асбобҳои андозагирии одитарин (угломер, секстант) мушоҳида намуд ва онро чунон дақиқкорона бо санаву давомнокӣ сабт намуд, ки пас аз чанд садсолаҳо олимон фаҳмиданд, ки ӯ дар бораи кадом объект навиштааст.  Ин ихтироот барои муайян намудани нофаҳмиҳои ҷойдошта ба олимони муосир ёрӣ расонд.
Ёдрас месозем, ки Абу Алӣ Ҳусейн ибни Абдуллоҳ ибни Ал - Ҳасан ибни Али ибни Сино соли  980 ба дунё омада, соли 1037 онро тарк намудааст. Дар Ғарб бо номи Авитсена (Авиценна) маълуму машҳур буда, дар инкишофи мусиқӣ, адабиёт, равоншиносӣ, фалсафа, механика, нуҷумшиносӣ, кимиё, тиб ва дигар ҷодаҳо саҳми бориз дорад. Умуман, Сино беш аз 450 асар дар 29 соҳаи илм офарида, ки то замони мо танҳо 274 –тои он омада расидааст. 

Ш. ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.05.2016    №: 90    Мутолиа карданд: 25958
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед