logo

маориф

ФАРХОР. 80 ДАРСАД ДОВТАЛАБИ МАЪЛУМОТИ ОЛИАНД

Соли сеюм аст, ки дар мактабҳои олӣ ва коллеҷҳои Тоҷикистон низоми нави қабули довталабон тариқи Маркази миллии тестӣ ҷорӣ гардидааст. Ин раванд шаффофияти қабули довталабонро ба донишгоҳу донишкадаҳо таъмин менамояд. Дар ноҳияи Фархор барои ташкил ва гузаронидани имтиҳоноти дохилшавӣ тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Натиҷаи ҳамин кӯшишҳост, ки довталабони ноҳия ба натиҷаҳои хуб ноил мешаванд.

Аз ҷумла, соли 2015 дар маъракаи қабули довталабон аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Фархор тавассути Маркази миллии тестӣ 2518 нафар ба донишгоҳу донишкадаҳои олии касбӣ ҳуҷҷат супориданд, ки 1515 нафар ба муассисаҳо қабул гардиданд. Аз ин шумор 20 нафар тибқи квота ва 74 нафар тавассути Маркази барномаҳои байналмилалӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дигар давлатҳо ба таҳсил ҷалб карда шуданд. Ба ғайр аз ин, 386 нафар ба коллеҷҳо ва 276 нафар ба литсейҳои касбӣ - техникӣ қабул гардиданд.
Шаффофияти раванди дохилшавӣ тавассути маркзи тестӣ ба хонандагон эътимод бахшид. Зеро онҳо боварии амиқ ҳосил намуданд, ки метавонанд бо ин роҳ ба макотиби олӣ бе мамоният дохил шаванд. Аз ин рӯ, соли ҷорӣ аз байни 2611 хатмкунанда 2110 нафар ба Маркази миллии тестӣ ҳуҷҷат супоридаанд, ки 80 дарсади шумораи умумии хатмкунандагонро дар бар мегирад.
Вобаста ба ин масъала Ғазалшо Сафарзода, мудири шуъбаи маорифи ноҳия, зикр намуд, ки хатмкунандагон ҳамасола дар маъракаи ҳуҷҷатсупорӣ фаъоланд, зеро ҳамаи мактабҳои ноҳия бо технологияи муосири иттилоотӣ муҷаҳҳаз гардонда шудаанд. Ин амал сатҳи донишандӯзиро ба таври назаррас баланд бардошт. Аз ҳама муҳимаш он аст, ки хонандагон дар ҳуҷҷатсупорӣ ва аз қайди ин марказ гузаштан ҳеҷ душворӣ намекашанд.
Лола РИЗОЕВА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.05.2016    №: 92    Мутолиа карданд: 1957
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед