logo

энергетика

Нерӯи барқ аз ҷануб ба шимол меояд

Субҳи 24 июни соли 2009  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ғончии вилояти Суғд ташриф оварда, дар мавзеи Сексари Ҷамоати деҳоти Яхтан бо рафти сохтмони зеристгоҳи калони хати 500- киловолтаи интиқоли барқи «Ҷануб-Шимол» аз наздик шинос шуд.
Дар ҳамин ҷо Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба сохтмони 3 хати нави 220- киловолтаи пайвасткунандаи хати 500 киловолтаи «Ҷануб-Шимол» бо шабакаҳои барқии вилоятӣ  оғози расмӣ бахшид.
Ин хат ба масофаи 32 километр  бо харҷи беш аз 270 миллион  сомонӣ то охири соли равон сохта ба истифода дода мешавад. Сохтмони он дар асоси Созишномаи иловагии  миёни Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик»  ва Ширкати “ТВЕА”-и Ҷумҳурии Мардумии Чин сурат мегирад.
Зимни шиносоӣ бо рафти сохтмони хати 500- киловолтаи «Ҷануб-Шимол» зикр гардид, ки он аз ҷониби ширкати чинии ТВЕА дар масофаи 325 километр сохта мешавад. Ин хат системаи энергетикии ҷануби кишварро бо вилояти Суғд ва дар оянда бо минтақаҳои Чимкенти Қазоқистон ва Даткаи Қирғизистон пайваст хоҳад кард. Арзиши лоиҳа 281,3 миллион  доллари ИМА аст.
Ҳамин гуна хати 500- киловолта айни ҳол аз зеристгоҳи барқии «Душанбе-500» то зеристгоҳи амалкунандаи «Регар-500» бунёд меёбад, ки дарозии он  57 км аст.
Иқтидори нерӯгузаронии хати 500 киловолтаи «Ҷануб-Шимол» 27 миллион кВт/соат дар як шабонарӯз аст, ки қариб ду баробари эҳтиёҷоти вилояти Суғд ба нерӯи барқ аст, зеро талаботи имрӯзаи шабонарӯзии вилоят ҳамагӣ 14 миллион  кВт/соат аст. Қобилияти нерӯгузаронии солонаи он ба зиёда аз 8 миллиард  кВт/соат баробар аст.
Аз рӯи созишномаи қаблӣ сохтмони хат дар муддати 45 моҳ бояд то моҳи апрели соли 2010 анҷом меёфт, вале баъдтар тасмим гирифта шуд, ки бунёди он  то охири соли 2009 ба поён расад. Миқдори умумии такясутунҳои ХИБ-500 «Ҷануб-Шимол» ҳамагӣ 581- то буда, аз ин миқдор 348- тоаш то ағбаи Анзоб ва аз зеристгоҳи «Хуҷанд-500» то ағбаи Шаҳристон то ҳол 208  такясутун насб шудааст.
Сохтмончиён Сардори давлатро бовар кунонданд, ки сохтмони ин хати пурманфиат дар мӯҳлати муайяншуда ва бо сифати баланд анҷом меёбад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 4873
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед