logo

маориф

МАКТАБҲОИ ҒАЙРИДАВЛАТӢ. ГИЛАИ МАРДУМ БЕАСОС НЕСТ

Фаъолияти мактабҳои ғайридавлатӣ тақозои давру замон ва омили хубест ҷиҳати ба миён овардани рақобати солим ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар муассисаҳои таълимии мамлакат. Соли гузашта тибқи маълумоти Маркази миллии тестӣ мактабҳои ғайридавлатиро 33015 нафар хатм намуда, 11592 нафар ба мактабҳои олӣ дохил гардиданд. Аз ин теъдод қариб 1600 нафар дар макотиби олии кишварҳои хориҷӣ  таҳсил доранд.

Дар вилояти Суғд 22 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ғайридавлатӣ фаъолият дорад,    ки аз он 8 - тояш гимназия мебошад. Дастпарварони муассисаҳои таълимии “Сафина” - и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, “Гёте, “Пӯлодов” ва ”Рустамов” - и шаҳри Хуҷанд, “Ҷӯраев”- и шаҳри Конибодом бо  сатҳи баланди дониш дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ пайваста ғолиб меоянд. Ҳамаи ин дастовардҳо хушоянданд, аммо, ҳамзамон бо муваффақиятҳои чашмрас дар муассисаҳои ғайридавлатии вилоят зуҳуроти номатлубе ба мушоҳида мерасад, ки боиси нигаронии волидайн гардидааст. Санҷишҳои аз ҷониби прокуратураи вилояти Суғд анҷомёфта низ аз он бозгӯйӣ доранд, ки нигаронӣ ва гилаи мардум беасос нест.
Боиси таассуф аст, ки мутахассисони мақомоти назоратӣ нисбат ба  иҷрои вазифаи худ саҳлангорӣ намуда, ба масъалаи мувофиқа намудани маблағи хизматрасонии таълими пулакӣ бо мақомоти идоракунии маориф эътибори хоса намедиҳанд. Муассисони мактабҳо  барои ҳар соли хониш музди 10 - моҳаро муайян ва қабул кардаанд. Тибқи қарорҳои муассисон маблағи таҳсил барои синфҳои яку чор  350 - 360 сомонӣ, синфҳои панҷу ҳашт 390 сомонӣ, синфҳои нуҳу ёздаҳ  410 сомонӣ муқаррар ва аз моҳи марти соли ҷорӣ боз 50 сомонӣ илова шудааст. Аҷоибаш он аст, ки дар ҳолати бо сабабҳои беморӣ ба дарс наомадан ва ҳангоми таътил низ толибилм бояд маблағ супорад. Дар ҳолати сари вақт насупоридани маблағ, 36 соат бесабаб ва ё 90 рӯз босабаб ба дарсҳо наомадан, гирифтани баҳои ғайриқаноатбахш, вайрон кардани қоидаҳои дохилимактабӣ, аз муассиса хориҷ кардан пешбинӣ шудаанд. Ҳол он ки муассисаҳои таълимӣ ҳуқуқи хонандаи ба синни 16 нарасидаро хориҷ кардан надоранд.
Оё пешпардохт намудани маблағи таҳсили хонандаи синфи 1 барои 10 моҳ, дар ҳолати ба дарс наомадани ӯ, бо сабабҳои гуногун хориҷ намудану барнагардонидани маблағи супоридашуда дағалона вайрон кардани талаботи қонунгузории ҷорӣ ва ҳуқуқи истеъмолкунанда маҳсуб намеёбад?
Дар мактабҳо аз 1 то 31 январ таътили зимистона муқаррар карда шудааст. Дар ин давра низ мутобиқи талаботи шартнома аз волидон маблағи таҳсил пурра рӯёнида мешавад, ки ин ҳам нодуруст аст. Санаи 10 июн соли таҳсил ба охир расида, хонандагон ба таътили тобистона мераванд, лек мувофиқи шартномаҳо пардохти маблағи таҳсил то охири моҳ дар назар дошта шудааст.
Дар мактабҳои “Дониш”, ”Ганҷ”, “Гулчини маърифат”, “Гёте”, “Ирфон”, “Кавсар”, “Паймони азизон”, “Пӯлодов”, “Файз”, гимназияи забонҳои шаҳри Хуҷанд, “Амид” - и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, № 1 - и шаҳри Истаравшан ғайр аз камбудиҳои дар боло зикршуда боз ҷарима барои пардохт накардани маблағ, хориҷ намудани хонанда, барнагардонидани ҳуҷҷатҳои шахсӣ ҳангоми ба дигар муассиса гузаштан низ мавриди амал қарор доранд.
 Дар шартномаҳои мактабҳои “Ирфон” ва “Гёте” муҳлати таҳсил 10 моҳ нишон дода шудааст, лек моҳи август хонандагон гарчанде дар таътиланд, маблағ гирифта мешавад. Тибқи шартнома дар мактаби “Гулчини маърифат” хонандаи ба синфи 1 дохилшуда ҳуқуқи 4 сол ба дигар мактаб гузаштанро надорад.
Муассисони мактабҳо дар нақша хароҷоти беасос, эҳтиёҷоти тахминии  коммуналиро нишон додаанд, ки албатта, ҳадаф пинҳон намудани ҳисобу пардохт накардани андозҳост.
Қобили зикр аст, ки соли 2014 прокуратураи вилоят ин камбудиҳоро ошкор ва баҳри бартараф намудани онҳо пешниҳод манзур намуда буд. Пешниҳод дар ҷаласаи мушовараи раёсати маорифи вилоят баррасӣ ва ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо қарори дахлдор қабул карда шуд. Тавре аз санҷиши имсола бармеояд, камбудиҳо ҳоло ҳам ислоҳи худро наёфтаанд ва аз ҷониби масъулини мақомоти маориф чораҳои зарурӣ андешида нашудааст.
Ҷорӣ кардани маблағи якхелаи таълим, ихтисори пардохти таътилҳо, рӯзҳои бемории муҳассилин, ҷаримабандиҳо, барнагардонидани парвандаҳои толибилмон барои идомаи таҳсил дар дигар муассисаҳои таълимӣ аз ҷумлаи масъалаҳои аввалинанд, ки ҳалли худро бояд ёбанд.
Меҳринисо НАЗАРОВА,
Ҷовиди АШТӢ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.05.2016    №: 91    Мутолиа карданд: 1890
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед